ХАБАРИ ДОҒ

Сартарошӣ ҳам гарон шуд…

  • Чоршанбе, Апр 19 2023

 

 Дуруд СССР! 1 моҳ пеш нархи сартарошхонаҳо дар минтақаи Кӯҳистони Мастчоҳ якбора аз 7 сомонӣ ба 10 сомонӣ баробар шуд, ки ин дар моҳи шарифи Рамазон аз руи инсоф нест. Дар масалаи тозагии онҳо намехоҳам чизе гӯям, вале боло бардоштани нарх якбора то 3 сомонӣ барои мардуми кӯҳистон ҷабр аст.

Дар ноҳияи мо шумораи сартарошхонаҳо зиёданд. Сабаби қиматшавиро кормандони сартарошхонаҳо дар баланд шудани нархи барқу обу бозор медонанд. Намедонам нархи онҳо ба сарпасткунӣ чи рабт дорад? Касе онҳоро назорат мекарда бошад?!

Хусрав Ҳусейнов,

н.Кӯҳистони Мастчоҳ

Тел: 929349494

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter