ХАБАРИ ДОҒ

Роҳи танобӣ ба кор медарояд?

  • Чоршанбе, Март 04 2020

Роҳи танобии Душанбе дар чаҳорчӯбаи бунёди маҷмааи Ғалаба, соли 1975 сохта шуда, он ба 30-солагии пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудааст. Муаллифи лоиҳа муассисаи «Душанбегипрогор» ва сармеъмори маҷмаа Баҳоваддин Зуҳуриддинов мебошад. Роҳи танобиро меъмори дигари лоиҳа М.Исмоилов ва инструктори он Р.Хурсандов ба хотири осон шудани баромад ва фаромади мардум ба майдони асосии маҷмаа сохта буданд. Фаъолияти роҳи танобӣ аз соли 2012 ба хотири амнияти сокинон қатъ карда шуд. 

Новобаста аз ин масъулони боғ гоҳ-гоҳе асбобҳои гуногуни онро равған молида, барои таҷриба то 2 тонна бор карда, роҳи танобиро ба кор меандозанд. Масъулон мегӯянд, ки таҷдид кардани механизми он ғайриимкон аст, зеро асбобу таҷҳизоте, ки барои бунёдаш истифода шудааст, дигар истеҳсол намешавад. Барои эҳёи он бояд роҳи танобии нав сохт, ки ин кор миллионҳо долларро талаб менамояд.

Дар ҷустуҷӯи сармоягузорем!

Мухбири газетаи мардумии СССР дар мавриди тақдири ояндаи роҳи танобии Душанбе зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ш.Душанбе, ки ҳафтаи гузашта бо ширкати муовини аввали раиси ш.Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода, баргузор шуд, суол кард.

-Роҳи танобиро бояд аз сари нав бо талаботи муосири техникӣ сохт ва лоиҳаи он аллакай омода аст-онро соли 2018 дар якҷоягӣ бо мутахассисони Санкт-Петербург тайёр кардаем. Мо ин лоиҳаро ба сармоягузорони фаронсавиву англис низ муаррифӣ кардем, ба ғайр аз ин бо ҳар соҳибкоре, ки мехоҳад дар амалиёбии ин лоиҳа иштирок намояд, ҳамкорӣ хоҳем кард. Мо сармоягузорро интизорем. Роҳи танобии Душанбе яке аз армуғонҳои ҷашнӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ буда, мо онро ҳатман то соли 2021 бояд сохта ба истифода диҳем, - таъкид дошт Маҳмадсаид Зувайдзода.

   Лозим ба ёдоварист, ки роҳи нахустини танобии муосир дар рӯзҳои аввали моҳи апрели соли 2018 дар ш.Хуҷанд бо иштироки Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта, масири асосии он аз болои дарёи Сир мегузарад. Роҳи танобии Хуҷанд 35 метр баландӣ дошта, дарозиаш беш аз 1 км.-ро ташкил медиҳад ва онро мутахассисони чинӣ лоиҳакашӣ ва бунёд кардаанд.

 

М.Аминова, СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter