ХАБАРИ ДОҒ


Дар вилояти Хатлон якбора нархи сӯзишвории газ то 3.50-3.60 сомонӣ ҷаҳид. Кирокаш (таксист)-ҳои самти Қурғонтеппа-Душанбе бошад нархро то 25 сомонӣ бардоштанд. Ҳамзаи Абдуссалом-кирокаши Қурғонтеппа-Душанбе дар сӯҳбат бо хабарнигори СССР гуфт, ки «баъд аз «депортатсия» шуданам аз Русия маҷбур шудам, ки ба кирокашӣ машғул шаваму зиндагиро пеш бубарам». Ҳамза сабаби қимат кардани роҳкирои Қурғонтеппа-Душанберо дар болоравии нархи сӯзишвории нафтӣ рабт дод. «Мо-кирокашон маҷбур шудем, ки роҳкироро зиёдтар кунему зиндагиамонро пеш барем. Ҳоло барои шумо ҳам аён аст, ки 1 литр газ 3.60 сомонӣ шудааст. Агар бо нархи пешина кирокашӣ кунем, ба ҷуз зарар ягон дирам фоидае ба кисаи мо намедарояд» - мегӯяд ҳамсӯҳбати ман.
Бахтиёр Давлатов-корманди Раёсати зиддимонополӣ дар вил.Хатлон дар сӯҳбат бо СССР гуфт, ки сабаби баланд шудани нархи сӯзишворӣ ин баста шудани роҳи Душанбе-Суғд аст, лек нисбати чанд рӯз пеш ҳоло нархи сӯзишвории газ поён шудааст.
Зимни 1 мушоҳида рӯзи 17 феврал НФС-«Умед 88» умуман сӯзишворӣ надошт. Ясриби Карим-коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, ки «нуқтаҳои сӯзишворӣ захира доранд, вале бо истифода аз ҳолатҳои изтирорӣ қимати онро якбора боло мебаранд. Ин таъсир натанҳо ба ронандагон дорад, балки роҳкиро дар чанд масир тағйир меёбад. Ин ҳамаро бояд Хадамоти зиддимонополӣ назорат кунад ва қимати маводи сӯхт, хоса, газ дар ҳама мавсим бояд контрол шавад. Ман дирӯз аз н.Панҷ дидан кардам. Роҳкироро ба хотири қимати сӯзишвории газ боло бардоштаанд, вале кирокашҳо-таксиҳо асос низ доранд…».
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки агар 1 НФС нархро баланд бардорад, дар 1 лаҳза ҳамаи нуқтаҳои сӯзишворӣ нархҳоро мехезонанд. Ҳини 1 сафар ба н.Хуросон аён шуд, ки нархи сӯзишвории нафтӣ ин ҷо назар ба дигар манотиқ арзон аст. Аз корманди НФС пурсидам, ки чаро нархи сӯзишвории шумо арзон аст? Дар ҷавоб гуфт, ки «сардори мо ҳоҷӣ асту Худотарс ва дар чунин ҳолатҳо ҳич вақт нархро баланд намекунад». Аз дил гузарондам, ки ҳоҷӣ бояд чунин бошад ва ана инро мусалмонӣ мегӯянд. Кош, ҳама туҷҷору соҳибкор Худотарс бошанду ба мардум ҷабр накунанд. Мо Метавонем!

Баҳодур Уроқов,
вилояти Хатлон, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter