ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: «Корвон» рав!

  • Панҷшанбе, Дек 20 2018

Дар баробари чунин куртаҳо фурӯши сатру рӯймолу шарфу рӯсарӣ низ дубора афзуда, занҳои мо, ки соле қабл аз харидану ба сар кардани шарфу рӯймолҳои сиёҳ худдорӣ мекарданд, имрӯз боз ба сар сатру ҳиҷоби сиёҳ кардаанд!

Ҳар маротиба ба бозори калонтарини кишвар «Корвон», ки аз рӯзи оғози фаъолияташ ҳамчун муаррифгари ғайрирасмии фарҳанги тиҷорати кишвар аст, омада, пеши худ ваъда медиҳам, ки дигар поямро ба ин бозори бетартиб нахоҳам гузошт, лек «шояд вазъ хуб шуда бошад?»-гӯён боз ба самти ин бозор роҳ мегирам. Рӯзи якшанбеи гузашта низ барои хариди пойафзоли зимистона, аниқтараш мӯза, барои писарам, ба бозори «Корвон» рафтам. То ин дам шояд 3-4 моҳ пеш рафта будам, вале ҳар дафъа бо ворид шудану дидани ин бозори бенӯгу сар ҳуш аз сарам мепараду дар байни растаҳои бетартиби он ҳатман гум мешудам. Шояд мардуме, ки ҳар ҳафта ба ин бозор меравад чӣ гуна иваз шудани онро нафаҳмад, вале ман, ки танҳо дар 3-4 моҳ 1 маротиба вориди он мешавам, дарҳол эҳсос мекунам, ки «Корвон» то чӣ ҳад дигар шудааст…

«Тиллохарон»-и Корвон…
9.12.2018. Соат бо вақти Душанбе 10:00 дақиқа. Бо сахтӣ аз байни издиҳоми роҳгузарон ва телаву тамбаи онҳо гузашта, бо писарам Ромин сӯи мавзеъи кафшфурӯшӣ-ангар рафтем. Садҳо ҷавон аз субҳ то шом дар роҳи асосии пиёдагарди ҳамшафати он истода, «Тилло мехарем! Тилло доред?» мепурсанд ва ҳамин тавр то дарвозаи 6-уми бозор рӯи асабҳои мо бозӣ мекунанд. Ҷавонони тиллохару тиллофурӯш кистанд? Паси ин тиҷорати гаронарзиш ва ғайриқонунии «Корвон» кӣ меистад? Чаро касе аз мақомоти қудратӣ дунболи ин афроди тиллохар нест? Ин тиллохарон ба кӣ ва куҷо андоз месупоранду аз кӣ иҷозати хариду фурӯш мегиранд? Кӣ ҷавоби ин суолҳои на танҳо ман, балки садҳо харидорони бозорро медиҳад: маъмурияти бозор, масъулони Кумитаи андоз ё мақомоти қудратӣ!?

Қуръон дар байни кафшҳо?
Соат бо вақти Душанбе 10:30 дақиқа. Бо Ромин ба растаи кафшфурӯшӣ медароем. Дар байн, хосса растаҳое, ки барои кӯдакону наврасон кафш мефурӯхтанд, хеле гаштем, аммо чизе мавриди таваҷҷӯҳ наёфтем. Ҳангоми гаштугузор дар ин ангар ногоҳ чашмам ба навиштае аз китоби Қуръони карим афтод, ки рӯи табақчаи махсус навишта шуда буд. Табақчаро, ки мисли сувенир сохтаанд, соҳиб дар байни кафшҳо гузошта буд. Ман намедонам, ки ин кор дуруст аст ё не, лек фикр мекунам, гузоштани навиштаи муқаддас дар ҷое, ки воқеан аз чангу хок ифлос аст, ҷоиз нест. Дигар ин, ки нафаҳмидам, фурӯшанда бо гузоштани ҳамчунин навишта, шояд куфу суф бошад (!) боз ҳам дар бозори шаҳрӣ ба худ ва дӯконаш харидор ҷамъ менамуд ё на? Дар «Корвон» барои чунин корҳо иҷозат будааст!

«Корвон»-бозори исломист?
Соат бо вақти Душанбе 11:00 дақиқа. «Корвон» ҳар сол дар оғози фаслҳои баҳору зимистон мӯди мавсими ояндаро муайян мекунад, яъне ҳар чизе, ки тоҷирон ба таври яклухт ба бозор ворид менамуданд, он ҳатман мӯди мавсим ба ҳисоб меравад. Айни замон бошад тамоми раставу дӯкону мағозаҳояш пур аз куртаҳои домандарозу остиндарози занона шудаанд, ки матои аксарияти онҳо барқут аст. Куртаҳое, ки занҳо дар кишварҳои исломӣ ба тан мекунанд ва сипас рӯи онҳо сатру ҳиҷоб мебанданд. Ба кадом мағозаи ин бозор надароӣ куртаҳои барқутиро мебинӣ! Нархашон низ бад нест, арзонтаринаш 550 ва гаронтаринаш 800 сомонист! Аҷиб ин, ки занҳои мо чунин куртаҳоро мехаранду мепӯшанд, куртаҳои исломӣ мӯди мавсими нав! Дар баробари чунин куртаҳо фурӯши сатру рӯймолу шарфу рӯсарӣ низ дубора афзуда, занҳои мо, ки соле қабл аз харидану ба сар кардани шарфу рӯймолҳои сиёҳ худдорӣ мекарданд, имрӯз боз ба сар сатру ҳиҷоби сиёҳ кардаанд! Яъне «Корвон» рӯирост алорағми талошҳои ҳукумат барои даст кашидан аз бегонапарастӣ, баръакс мардумро исломӣ карда истодааст!

«Корвон» либоси ягона дорад?
Соат бо вақти Душанбе 12:00 дақиқа. Ҳини гаштугузор дар бозор боз ба 1 масъалаи дигар аҳамият додам-аксарияти фурӯшандаҳои бозор сарулибоси хос надоранд ё доранду намепӯшанд. Бархе аз фурӯшандаҳо ба миён пешдомани рангаш кабудро бастаанд, баъзе пешдомани дарозтарро, ки то гардан омада мерасад. Зери киссаи ин пешдоман бо ранги ҷигарӣ «Бозори Корвон» навишта шудааст, лек тавре дар боло зикр кардам на ҳама формаи ягонаро, ки барои соҳаи хизматрасонии мамлакат бо дастури Президенти ҶТ тавсия шудааст, ме-пӯ-шандддд! Чаро? Шояд маъмурияти «Корвон» донад? Магар бозори «Корвон» дар кишвари дигаре фаъолият дораду тибқи қонунҳои худ амал мекунад? Ва чаро дастури Сарвари кишварро нодида мегирад? «Корвон» барои дигар бозорҳо намуна аст ва ҳоло бубинед, бозорҳои атроф низ ба наздикӣ аз истифодаи либоси ягонаи корӣ даст хоҳанд кашид! Ҳатто фурӯшандаҳои хитоӣ, ки дар қисмати яклухтфурӯшии бозор савдо мекунанд, либоси корӣ надоранд! Чаро?
Надоштани либоси корӣ ин танҳо мушкили фурӯшандаҳо нест, дар баробари рушду равнақи сару либоси исломӣ теъдоди фурӯшандаҳои сатрдору ришдор низ дар ин бозор назар ба солҳои гузашта ба маротиб афзуда аст. Шояд шумо гӯед, ки туро ба сатру риши фурӯшанда чӣ кор? Ман мехоҳам сару либоси пойафзол ва ҳатто либоси тагамро аз фурӯшандаи муосир бихарам, на ҳоҷиву ҳоҷиоя!

«Корвон»-и бетартиб!
Соат бо вақти Душанбе 13:00 дақиқа. Ахиран дар 1 мағозаи кӯдакона барои Ромин пойафзоли мавриди назар ёфта, харидем ва бо ҳамин роҳи хонаро пеш гирифтем. Боз байни издиҳоми мардум, телаву тамба ва зери садои «Тилло мехарем!». Новобаста аз будани даҳҳо кормандони бахши бехатарии бозор, ки дар даст ратсия ин сӯ-он сӯ мерафтанду меомаданд, шумораи зиёди милиса, боз ҳам дар бозор тартиб нест! Аз 1 сӯ савдои кӯчагӣ дар ҳоли рушд асту савдогарони сарироҳӣ бо омадани корманди милиса бори худро гирифта аз 1 сӯ ба тарафи дигар медаванд. Дӯконҳо холӣ монда, мардум маҳсулотро берун бароварда, ба савдо гузошта, барои рафтуомади мардум монеа эҷод мекунанд. Шумораи гадову ҷӯгӣ ва кару гунги талбанда аз ҳад зиёд! Дар назди бозор чӣ мефурӯшанд маълум нест, касе назорат намекунад ва намепурсад, хосса, маскаи 5-сомониро, ки аз аввал то охири бозор занҳо нишаста савдо мекунанд, хулоса, бардак ва хатар!!! Ҳоло дар бораи дуздҳои киссабуру қаллобҳои бозорӣ, бозиҳои «алик-малик» ва ошхонаҳои ифлос дар ин бозор чизе нагуфтаам, аммо ҳатман дар шумораҳои баъдӣ хоҳам гуфт! Мо ин мавзӯро пайгирӣ хоҳем кард! Бо мо бошед! Мо Метавонем!!!

М. Аминзода, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter