ХАБАРИ ДОҒ

Оғози таҷдиди НБО «Қайроққум»

  • Ҷумъа, Авг 23 2019

 Субҳи имрӯз бо ширкати Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” оғози расмӣ бахшида шуд. Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо ҷараёни навсозии 6 агрегати ин иншооти гидроэнергетикӣ аз наздик шинос шуда, бо кормандон ва мутахассисони НБО сӯҳбат орост.

   Тавре Хадамоти матбуотии сарвари давлат хабар медиҳад, таҷдиди асосии НБО “Қайроққум”, иншооти ёрирасон ва гидротехникии он марҳила ба марҳила сурат хоҳад гирифт. НБО “Қайроққум” иншооти гидроэнергетикии сарбанддори агрегатҳояш дар танаи дарғоти обпарто ҷойгирифта буда, дар соҳили чапи маҷрои Сирдарё воқеъ аст. Корҳои сохтмонии ин неругоҳ соли 1952 оғоз гардида, агрегати якуми он бо иқтидори 21 мегаватт 15 декабри соли 1956 ба кор дароварда шудааст. Дар маҷмӯъ неругоҳ аз 6 агрегат иборат буда, аз 20 ноябри соли 1957 бо иқтидори пурраи 126 мегаватт фаъолият намудааст. Бунёди ин неругоҳ ба обёрии заминҳои бекорхобида ва азхудкунии самараноки захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ибтидо гузоштааст.

    Бояд гуфт, ки истеҳсоли солонаи неруи барқ дар НБО “Қайроққум” ба ҳисоби миёна 600-650 миллион киловатт-соатро ташкил медиҳад ва иншоот ба системаи энергетикӣ тавассути 5 хати интиқоли барқи 220-киловолта ва 5 хати интиқоли барқи 110- киловолта пайваст аст. Бо татбиқи пурраи лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии Қайроққум”, ки муҳлати он 57 моҳ, яъне то соли 2023 муайян шудааст, таҷдиди таҷҳизоти асосию ёрирасони неругоҳ, дастгоҳи тақсимкунандаи 110-киловолтаи неругоҳ ва таъмиру барқарорсозии иншооти гидротехникии он амалӣ гардида, иқтидори лоиҳавии ҳар як агрегати неругоҳ аз 21 мегаватт қариб то 30 ва дар маҷмӯъ тавоноии неругоҳ аз 126 мегаватт то ба 176 мегаватт расонида мешавад. Баъди таҷдиди пурраи неругоҳ умри он боз садсолаҳо зиёд шуда,  тавоноиаш бештар мегардад.

   Асосноккунии техникӣ-иқтисодии таҷдиди неругоҳ соли 2014 дар доираи лоиҳа бо ҷалби сармоягузории грантии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз ҷониби ширкати машваратчии “IC Consulenten”-и австрагӣ сурат гирифтааст. Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” Президенти ҶТ  Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини марбутаи мамлакат барои назорати иҷрои босифати корҳо супоришҳои мушаххас дода, ба ширкати пудратии лоиҳа Консортсиуми ширкатҳои “General electric Hydro” (Франсия), “General electric renewable Switzerland” (Швейтсария) ва “Cobro Instalaciones Servicios S.A” (Испания) ҷиҳати дар сатҳи баланд ва дар муҳлати муқарраргардида амалӣ намудани ҳадафҳои дар пешгузошташуда маслиҳатҳои судманд пешниҳод карданд.

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter