ХАБАРИ ДОҒ

Аз 1.10.2017 нархи қувваи барқ дар Тоҷикистон боз боло хоҳад рафт. Пеш ин гурӯҳи истифодабарандагон барои ҳар кВт/соат 14,65 дирам маблағ пардохт менамуданд, акнун нархи ҳар киловатт/соат 16,85 дирамро ташкил медиҳад. Яъне, нархи ҳар киловатт/соат барои аҳолӣ ҳамагӣ 2,2 дирам боло бардошта шудааст.
Чуноне ки ба мухбири мо дар маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» хабар доданд, ин амал дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармӣ» аз 29 августи соли ҷорӣ дар тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ тағйирот ворид карда шуд, пеш гирифта шудааст. Шурӯъ аз рӯзи 1 октябри соли равон дар қаламрави кишвар нархи ҳар киловатт/соат неруи барқ барои тамоми категорияҳои истифодабарандагон ба ҳисоби миёна 15 фоиз зиёд гардид.
Ба иттилои манбаъ, тағйироти нарх ба гурӯҳи камбизоати ҷомеа таъсир намерасонад, чунки маблағи онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн мегардад.

СССР

1 Паём

  • Шарҳр додан Неъмон Ҷумъа, 22 Сентябр 2017 16:55 Паём аз Неъмон

    Кандро занад барки точик ки Сол ба Сол нархи баркро кимат мекунад. Ягон мардуми намедонад ва намепурсад ки барои чи нархи барк Сол ба Сол кимат мешавад бигзор нархи баркро як маротиба кимат кунаду мардумрро гўяд ки зиндаги кунед наґз ва ором бошед дигар нархи барк кимат намешавад мо худ фахмида будем ки то хастем нархи барк кимат мешавад соли 2020 нархи барк ба 21 дирам мерасал оянда аз ин хам кимат мешавад. Барои мо худ барки точик дорему аз бебарки ва киматиаш азоб мекашем

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter