ХАБАРИ ДОҒ

Шарифҷон Ҷумазода: Раис ба назди мардум равад, на мардум ба назди раис!

  • Чоршанбе, Май 10 2017

- Бигузор ҳар касе мехоҳад, ба қабули ман биёяд ва арзу додашро бигӯяд. Пешгирӣ ва сохтакорӣ накунед, бигузор мардум худаш ҳарф занад, агар ба ману шумо нагӯяд, пас ба кӣ мегӯяд? Мо бояд ба мушкилоташ бирасем, мову шумо масъулем!- гуфт Шарифҷон Ҷумазода ба кормандони Ҳукумат.

Хонандагони гиромӣ! Лоиҳа-озмуни «Раиси мардумӣ»-и мо, ки ҳафтаи 3-юм идома дорад, аллакай вокуниши хуберо дар байни сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар ба бор овардааст. Дар баробари шунидани арзу дархостҳои хонандагон, мо ҳар ҳафта рӯзи шанбе ба қабули раисони шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо меравем, то бубинем, ки раисон мардумро чӣ гуна қабул мекунанду то кадом андоза ба мушкилоти онҳо расидагӣ мешавад. Мо ин корро аллакай сар кардем ва рӯзи 15.04.2017, яъне шанбеи гузашта ба қабули раиси шаҳри Ҳисор-Шарифҷон Ҷумазода рафтем. Мавсуф имрӯз дар байни раисони шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷавонтарин раис аст: 35 сол дорад, вале новобаста аз ҷавонӣ, аллакай тавонистааст ба дили мардуми Ҳисори зарнисор роҳ ёбад. Соли 2017 дар мамлакат бо ташаббуси президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон шудааст ва меҳмонии мо ба назди раиси ҷавон низ бесабаб нест. Бо мо бош, то бубинӣ, ки мо чӣ дидем, дар Ҳисор. Рафтем...



 Мушкилоти асосии мардум: замин, кор ва кӯмак
15.04.2017. Соат бо вақти Ҳисор 9:00 дақиқа. Дар толори калони бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш.Ҳисор қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳр Ш.Ҷумазода, ки аз соати 8:00 дақиқа шурӯъ шуда буд, идома дошт. Ман худро ҳамчун сокини ҷамоати Мирзо Ризо ба рӯйхати навбат номнавис кардам ва дар интизори қабул шудам. Касе аз ман напурсид чӣ мушкил дорам ва бо кадом проблема назди раис омадаам. Пас аз 10 дақиқа бо 1 мӯсафед ва 2 зани дигар ба толори қабул даромадем. Тамоми муовинон, сардорони раёсату шӯъбаҳои ҳукумати шаҳр низ ҳузур доштанд. Ҷумазода бо ҳар 1 нафар саломуалейк намуда аҳвол мепурсид ва баъдан аз мақсади омаданаш суол мекард. Арзи ҳар 1 танро то охир шунида маълумоти бештарро аз зеркормандонаш мегирифт-вобаста ба мушкили шаҳрванди ба қабули раис омада масъулини вобаста, алалхусус ҳифзи иҷтимоӣ, кумитаи заминсозӣ, шуғли аҳолӣ ва раисони ҷамоатҳо аллакай маълумоти кофӣ доштанд. Ба ғайр аз пурсидани мушкил, раис боз аз нафари муроҷиаткарда мепурсид, ки маҳалла ва ё ҷамоаташон имрӯз чӣ проблема дораду мардум аз чӣ танқисӣ мекашанд? Яъне мехост бештар маълумотро аз худи мардум бигирад...

 2000 сокини фиребхӯрда-мерос аз гузашта
Мардуми Ҳисор имрӯз бештар бо проблемаҳои қитъаи замини наздиҳавлигӣ, нафақаву имтиёз, таъмин бо манзили истиқомативу кор ва кӯмакпулӣ ба назди раис омада буданд. Вобаста ба замин бошад ҳаминро қайд карданиям, ки ин ҳамон сокиноне ҳастанд, ки роҳбарияти қаблии шаҳр фиребашон дода 1 заминро ба 2 нафар сертификат кардааст ва ё замини дар умум набударо ба онҳо тақсим карда додааст: замин дар рӯи коғаз ҳасту дар асл нест! Мутаассифона, наздики 2000 нафар дар бобати замин фиреб хӯрдаанд ва ҳоло мақомотҳои қудратӣ, аз ҷумла, прокуратураи ш.Ҳисор ин қазияро баррасӣ намуда истодааст. Лек мардум дидаву дониста боз бо ҳамин проблема гаштаю баргашта назди раис меоянд. Шарифҷон Ҷумазода мардуми асабишуда ва рӯҳафтодаро бо дилбардорӣ доимо таъкид медорад, ки ҳарчӣ қонунгузорӣ пешбинӣ намуда бошад, ҳамон хоҳад шуд.

Раис ба назди мардум меравад, на баракс...
Ҷумазода пас аз шунидани арзи 1 сокини дигари ноҳия ба масъулинаш таъкид намуд, ки минбаъд қабули шаҳрвандонро дар ҷамоатҳо ба роҳ хоҳад монд.
-Раис бояд назди мардум биравад, на мардум ба назди раис биёянд! – афзуд ӯ ба зертобеонаш ва дарҳол супориш дод, ки ҷадвали қабули шаҳрвандонро дар 1 моҳ 2 маротиба тартиб дода, шанбеи оянда дар яке аз ҷамотаҳои калони шаҳр барпо намоянд. Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки чанд рӯз пеш аз ин масъулин бояд мардумро аз қабули раис огоҳ карда, зинҳор ба пешгирӣ кардани арзу доди сокинон даст назананд.
-Бигзор ҳар касе мехоҳад, ба қабули ман биёяд ва арзу додашро бигӯяд. Пешгирӣ ва сохтакорӣ накунед, бигзор мардум худаш ҳарф занад, агар ба ману шумо нагӯяд, пас ба кӣ мегӯяд!? Мо бояд ба мушкилоташ бирасем, мову шумо масъулем!- гуфт Ш.Ҷумазода ба кормандони Ҳукумат.
Навбати ман ҳам расиду раис пас аз ҳолпурсӣ гуфт: «Шумо чӣ мушкил доред?». Гуфтам, ки мушкиле надорам, сокини ш.Ҳисор нестам, журналистам, аз газетаи мардумии СССР ба қабул омадаам ва имрӯзро дар Ҳисор хоҳам гузаронид. Раис моро ба хушнудӣ қабул кард ва мо сӯҳбатро дар кӯчаҳои сарсабзи ш.Ҳисор идома додем.

 Истеҳсолот 30,7% зиёд шудааст!
Шаҳри Ҳисор бо дастгирию ғамхориҳои пайвастаи президенти ҶТ, Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз обод мегардад. Мардуми шаҳр аз сохтмон ва мавриди истифода қарор гирифтани иншооти муҳим шоду рӯҳбаланд гардида, ба сӯи оянда қадамҳои устувор мегузоранд. Ш.Ҷумазода зимни сӯҳбат қайд намуд, ки соли гузашта дар ҳудуди ш.Ҳисор 1 қатор иншооти истеҳсолию саноатӣ ва иҷтимоӣ, аз қабили корхонаи ҶСК «Комбинати металлургӣ», фермаи чорвопарварии хоҷагии А.Юсупов, бинои 5-ошёна бо маркази хизматрасонии замонавӣ, меҳмонхонаи замонавии «Устонабот», боғчаи кӯдаконаи «Табассум» бунёд ва ба ин восита беш аз 1000 нафар сокинони шаҳр соҳиби ҷои кори доимӣ шуданд. Инчунин дар соли 2016 аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ корхонаҳои истеҳсолии навбунёди ҶДММ «Комфорт-76» ва ҶДММ «Мужда ЛТД-2016» ба фаъолият шурӯъ карданд. Дар соли 2016 лоиҳаи бинои «Амфитеатр» барои 457 ҷои нишаст, боғи истироҳатӣ дар қисми ғарбии осорхона, майдони парчами давлатӣ бо лавҳаи қаҳрамонони Тоҷикистон ва бунёди истгоҳ барои нақлиёти хизматӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Теъдоди умумии корхонаҳои саноатӣ дар ш.Ҳисор дар соли 2016 50 ададро ташкил карда, 28 адади он фаъолияти мавсимӣ доранд. Дар тӯли соли сипаришуда корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 98, 4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард намуданд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,8 млн сомонӣ ё худ 30, 7 % зиёд аст.

 Оғози кишти пахта
Чанд рӯз пеш, аниқтараш 10.04.2017 дар Ҳисор, ки ноҳияи агросаноатӣ ба шумор меравад, кишти пахта ба таври расмӣ оғоз ёфт. Шарифҷон Ҷумазода бо аъзои хоҷагӣ дар хоҷагии деҳқонии «Файзу баракати Ҳисор» мавсими кишти пахтаро бо дуои мӯсафедони маҳал оғоз карданд. Бояд тазаккур дод, ки танҳо дар минтақаи мазкур 80 га замин барои кишти пахта омода буда, пахтакорони шаҳр азм доранд, дар майдони 1200 га кишти пахтаро дар давоми 7 рӯзи оянда ба анҷом расонанд.

 Роҳҳо пайвандгари дилҳо
Таъмиру азнавсозии роҳҳои ҳудуди шаҳр ва ба талаботи замон ҷавобгӯ намудани онҳо дар маҳаки асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Ҳисор ва сохторҳои дахлдори соҳа қарор дошта, танҳо соли гузашта бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр беш аз 12 км роҳ пурра мумфарш шуд ва бо фарорасии ҳавои мусоид иҷрои ин амал оғоз ёфта, давоми чанд рӯз аст, ки мумфаршкунӣ ва таъмири роҳҳо дар ҳудуди шаҳр идома дошта, то ин дам беш аз 4 км роҳ таъмир ва мумфарш шудааст. Раиси ш.Ҳисор-Ш.Ҷумазода дар рӯзҳои истироҳат бо роҳсозон мулоқот баргузор намуда, дар иҷрои корҳои созандагиву роҳсозӣ ширкат менамояд. Феълан низ таъмиру азнавзосии роҳҳои ҳудуди шаҳр идома доранд.

Муҳимтарин омил-тозагӣ ва захираи об
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Ҳисор дар самти назорати давлатии истифода ва захираҳои об низ корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Тибқи талаботи қонунгузории ҳифзи муҳити зист ва Кодекси оби ҶТ ҷиҳати таъмин кардани аҳолӣ бо оби нушокӣ, истифодаи оқилона ва тоза нигоҳдории манбаъҳои обӣ тавассути воситаҳои ахбори умум ва баргузор намудани чорабиниҳои шаҳрӣ корҳои ташвиқотиву тарғиботии судманд сурат гирифтаанд. Ба истиқболи ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо амри раиси ш.Ҳисор дар ҳудуди шаҳр ҳар ҳафта аксияи «Тозагии соҳил» баргузор мегардад. Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо дастгирии аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр ва хоҷагиҳои кишоварзӣ 2 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» барпо шуд, ки дар он беш аз 644 нафар ба ҳашар баромада, партовҳоро аз соҳили дарёҳои Хонақоҳ, Кофарниҳон, Канали калони Ҳисор ва каналу ҷуйборҳои дохили маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тоза намуданд.
-Солҳои охир дар минтақаҳои муҳофизати манбаъҳои обӣ, аз ҷумла, соҳили рӯдҳои Хонақоҳ, Кофарниҳон ва Канали калони Ҳисор, заҳбуру заҳкашҳо ва иншооти обпартои марказии шаҳр бо мувофиқаву тасдиқи мақомотҳои ваколадори махсуси давлатӣ ҷой додани корхонаҳои коркарди қуму шағал, сохтмони биноҳо ва иншоотҳое, ки сифату низоми ҳифзи обро вайрон мекунанд, сохтаву бунёд шудаанд. Бо мақсади таъмини фаврии талабот бо маълумоти зарурӣ дар бораи объектҳои об, низом, сифат ва оқилонаю самаранок истифодабарии об, аз ҷумла, бо истифодабарандагони об, танзими муносибатҳо оид ба об, инчунин пешгирии амали шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки рӯирост ва ё пинҳонӣ ҳуқуқи моликияти давлатиро ба об, хоса, дар қитъаҳои ба фонди давлатӣ тааллуқдоштаи заминҳои ишғолкардаи онҳо, минтақаҳо ва қитъаҳои ҳифзи онро вайрон мекунанд, бо сохторҳои марбутаи ваколатдори шаҳр корҳои тарғиботӣ идома дорад, - иброз намуд Ш.Ҷумазода.

Ҳисори шодмон сарсабз мешавад
Тибқи нақша-чорабиниҳо бахшида ба Соли ҷавонон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр имрӯз пайваста ҳашари шинонидани дарахтони ҳамешасабз дар кӯчаҳои марказӣ барпо шуда истодааст. Дар ҳамроҳӣ бо раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, кормандони соҳаҳои қудратӣ раиси ш.Ҳисор низ дар ин чорабинӣ иштирок дошт. Ҳашарчиён беш аз 70 бех ниҳоли арча шинониданд, ки он ба ҳусни шаҳр ҳусни тоза зам намуда, ҷиҳати таъмини фазои тоза ва ҳамешасабзи шаҳр аҳамияти азим дорад. Чунин корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар дигар манотиқи шаҳр низ бо вусъат идома дошта, сокинон азм доранд, ки дар Соли ҷавонон шаҳри кӯҳантаъриху тозабунёди Ҳисорро бештар ҷавонтару дилрабо гардонанд.

Шоҳи ҳама гуна бозиҳо футбол аст!
4.03.2017 дар варзишгоҳи марказии ш.Ҳисор бозии футбол барои дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Ҳосилот»-и Фархор баргузор шуд. Ҷиҳати ташкили корҳои омодагӣ, ободу зебо кардани муҳити атроф ва ҷалби бештари мухлисону дӯстдорони футбол ба мусобиқаи мазкур саҳми Шарифҷон Ҷумазода беандоза аст. Бояд гуфт, ки варзишгоҳи марказии ш.Ҳисор дорои 20.000 ҷои нишаст буда, барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ҷавобгӯ ба талабот аст. Сокинони ш.Ҳисор барои чунин иқдоми нек ба Раиси федератсияи футболи Тоҷикистон-Рустами Эмомалӣ ва раиси ш.Ҳисор-Ш.Ҷумазода изҳори сипосу эҳтиром намуда, таъкид доштанд, ки омодааанд дар мақоми худ барои рушди футболи тоҷик ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бештару беҳтар саҳм гузоранд. Танҳо дар с.2017 Ҳисор соҳиби дастаи футболи худ шуд, ки чандин сол сокинон орзуяшро доштанд. Инак, пазиро бошед, ФК Барқчӣ. Ҳоло ин дастаи ҷавон аз худ дарак хоҳад дод. Мо Метавонем!

 Ҳисориёни меҳнатдӯсту ободкор
Дар замири сокинони ш.Ҳисор накӯтарин хислат он аст, ки дар арафаи иду айём бештар ба ободии диёр, тозаву озода нигоҳ доштани манзилу муҳити зист ва ташкили ҳашару меҳнати дастҷамъона машғул мешаванд. Ба муносибати иди Наврӯз дар ҳудуди шаҳр бо иштироки беш аз 20.000 шаҳрвандон ҳашари умумишаҳрӣ баргузор шуд, ки сокинон ба корҳои ободонию созандагӣ машғул гардида, ҳудуди шаҳрро бо дастони худ ва ройгон тозаву озода намуданд. Бояд тазаккур дод, ки ҳамроҳ бо сокинони ноҳия, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо роҳбарии Шарифҷон Ҷумазода низ ба ҳашари умумихалқӣ баромада дар ободонии маҳаллаҳо саҳми назаррас гузоштанд.

Раисе, ки ҳамеша дастрас аст!
Чанд соати сӯҳбат ва гаштугузор бо Шарифҷон Ҷумазода дар кӯчаҳои ш.Ҳисор бароям дарак аз он дод, ки раиси ҷавонро дар ин сарзамини зарнисору шодмон дӯст медоранду эҳтиром мекунанд. Зеро ҳар қадам мардум, сокинони одии ин сарзамини кӯҳанбунёд раисро дида, дарҳол омада, саломуалейк мекарданд. Аён буд, аз ин додугирифт, ки раис ҳамарӯза пои пиёда шаҳрро чарх мезанад. Зеро роҳпаймоияш барои бисёриҳо чун амали маъмулӣ қабул мешуд. Раиси ҷавон низ, ки ҳамагӣ 1,5 сол пеш ба ин шаҳр ба ҳайси роҳбар омада буд, аллакай аксарияти мардумро мешинохт. Ӯ аз яке аҳволи модарашро мепурсиду аз дигаре ҳолати замини киштукор кардаашро, сеюмӣ ба раис аз беҳтар шудани вазъи молиявияш хабар дода, чорумӣ ӯро дуои нек мекард.
-Ман ҳар рӯз мардуми эҳтиёҷ доштаро қабул мекунам, намегӯям рӯзи шанберо интизор шавед, шояд ҳамин аст, ки назар ба моҳҳои аввали кориям дар ш.Ҳисор ҳоло теъдоди муроҷиаткунандагон кам шудааст. Намегузорам, ки мардум пушти дари ҳукумат интизорӣ бикашанд, зеро аз роҳи дур меоянд, бо умед меоянд, набояд онҳоро ноумед сохт, - зикр менамояд Ш.Ҷумазода.
Барои боз ҳам наздиктар шудан ба мардум чанде пеш сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Ҳисор бо суроғаи www.hisor.tj фаъол гашт. Сомонае, ки то ин дам вуҷуд надошт! Дар ин сомона телефонҳои боварии раиси шаҳр +992-3139-2-53-02 робита бо раиси шаҳр, шӯъбаи муроҷиати шаҳрвандон ва ҷадвали қабул зикр шудааст. Ҳар шаҳрванде, ки дастрасӣ ба Интернету почтаи электронӣ дорад, метавонад бевосита ба раиси шаҳр муроҷиат намуда, аз проблемаҳояш бигӯяд ва пешниҳодҳои хешро барои ободии маҳаллу шаҳр ирсол кунад. Ҷумазода ҳар рӯз 2 маротиба ба почтаи электронӣ назар карда, шахсан паёмҳоро мехонад ва дар пайи онҳо дастурҳои мушаххас медиҳад. Ман аз ин бештар натавонистам вақти раисро бигирам. Ба раис барои ҷудо кардани фурсати муносиб барои мулоқот арзи сипос намуда хайрухуш кардам. Шарифҷон Ҷумазодаро новобаста ба ҷавонӣ оқилу доно, дурандеш, бо ҷаҳонбинии васеъ ва лаёқат дарёфтам. Воқеан раиси заминӣ ва мардумӣ, ки ояндаи нек дорад.
Мо Метавонем! Ӯ низ!!!


Ҷамила Ҳусейнова,
15.04.2017, аз ш. Ҳисор

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter