ХАБАРИ ДОҒ

Дар Хатлон анор фаровон шуд!

  • Чоршанбе, Янв 09 2019


Анорпарварони овозадори н.Дӯстӣ (Ҷиликӯл), ки 2 соли ахир ба хотири сармозадагии садҳо дарахт бозорҳои кишварро наметавонистанд бо анори худӣ таъмин кунад, дар мавсими имсола пайғоми тоза доданд: АНОР ҳаст!!!
Идораи кишоварзии ноҳия мегӯяд, 2 соли ахир бозорҳои кишвар аз анори худӣ холӣ буд ва анорҳои воридаи Афғонистону Покистон дар бозорҳои кишвар фурӯхта мешуд. Яғмурум Қараев-анорпарвари туркмантабор ва раҳбари хоҷагии деҳқонии анорпарварӣ бо номи "Илёс" дар н.Дӯстӣ гуфт, ки дар 3 га замин анор шинонидааст ва ҳоло ҳосили фаровонро ҷамъоварӣ дорад. Ӯ мегӯяд, дигар ба муҳоҷират ниёзе намондааст ва мунтазири пули хубе аз дарахтони анор аст, ки чандин мушкили хонаводагияшро бартараф карда, боз барои худ мошин бихарад.
Анора оварданееее...
 "Моҳҳои ноябр-декабр фурӯхтанро шуруъ мекунем ва зиндагиро таъмин месозад. Анорҳои моро аз пушти хонаҳоямон гирифта мебаранд, нигоҳубинаш ҳам кори осон нест, чун тобистон гулҳои анорро тоза мекунем, об медиҳему дору мекунам, фоидаашро мебинам. Нақша дорам, ки аз пули анор мошин хараму духтарамро ба шавҳар диҳам. Моҳи феврал насиб карда бошад писарамро бо пули анор хонадор мекунам."-умед дорад Яғмуруми туркман...
Оинабот Элмуродоваи 54-сола, анорпарвари шинохтаи Дӯстӣ 1 га замин анор дорад ва аз он ҳосили хуб гирифта, ҳоло донаҳои анори чиндаашро дар селофанҳои плостикӣ мегирад, ки онҳо то охирҳои моҳи март вайрон нашаванд: Ӯ мегӯяд: "Ҳозир ҳамаи анорҳоро дар ҳамин пакетҳо мегирем. Агар анорҳоро зуд дар селофан нагирем хушк шуда, сифаташонро гум мекунанд ва бозоргузар намешаванд. Анор босифат бошад зиндагӣ ҳам соз мешавад. Шукри худо, ки ҳосиламон хуб аст, аз пушти хона омада анори моро мебаранд."
Анори Ҷиликӯл-анори №1
Анорпарварони Дӯстӣ мегӯянд, онҳо анорҳоро аз дарахтҳо мечинанд ва то аввали моҳи декабр дар хона нигоҳ медоранд, ки 1 кг-и анорро соҳибкорон аз пушти дари хона то 15-18 сомонӣ харида, бозор мебароранд. Анори ноҳия назар ба анорҳои шаҳри Нораку навоҳии Қубодиёну Шаҳритус, ки то охири моҳи март ҳифз мешавад, дар бозорҳои минтақа 30 сомонист ва то охири моҳи март 40 гоҳо 50 сомонӣ фурӯхта мешавад. Бештари анорпарварҳои н.Дӯстӣ дар ҷамоати деҳоти "Гардӣ Гулмурод" ҳастанд ва мегӯянд аз ҳосили фаровони имсолаи анор хушҳол шудаанд, чун онҳо аз тобистон мунтазири анор мемонанд, то камбудиҳои зиндагиро бартараф созанд. Тибқи иттилои расмӣ дар н.Дӯстӣ зиёда 800 га анорзор имсол ба ҳосил даромада, ҳосилғундорӣ идома дорад.
Амиршоҳ Олимов, як масъули ҷамоати деҳоти "Гардӣ Гулмурод" гуфт, ки танҳо дар ин ҷамоат ҳудуди 500 га замин баъди 2 соли беҳосилию сармозадагӣ ба ҳосил даромадаанд, ки даромади хубе барои мардуми анорпарвар шудааст. Ӯ гуфт, дар ноҳия 2 навъи анор - сурхи тобистона ва замистона парвариш мешавад, ки аслан ба бозорҳои вил.Хатлон, ш.Душанбе ва вил.Суғд содир мешавад:
 "Дар деҳаҳои Пасариқ, Қаҳрамон ва Баҳористон анорҳои бештар дорем. Баъди солҳо, ки дарахтҳоро сармо зада буд, ҳосили хуб доданд, ҳоло вақти ҷамъоварии анор аст. Моҳи ноябру декабр содирот ба вилояти Суғду ш.Душанбе бештар мешавад...".
Аз бахши кишоварзии ҳукумати ноҳия мегӯянд, ҷамъоварии анор дар боғҳо ба анҷом нарасидааст ва дар ин ҳол наметавонанд, ки барои содироти анор ба шаҳрҳои Русия ва Қазоқистон, ки солҳои пеш аз харидорони аслии анори ин ноҳия будаанд, чизе ваъда бидиҳанд. Дар дар навоҳии Қубодиён, шаҳрҳои Сарбанду Норак низ анорҳои гуногун, мисли анори шоҳӣ, зарддонаю сафедпӯст парвариш мешавад, лек анорпарварҳои Дӯстӣ мегӯянд, онҳо анори навъи замистонаро бештар қаламча ва ниҳолашро парвариш мекунанд, чун ҳосили хубе доранд, ки харидораш бештар асту даромадаш хубтар.

Баҳодур Уроқов
СССР, вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter