ХАБАРИ ДОҒ

Вақте рисолат бо масъулият тавъам аст…

  • Чоршанбе, Нояб 14 2018


Замоне ки филиали Ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» (IRS) дар Тоҷикистон дар асоси шартномаи консесионӣ бо Ҳукумати ҶТ нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанокро ба уҳда гирифт, буданд нафароне, ки изҳори норозигӣ мекарданд. Зеро барои гузариши автомобилҳо вобаста ба категорияашон маблағ ситонида мешуд ва мардум гумон мекарданд, ки он ба болоравии роҳкиро сабаб мегардад. Албатта, ин як раванди табиӣ буд, зеро он вақт ҳанӯз моҳияти пулакӣ шудани роҳро мардум хуб дарк накарда буданд. Хушбахтона, бо гузашти вақт сафи норозиён на танҳо коста гардид, балки қариб аз байн рафту ҳоло мардум аз фаъолияти филиали ин Ширкат изҳори қаноатмандӣ менамоянд.
Роҳи мавриди назар, ки аз минтақаҳои кӯҳӣ мегузарад, қаблан дар фасли зимистон барфи зиёд боридаву тармаҳои азим фаромада онро банд мекард. Борҳо шоҳид будем, ки дар чунин ҳолатҳо «IRS» дар муддати кӯтоҳтарин ҳаракатро дар роҳ таъмин кардааст. Муҳимтар аз ҳама, пулакӣ шудани роҳ нархи роҳкироро на афзоиш, балки коҳиш дод. Бо роҳкирое, ки имрӯз ба шаҳру ноҳияҳои  вилояти Суғд сафар мекунед, пеш аз «пулакӣ» шудани роҳ сафар кардан ғайриимкон буд. Дар баробари нигаҳдории роҳ Ширкат, ҳамчунин корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонии худро дорад. Корхонаҳои қуму сангреза ва истеҳсоли асфалт бо сармоягузории Ширкат таъсис ёфтаву алъон фаъолияти пурмаҳсул доранд. Дар ин матлаб тасмим гирифтем, ки фаъолияти Намояндагии «IRS» дар минтақаи Зарафшонро ба риштаи таҳлил кашем. Намояндагии фавқ аз 1.08.2011 фаъолият дошта, нигоҳдории 86,966 км роҳ, аз ҷумла, 5,253 км нақби Шаҳристонро амалӣ мекунад. Соле пеш дар н.Айнӣ филиали Ширкат заводи асфалт мавриди истифода қарор гирифт, ки дар баробари қонеъ сохтани эҳтиёҷоти ширкат, ҳамчунин минтақаро бо асфалт, қуму сангреза таъмин мекунад. Иқтидори корхона дар 1 соат мутаносибан 70 тонна асфалт ва 38 тонна қуму сангреза аст. Соли 2017 завод 27164 тонна асфалт истеҳсол кардааст, ки 26935 тоннааш барои таъмири роҳи зери Душанбе-Чанок истифода шуд. Дар ин баробар ба фаъолият шурӯъ кардани заводи мазкур аз лиҳози ҳифзи муҳити зист низ манфиатовар аст. Зеро то ба фаъолият оғоз кардани он мардуми деҳаҳои атроф қуму сангрезаро аз ҳар ҷой мегирифтанд, ки дар натиҷа таъсири манфӣ ба табиат мерасид. Пас аз он ки заводи асфалти «IRS» ба фаъолият шурӯъ кард, мушкилот то андозае аз байн рафт.
Техникаву механизмҳои филиали Ширкат, ки теъдодашон 181 ададро ташкил медиҳад, роҳсозии замонавии Ширкат имкон фароҳам оварданд, ки мушкилоти дар роҳ бавуҷудомада дар муддати кӯтоҳ бартараф карда шавад. Ба ибораи дигар, филиали Ширкат дар давоми фаъолият аз имтиҳонҳои ҷиддӣ гузаштааст. Зеро дар муқоиса ба дигар роҳҳои ҷумҳурӣ, ки нигаҳдориашон ба зиммаи муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо гузошта шудааст, роҳи Душанбе-Чанок аз офатҳои табиӣ зиёд осебпазир аст. Дар давоми чанд соли охир бо вуҷуди лағжиши кӯҳпора ва фаромадани тармаҳои бузург баста нашудани роҳ дар муқоиса ба солҳои пеш қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аст. Худ қазоват кунед, ки барои нигаҳдории 86,996 км роҳ (манзур намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон) 41 техникаву механизми роҳсозӣ сафарбар шудааст. Аммо дар мувозинаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои н.Айнӣ ҳамагӣ чанд техника мавҷуд аст, ки дар давоми сол шояд ҳамагӣ 3-4 маротиба истифода мешаванду халос ва боқимондаи рӯзҳо, бинобар набуди сӯзишворӣ, дар канори роҳ «хоб» мекунанд. Аз ин ҷост, ки роҳҳои дар тавозуни муассисаи мазкур хароб буда, умуман ба талабот ҷавобгӯ нест. Чунин тарзи корро дида, мардум аз фаъолияти филиали Ширкати «IRS» изҳори қаноатмандӣ мекунанд, зеро бо чунин фаъолияти Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои н.Айнӣ шояд шоҳроҳи байналмилалии зикршуда кайҳо хароб мегардид…
Дар баробари тоза нигоҳ доштани роҳ Ширкат, ҳамчунин нисбат ба автомобилҳои дар роҳ дармонда ва ба садама дучоршуда низ бетаваҷҷуҳ нест. Хусусан, ҳангоми ба садама дучор шудан бо истифода аз техникаҳои махсус ҳатман онро ба макони лозимӣ мерасонанд. Нависандаи ин сатрҳо ба чунин ҳолат мувоҷеҳ шуда будам. Соле пеш, дар километри 69 ба садама дучор шуда, бидуни техникаи махсус интиқоли автомобил ғайриимкон буд. Ҳангоме ки бо ин мушкилот ба намояндагони филиали Ширкати «IRS» Тоҷикистон муроҷиат намудам, кормандони он бо дарки масъулият ва муносибати самимона автомобили маро то ш.Душанбе оварданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки чунин корро ҳар сол кормандони Ширкат даҳҳо маротиба иҷро мекунанд. Фаъолияти филиали Ширкати «IRS» дар Тоҷикистон нишон дод, ки дер ё зуд бояд чунин таҷриба дар роҳҳои дигари ҷумҳурӣ низ амалӣ карда шавад. Ба касе пӯшида нест, ки барои таъмири куллӣ ва ё сохтмони роҳ садҳо миллион доллари ИМА маблағ лозим аст ва Ҳукумати Тоҷикистон, новобаста аз имкониятҳои маҳдуди молиявӣ, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ роҳҳои тамоми минтақаҳои кишварро азнавсозӣ ва ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ намуд. Бо фаъолияти ғайриқаноатбахши муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо наметавон роҳҳоро дар сатҳу сифати хуб нигоҳ дошт. Аз ин рӯ, вобаста кардани роҳҳо ба ширкатҳое, мисли «IRS», талаби замон аст.

Шариф Атобуллоев,
журналист

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter