ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Ҷӯгӣ ҷӯй-3

  • Чоршанбе, Апр 21 2021

 Шохи Гов ва мо

26.03.2021. Соат ба вақти Восеъ 08:25 дақиқа. Лӯлибонуи хунгир, ки зиёд эҳтиёткор асту моро пурсупос менамояд, ахиран бар дилам заду гуфтамаш:

-Ҷӯгии “настоящий” фол мебинад. Фол зан, ки ман кистаму чикораам?!

Ҷӯгӣ аз асп фаромада, узангуро сар надода, мегӯяд:

-Хуб, ман-ку ин корро намекунам, вале барои шумо 1 бор “попробит” менамоям.

Ман, ки аз ҷӯгӣ зирактарам, 100 сомонаеро бароварда, тов дода, ба ҳамён бозпас мегузораму мегӯям:

-Чӣ илоҷ. Рӯзии ин пул ошёнашро иваз кардан набудааст. Профессионал, ки набошед, мо рафтем, пеши хунгири “настояший”.

Лӯлибону купюраро дида, чашмонаш барқ мезананду мегӯяд:

-Шӯхӣ кардам. Ман хунгири №1.

Ва шохи сип-сиёҳеро, ки хеле борики мисли тунука аст, аз бағал мебарорад. Маълум шуд, ки шохи хунгирӣ шохи оддӣ набудааст. Онро устоҳои махсус тарошида, мисли тунука ё шиша борик мекардаанд.

Ҳалима-бибӣ шохи говро дида, писханд мезанад, ки;

-Пурт аку! Ҳамин ҳам шохи гов шуд-мӣ? Шохи гови маро медидӣ, ҳушат мерафт-ва бо нигоҳи даъват ба дастгирӣ ба ҷӯгиҳои атрофаш менигарад, ки аз издиҳоми лӯлӣ нидоҳои “Бале, Бале, Ҳалима, дуруст гуфтӣ, он шох не-ҷони одам буд. Шохи гови ту ягонаи офоқ буд. Шохатро чашми ҳасуд гирифт” баланд мешаваду Ҳалима-бибӣ оҳи пурҳасрат кашида, давом медиҳад:

-Илоҳӣ, чашми ҳасуд кӯр!

-Пас, шохи худат ку, Бибӣ?-мепурсам ман, ки ба оташи алами ҷӯгиҳо равған мепошам. Ҳалима сар мекунд:

-Шохамро бачам каламуш сӯрох кард!  Шохам дар Кӯлоб чӣ, ки дар Тоҷикистону Ӯзбакистон ҳамто надошт!!!

Ӯ “шохи ман” гуфта, дақиқан шохи гови хунгирияшро дар назар дошт.

-Хонаи муш сӯзад!

 

Ӯ-и дароз дар талаффузи ҷӯгӣ

Ман ин ҷо акнун дарк кардам, ки лӯлиҳо ҳарфи Ӯ-и дарозаро бисёр зебо ва мисли шимолиёни кишвар талаффуз мекунанд. Шубҳаам меафзояд, ки инҳо кӯлобиянд оё? Зеро дар ин водӣ таври маълум ЯГОН нафар Ӯ-и дарозро талаффуз карда наметавонад. Ба вежа вақте сухан сари вожаи Кӯлоб аст.

Ба суоли ман, ки “шумо куҷоиед?”, лӯлиҳо бо ифтихори самимӣ мегӯянд:

-Кӯӯӯлобӣ!!!

Ва меафзоянд, ҷӯгиҳои дигар аз дигар авлоданд, вале мо ҷӯгии Кӯӯӯлобем! Моро чун ҷӯгиҳои кӯӯӯлобӣ дигар авлод иззату эҳтиром мегузоранд!

Дар ҳар сурат, хеле аҷиб аст, ки лӯлиҳо дар водие, ки минтақаи ӯ-и дароз нест, чигуна онро ҳифз кардаву корбаст месозанд ва ҳамеша дар ҷои лозима, яъне тибқи талаботи сарфу навҳи забони хаттӣ ва дар гуфтор! Сари ин мавзуъ бояд забоншиносон, лаҳҷашиносон, этнографҳо фикр кунанд. Маводи хуби илмӣ мешавад. Ба фикрам хубтар аз мавзуъи “корбасти фулон вожа дар Шоҳнома” ва ғ.

Вале барои анҷоми рисола бояд чанд рӯзе меҳмони қавми ҷӯгӣ буд. Мисли ману Алӣ!

Оре, маҳз чанд рӯзе. Пештоз мегӯям, мо бори дигар низ ба ин қишлоқ омадем, вале акнун ба ҳайси шинос, ошно, хешу табор ва меҳмони азизгӣ...

 

Андар баёни забони ҷӯгӣ

26.03.2021. Соат ба вақти Восеъ 08:31 дақиқа. Лӯлии хунрез ба мо худро муаррифӣ накардаву гуфт:

-Номам махфист!

Ва ман ӯро Махфии сонӣ (касе надонад тахаллуси шоира Зебуннисо, на Зебуннисои “ваданге”-и Убайдулло Раҷабови гиромӣ) хондам.

Тахаллус писандаш омад. Ва дигар ҷӯгиҳо низ хунгирро Махфӣ, Махфӣ-бибӣ гуфта аллакай садо мезаданд.

Ҳоло сари хунгирии ӯ бармегардем. Вале ман мушоҳида кардам, ки ҷӯгиҳо дар бархе маврид тоҷикӣ ҳарф намезаданд. Аз Ҳалима-бибӣ мепурсам:

-Ҷӯгӣ забони вежаи худро дорад?

-Доштем, бачам! Забони хубу фораме доштем. Садсолаҳо падару модаронамон бо забони лӯлигӣ ҳарф мезаданд. Аммо мутаассифона, ҳоло он забон қариб аз байн рафтааст. Мо калонсолон бо он гап мезанем. Ҷавонҳо Тоҷикӣ гап мезананд. Вале кам-кам моро ҳам мефаҳманд.

Баъди ин иддаои Ҳалимаи солдида, ман бори дигар ба хулосае омадам, ки ҷӯгиҳо Тоҷик нестанд ва дар паспорти онҳо бояд Лӯлӣ навишта шавад!

 

Шох ва хун

26.03.2021. Соат ба вақти Восеъ 08:42 дақиқа. Махфӣ “категорически”-гуфтаи худаш, зид аст, ки ман навор гирам протсеси хунсупориро. Вале ба шарҳи Ҳалима-бибии шохгумкарда;

-Мо аз 32 узви бадан ва рагу пай хунро кашида мегирем! Хуни ҳаромро мегирем. Хуни вайрон мардумро касал, бе хуш, бе ҳол ва безеб мекунад. 

Мо дар 1 сол 2 бор хун мегирем. Ин ҳоҷиҳои навбаромад, ки омада сол дар дувоздаҳ моҳ хун мегиранд, ҳиҷома гуфта, мардумро фиреб мекунанд. Ҳиҷома набояд ҳамасола бошад. Хунсупорӣ 2 бор аст. Мавсими худро дорад. 

Барои мисол, дар вақти гули лола, бояд хун гирифт. Ҳоло, ки шумо омадаед, не нагуфтем, виждонамон азоб метияд, бачам, ҳоло 2 ҳафта вақт мондагӣ барои хунгирӣ (ман дар шигифт меоям, ки ҷӯгӣ виждон дораду бархе аз ҳоҷиёни ҳиҷомагари мо на!)

-Банка-манка қатӣ ин кор намешавад. Мо аз сари 2 шонаи тахтапушт хун мегирем. Бо шохи гов онро қурт мекашем. Хуни ҳаром намерезад. Сахт вай! Вақте қурт мекашем, хун мебарод.

Махфӣ низ кафида, риштаи сӯҳбатро сӯи худ мекашад:

-Баъзе вақт хун аз шохи гов ба даҳонат медарод. Давленита баланд мекунад. Хуни мардум сабук нест. Кор вазнин. Боз баъзе сахтӣ карда, аз 100 сомонӣ камтар медиҳанд...

Дақиқан хонум Махфӣ ба садсомонаи ман ишорат дорад, ки бо ҳасрат ба ҳамёнам баргашта буд. Ман, барои он ки дили Махфӣ сард нагардаду хуни Алиро бештар макад, баланд мегӯям:

-Воқеан ҳам коратон ба 200 сомонӣ меарзад!!!

Чашмони Махфӣ барқ мезананд. Вале ман “хатои сиёсиам”-ро зуд ислоҳ мекунам:

-Вале хуни дӯсти ман шудаш ҳамин 100 сомонист!

Оҳе кашида, Махфӣ алмосро мегирад...

 

Хуни Алӣ резу рез...

26.03.2021. Соат ба вақти Восеъ 08:47 дақиқа. Махфӣ шохи говро бо спирт тоза шуста, сипас пушти Алиро аз 2 нуқта сахт мефишорад. Мавзеъи зеркардааш сурхранг мешаванд. Шохро мемонаду мемакад, қурт мекашад-гуфти худашон. Ҷои сурхшуда варам мекунад. Бо алмос-лезва зуд-зуд ягон 10-12 колак мезанад, нуқтаҳои вармидаро. Хун метаровад. Хуни сип-сиёҳи сахт. Шохро рӯи захмҳо гузошта, аз нӯки шох, ки сӯрохе баробар бар холи гесӯи 1 санами ҳинду дорад, фурт мекашад! 

Шохи говро Махфӣ-лӯлӣ бар даҳон намегирад. Балки нарангушташро рӯи сӯрохаш мегузорад ва аз шафати шикоф дам мекашад. Хуни ба лабонаш расидаро бо пушти даст пок мекунаду туф на...

Фикр кардам, ки шояд ана ҳамин хундаркашии лӯлист, ки онҳоро одамхӯр ҳам мегӯянду овозаҳост, ки гӯиё ҷӯгӣ мурдаҳошонро мехӯранд. 

Воқеан дар шумораҳои баъдӣ сари ин мавзуъ-мурдаи ҷӯгӣ, ҷанозаи ҷӯгӣ, қабристони ҷӯгӣ ва овозаи “мурдахӯрӣ” сӯҳбат мекунем. 

Ва агар ин репортажи тӯлонӣ ба дилат назада бошад хонандаи ман ва узви Ихвон ал СССР, пас шумораи навбатиро интизор бош, ки Мо Метавонем!

Давом дорад

С. Мизроб

Душанбе-Восеъ-Кӯлоб-

Восеъ-Душанбе

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter