ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Мастчоҳ рав!

  • Душанбе, Окт 09 2017


Субҳи 30.09.2017 дар нахустин рӯзи сарди тирамоҳи ҳамин сол, аз Душанбе ба роҳ баромада, новобаста аз ҳавои сарду боронӣ ва тумани ғафс дар роҳи Шаҳристон, шоми ҳамон рӯз, соати 18:00 ба маркази шаҳраки Бӯстон расидам. Мо Метавонем!

Шабе дар Маркази солимгардонии «Сино»
30.09.2017. Соат бо вақти Мастчоҳ 18:00 дақиқа. Бо тавсияи ҳамсафарам ба таксие нишаста, сӯи Маркази солимгардонии «Сино», ки 30 км аз Бӯстон дур будааст, роҳсипор мешавам ва пас аз 40 дақиқа мерасам. Маркази солимгардонии «Сино», ки чанд сол пеш бунёд ёфтааст, имрӯз барои сокинон ва меҳмонони Мастчоҳ макони истироҳату осоиш буда, ғайр аз он ки мардуми мастчоҳӣ ин ҷо барои барқарорсозии саломатӣ меоянд, боз он чанд утоқи хешро барои меҳмонон ва сайёҳон ҳамчун меҳмонсаро пешниҳод менамояд. Ман яке аз чунин утоқҳоро дар ошёнаи 2 интихоб кардам. Утоқ, тамоми лавозимоти дохили он ва ҳаммому ҷои дастшӯияш тозаву озода буд. Барои шахсе, ки дар чунин рӯзи сарду боронӣ бидуни либоси гарм ба сафар баромада, билохира ба 1 пиёла чойи гарму кӯрпаи нарм мерасад, ҳамин кофист...



 Дар сӯҳбати Азиззода
1.10.2017. Соат бо вақти Мастчоҳ 8:00 дақиқа. Субҳ барвақт бедор шуда, пас аз нӯшидани 1 пиёла чой мошини сабукраверо киро карда, то бинои ҳукумати н.Мастчоҳ меравам, то ба қабули шаҳрвандон аз ҷониби Азиззода дер накунам. Дар назди даромадгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Мастчоҳ маро хуб пешвоз мегиранд ва ба қабулгоҳи раис роҳнамоӣ мекунанд. Ғайрат Азиззода, ки аллакай ба қабули мардум дар утоқи корияш сар карда буд-ин аз анбӯҳи одамон дар қабулгоҳ ва долони ошёнаи 2 аён аст, омадани маро фаҳмида, дарҳол иҷозати вуруд медиҳад. «Офарин, қавл додед, гуфтед, омадед!»-гуфт раис ба ман саломуалейккунон. «Мо Метавонем!» дарҳол ҷавоб додам ман. Сӯҳбати мо бо раис хеле самимӣ оғоз шуд, дар тӯли 30 дақиқа мо дар бораи гузаштаи Мастчоҳ, имрӯзи он, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва кишоварзиву фарҳанги ноҳия ва шуғли мардумонаш ҳарф задем. Азиззода, ки худ зодаи ин ноҳия аст, ба қавле ҳар 1 см-и Мастчоҳ ва ҳар 1 сокини онро хуб мешиносад, ки дар кадом ҷамоат чӣ мушкил асту дар кадом маҳал чӣ пешравӣ. Инро аз сӯҳбатҳои телефонияш бо сардори шабакаҳои барқи ноҳия фаҳмидам, ки тез-тез занг зада аз бартараф шудани садама дар хати барқ, ки бо сабаби шамоли сахти дишаба пеш омада буд, хабар медод. Маро аз он хуш омад, ки раис зиёд мутолиа мекунад, аз тамоми мақолаҳои рӯзномаҳо хабар дорад ва метавонад соатҳои тӯлонӣ дар бораи ин ё он маводи проблемавӣ баҳс намояд. Вақте фаҳмидам, ки раис филолог аст, шод шудам, ӯ ҳам мисли мо-журналистон забоншинос будааст, яъне коллега!

Мастчоҳиён шабгард шуданд
Соат бо вақти Мастчоҳ 9:00 дақиқа. Ҳар субҳи рӯзи шанбе, соати 9:00 қабули сокинони ноҳия аз тарафи Азиззода сурат мегирад. Ин ҳафта ба қабули раис аз 10 нафар бештар омада буд. Дар ин ноҳия низ проблемаи замин ва ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ проблемаи №1 будааст. Амсоли шаҳракҳои Сайҳуну Баҳористон дар Хуҷанду Истаравшан, дар Мастчоҳ низ бо ибтикори ҳукумати ҷумҳурӣ шаҳраки Меҳробод бунёд шуда истодааст ва ҳоло ба мардуми ноҳия тавсия мешавад, ки барои сохтмони манзил ва зиндагии оянда ин маҳалро интихоб кунанд. Ҳастанд касоне, ки ин пешниҳодро қабул карда, ба Меҳробод мераванд, вале боз ҳам ҳастанд онҳое, ки мехоҳанд аз маркази Бӯстон, аз заминҳое, ки корам буда, он ҷо сохтмон манъ аст, барояшон замин ҷудо шавад, ки ин ғайриимкон ва ғайриқонунист. Чунин ашхос мӯҳтавои дархости худро хуб дарк накарда, ба ҷавоби арзи хеш, ки дар чаҳорчӯбаи қонун сурат мегирад, норозигӣ баён намуда, қалам гирифта ба аризабозиву дасиса сар мекунанд. Ба хотири манфиатҳои шахсиву ғаразноки худ бо ном, обрӯ ва эътибори дигарон бозӣ карда ба он латма мезананд. Боиси таассуф аст, дар Мастчоҳ ин тоифа сокинон низ ҳастанд. Боз ҳам ҳастанд онҳое, ки ба қабули раис танҳо барои арзи сипос кардан меоянд. Шахсоне, ки назди раис барои кӯмак ё роҳкиро то Душанбе барои табобат меояд, ҳеҷ гоҳ ноумед намераванд. Бароям аҷиб он буд, ки сокинон ба Азиззода барои шабнишин кардани мардум ташаккур мегуфтанд. Баъдан фаҳмидам, ки ӯ пас аз ба раисии ин ноҳия омаданаш дар кӯчаи марказии ш.Бӯстон гулгашт ва муҷассамаи Исмоили Сомониро бунёд кард. Аз ин баъд, сокинони шаҳрак ҳар шом  оилавӣ ба гулгашти чароғон омада, рӯи сандалиҳо истироҳат мекунанд.

Раис назди мардум меравад!
Соат бо вақти Мастчоҳ 10:30 дақиқа. Пас аз охир расидани қабули мардум, раис дар якҷоягӣ бо сардори ШВКД, ёрдамчии прокурори ноҳия ва дигар шахсони масъул барои мулоқот ва қабули мардум сӯи ҷамоати Навбаҳор, ки аз маркази ноҳия 30 км дур аст, роҳ пеш мегирад. Ман низ дарҳол худро ба ин гурӯҳ ҳамроҳ кардам. Навбаҳор дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон қарор дорад ва мардуми он асосан ӯзбекзабонанд.
Расо соати 11:00 мулоқоти Азиззода бо сокинони ҷамоат дар саҳни мактаб оғоз шуд. Раис дар суханронии хеш аз мардум, хоса, падару модарон даъват ба амал овард, ки дар тарбияи фарзандони хеш бодиққат бошанду аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун пешгирӣ кунанд. Ин аст маҳаки асосии мулоқотҳои раис бо мардуми Мастчоҳ. Ӯ ҳар ҳафта бо навбат ба ин ё он деҳаву ҷамоат сафар ва бо мардум сӯҳбати ошкоро баргузор карда, онҳоро мешунавад ва агар касе хост раисро дар танҳоӣ дида мушкилашро бигӯяд, чунин имконро ҳам барояш фароҳам меорад. Пас аз ба охир расидани мулоқот, раис ба утоқи директори мактаб даромада, таклиф кард, ки хоҳишмандони гуфтугӯи алоҳида бо раис метавонанд бо навбат наздаш дароянд…

 Мастчоҳ пеш меравад!
Соат бо вақти Мастчоҳ 14:00 дақиқа. Раис бо чанде аз роҳбарони дигар боздиди худро аз иншоотҳои дигари дар ҳудуди ноҳия фаъол идома медиҳад. Ман бошам ба тамошои Бӯстон меравам. Мастчоҳ ва ш.Бӯстон дар тайи 3-4 соли охир хеле тағйир карда, биноҳои нави маишиву маъмурӣ қомат афрохта, роҳҳо мумфаршу ба низом оварда шудаанд. Ҳар сол бо навбат роҳҳои байни деҳаву ҷамоатҳо таҷдиду тармим гашта, равуои мардум ба марказ осонтар мешавад. Маҳз бо ташаббуси Азиззода айни замон дар ҷамоатҳои гуногуни ноҳия, ки пештар ҳеҷ гоҳ на Кохи фарҳанг буду на боғчаи кӯдакон, 2 Қасри фарҳанг ва 2 боғчаи нав бунёд шуда истодааст. Дар ҳудуди ноҳия 12 корхонаи пахтатозакунӣ, корхонаи муштараки «Зарнисор», ки ба истихроҷи тилло машғул аст, калонтарин фабрикаи ресандагии вилоят «Олим Текстайлз», «Нури Мастчоҳ», «Хуаксин Ғаюр Семент», кони «Апрелевка» фаъоланду коргарони асосиашон сокинони Мастчоҳ. Шумораи корхонаҳо саноатӣ ба 29 адад расида, аз он 18 ададаш корхонаҳои калон мебошанд. Тоҷирону соҳибкорон низ саҳми хешро дар ободонии диёр пайваста мегузоранд. Дар Қасри фарҳанги ноҳия ҳар ҳафта барои болидарӯҳии мардум барномаҳои гуногуни фарҳангӣ ва театрӣ ба намоиш гузошта мешавад. Яъне, мардум машғул ба коранду зиндагии хешро пеш мебаранд. Ин аст сиёсати дуруст!

 11.000 тонна пахтаи Мастчоҳ тайёр аст!
Дар рӯзи омаданам ба Мастчоҳ дар даромадгоҳи маркази ноҳия навиштаҷоти «10 ҳазор тонна пахтаи Мастчоҳ тайёр!» насб карда шуда буд, дар рӯзи рафтанам аз ноҳия, он аллакай ба 11.000 тонна расид. Мастчоҳ ноҳияи кишоварзӣ буда, шуғли асосии деҳқонон пахтакорист. Дар баробари пахта боз чормағзи заминӣ-арахис низ парвариш мекунанд. Шӯҳрати ин намуди чормағзи мастчоҳӣ на танҳо ба бозорҳои кишвар, балки шаҳрҳои гуногуни Русия низ рафта расидааст. Тибқи нақша н.Мастчоҳ бояд имсол ба давлат 23.000 тонна тиллои сафед диҳад ва кишоварзони ноҳия азм доранд, бо истифода аз ҳавои офтобӣ нақшаро иҷро кунанд.

Дар Мастчоҳ ягон ифротӣ нест!
Соат бо вақти Мастчоҳ 18:00 дақиқа. Меҳмонии ман дар Мастчоҳ ба поён мерасид ва ҳини бозгашт хостам бо Ғайрат Азиззода хайрухуш намоям. Вале гуфтанд, ки раис то ҳол аз ҷамоати Навбаҳор барнагаштааст. Раис куҷое наравад, дар баробари масъалаи асосӣ боз чанд мушкилоти дигарро санҷидаву ҳал карда меояд-одаташ ҳамин будааст. Ман ба азму иродаи қавии РАИС ғоибона офарин гуфтам, зеро маҳз муомилаву муошират ва ҳамкории дурусташ буд, ки имрӯз дар Мастчоҳ дигар на ягон ифротӣ ҳасту на ягон узви ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, ки тавонад мафкураи мардумро вайрон кунад. Сокинони Мастчоҳ мегӯянд, Азиззода ҷавонмарди бо нангу номус аст ва ҳеҷ гоҳ намегузорад, мардуми Мастчоҳ хор гардад. Бигзор, ҳамин тавр бошад!
Ин буд он чизе, ки ман дар сафари 1-рӯзаи хеш ба Мастчоҳ дидаву бо дастовези мастчоҳӣ-нону қурути равғанину бомазза ба Душанбе баргаштам. Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР
Душанбе-Мастчоҳ-Душанбе, 30.09-1.10.2017

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter