ХАБАРИ ДОҒ

Кӯшониён: рушди саноат-оҳиста, вале пайваста

  • Ҷумъа, Июл 07 2023

Саноатикунонии мамлакат ва рушди он дар тамоми миқёси кишвар ҳадафи 4-уми пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки бояд марҳила ба марҳила анҷом ёбад. Сарвари мамлакат низ дар ҳар баромадашон таъкид медоранд, ки раванди глобализатсия бо суръат пеш рафта, корҳонаҳои саноатӣ, ки асоси пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба шумор мераванд, бояд аз фаъолият боз намонда, дар таъмини рушди иқтисоди миллӣ саҳмгузор бошанд. Барои ошноӣ бо вазъи фаъолияти корхонаҳои саноатӣ мо роҳ пеш гирифтем сӯи калонтарин ноҳияи вилояти Хатлон – Кӯшониён.

 

41 корхонаи саноатӣ, аммо…

Маълум гардид ки пеш дар ҳудуди ноҳия қариб 41 корхона фаъолият дошта, имрӯз аз ин шумора 2 тои он аз фаъолият боз мондааст. Яке ҶСШК "Ф. Саидов", дигаре корхонаи истеҳсолии "Ганҷ" мебошад.

Бинобар гуфтаи мудири рушди саноат ва савдои МИҲД н.Кӯшониён Аҳлиддин Султонов, тайи 10 соли ахир танҳо 1 корхона ва ин ҳам бошад "Ф.Саидов " бинобар фарсуда шудани таҷҳизоти истеҳсолӣ аз фаъолият мондааст. Ин омор тибқи гуфтаҳои А.Султонов ба корхонаҳои барҳамхӯрда ва аз кор монда дахл надорад.

Чуноне иттилоъ ёфтем дар ноҳия дар 1 соли ахир 6 корхонаву коргоҳҳои нав ба истифода дода шуда, ҳудуди 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Оё ин шумора кам нест?

Зимнан маълум гардид, ки корхонаи истеҳсоли равғани офтобпараст, ки бо маблағи 8, 5 млн сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтаву бо сабабҳои аз хориҷи кишвар ворид нагардидани ашёи хом ҳамагӣ дар зарфи 3 сол аз фаолият бозмонд…

Дар соли 2022 дар н.Кӯшониён ба маблағи 418, 5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбати соли 2021 ба маблағи 78, 6 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ бо нархҳои амалкунанда 23,1 фоизро ташкил мекунад.

Н. Қосимзода, СССР,

вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter