ХАБАРИ ДОҒ

Ман 16.09.2008 ҳангоми раиси ш.Кӯлоб будани Ҳамид Абдуллоев дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи таъсиси хоҷагии деҳқонӣ» ба ӯ муроҷиат карда будам. 20.08.2009 ба ман қарори раиси Ҳукумати ш.Кӯлобро «Дар бораи дар ҳаҷми 2 гектар замин таъсис додани хоҷагии деҳқонӣ» доданд. Ва аз он замон то имрӯз банда дар заминам ба парвариши зироатҳои хоҷагии қишлоқ машғулам. 

Хонандаи азиз! Дар ин ҷо ман дар бораи фаъолияти соҳибкориам таъриф карданӣ нестам. Чунки дар шароите, ки арзиши сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ, қисмҳои эҳтиётии мошину тракторҳо ва ҳаққи хизматрасонӣ ба деҳқон басо дандоншикан мебошад, рушд кардан мушкил аст. Ба ғайр аз ин, арзиши 1 халта нуриҳои минералӣ аз ҷумла фосфор, карбомит, селитра, нитроамафос, калий аз 200 то 300 сомониро ташкил медиҳад, ки ҳамаи ин омилҳо ба болоравии арзиши аслии маҳсулот ва болоравии хароҷотҳо мусоидат мекунад. Сабаби дигар набудани нуриҳои органикӣ мебошад.

Мо соҳибкорон фақат тариқи телевизионҳо ва воситаҳои ахбори омма мефаҳмем, ки ҳар сол бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ ва ривоҷи хоҷагиҳои деҳқонӣ чанд млн. доллар грантҳои бебозгашти хориҷӣ ва чанд млн. сомонӣ грантҳои дохилӣ барои рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар шакли пул, тухмӣ, техника, заҳрхимикат ва нурӣ сарф карда мешаванд. Акнун саволе ба миён меояд, ки ин грантҳо ба киҳо тақсим карда мешаванд? 

Ман дар муддати 11 соли соҳибкориам дар чандин семинару машғулиятҳои ташкилотҳои хориҷӣ ширкат варзидаам ва аз ҳеҷ кас боре нашунидам, ки ягон соҳибкори оддӣ аз чунин грантҳо бархурдор шуда бошад. 

Ҷаббор Раҷабов, 

хабарнигори мардумӣ,

ш.Кӯлоб 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter