ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Июл 10 2017


Вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид мегӯяд, ки мактабҳои кишвар дигар ба таътилҳои тирамоҳӣ, зимистонаву баҳорӣ нахоҳанд баргашт, зеро ин раванд алакай кӯҳна шуда олимону профессорони Тоҷик сари ин масъала борҳо тадқиқотҳои хешро гузаронидаанд.
Масъалаи баргардонидани таътилҳои тирамоҳиву зимистона ва баҳорӣ ба мактабҳои миёнаи ҷумҳурӣ бори нахуст нест, ки матраҳ мешавад. Аксарияти падару модарон бар он ақидаанд, ки таҳсили бидуни таътил ба психикаи кӯдакон таъсири манфӣ расонида онҳо дар охири соли таҳсил кундзеҳн мегарданд. Вале Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҶТ ин гуфтаҳоро беасос хонда таъкид дошт, ки олимони соҳа, хоса профессорони соҳаи педагогика сари ин масъала андешидаанд ва хуб медонанд, ки ба хонандагон чӣ фоида дораду чӣ зарар.

СССР

Панҷшанбе, Июн 29 2017


Литсейи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ хонандагони синфҳои      7-11, ки лаёқат ва ҳавасмандӣ дар омӯхтани фанҳои математика, физика, химия, технологияи иттолоотӣ, асосҳои барномасозӣ, нақшакашӣ доранд қабул менамояд.
Самти асосии фаъолияти самароноки литсей - ҷавобгӯ ба талаботи барномавии давлатӣ, тайёр намудани хатмкунандагон барои супоридани имтиҳоноти қабул ба мактабҳои олӣ мебошад.
Омӯзгорони литсей аз ҳисоби устодони варзидаву номзадҳои илми техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва омӯзгорони категорияи олӣ ба таълими хонандагон фаро гирифта мешаванд.
Таълим дар гуруҳҳои(синфҳои) тоҷикӣ ва русӣ сурат мегирад.
Марҳамат, ба литсейи мо биёед!

Нишони мо: ш.Душанбе, кӯчаи Назаршоев 19/4 (вокзали Роҳи оҳан, бо нақлиёти мусофиркаш №№15,7,33,35,43)
Телефон: 227 46 49; 227 55 43




Панҷшанбе, Июн 01 2017


Таъмири мактабҳо ва муассисаҳои томактабии ш. Душанбе минбаъд аз ҳисоби буҷаи мақомотҳои маҳаллӣ сурат гирифта падару модарон дигар барои ин кор маблағ ҷамъ нахоҳанд кард. Дар ин бораи қарори махсуси раис ш. душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расида нусхаи он ба тамоми раисони 4 ноҳияи пойтахт ирсол гаштааст.
Рустами Эмомалӣ ин тасмимро ба хотири пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ ва ҷамъоварии ғайриқонунии маблағ дар муассисаҳои томактабӣ ва ҳамагониву умумӣ пеш гирифта алакай дастур додаст, ки раисони ноҳияҳо барои таъмиру азнавсозӣ барои соли таҳсили 2017-2018 аз ҳоло бояд корро сар намуда то 1.08.2017 ба итмом расонанд. 

 СССР

Панҷшанбе, Май 18 2017


Мутобиқи созишномаи қарзие, ки дирӯз дар ш. Ҷиддаи Арабистони Саудӣ байни Ҳукумати ҶТ ва Сандуқи Рушди Саудӣ оид ба табиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор мактабҳои миёна, марҳалаи 4» ба имзо расид, Сандуқи рушди Саудӣ дар Тоҷикистон ба маблағи умумии $ 35 миллион мактаб бунёд хоҳад кард.
Лоиҳаи мазкур ба беҳтар намудани сатҳи маълумоти умумӣ тавассути сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани 1 қатор мактабҳои миёна дар ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон, Данғара, Шамсиддини Шоҳин, Кӯлоб, Восеъ, Фархор, Темурмалик, Ҳамадонӣ, Бохтар, Норак, Хуросон, Ҷайҳун, Вахш, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Дӯстӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Деваштич, Истаравшан, Панҷакент, Ашт, Конибодом, Мастчоҳ, Варзоб, Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Нуробод ҳадафманд гардонида шудааст. Дар назар дошта шудааст, ки татбиқи лоиҳа соли 2023 ба анҷом расад.



СССР
 


Ҷумъа, Апр 28 2017

Имрӯз, 28.04.2017 президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги аввал ба бунёди мактаби байналмилаллии Тоҷикистону Британия оғоз бахшид. Мактаби мазкур дар к. Тӯрақул Зеҳнии н. Шоҳмансури пойтаъхт ҷойгир шуда дорои 420 ҷойи нишаст мебошад.
Аснои муаррифии лоиҳаи сохтмони муассиса ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки иншоот дар давоми як сол бо муосиртарин таҷҳизот сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд. Таъкид гардид, ки арзиши корҳои сохтмонӣ 9 миллион сомониро дар бар гирифта, 300 нафар коргарон дар бунёди ин иншоот саҳм хоҳанд гузошт. Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё аз ду бинои 5 ошёна бо таҳхона иборат буда, масоҳати умумии он 6 ҳазору 500 метри мураббаъро дар бар мегирад.
Масоҳати зери сохтмон бошад 1 ҳазору 700 метри мураббаро ташкил медиҳад.
Лоиҳаи Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониёро Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Меъморӣ вашаҳрсозӣ» таҳия карда, паймонкори иншоот Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Маркази таълимии Ганҷина» мебошад.
Ҳайати омӯзгорону устодон дар ин муассиса аз доираи беҳтарин муаллимони соҳибкасбу соҳибтаҷрибаи Бритониё даъват гардида, машғулиятҳову дарсҳо ба хонандагон бо истифода аз усули муосири таълим ба роҳ монда мешаванд.
Тибқи дурнамо ва мувофиқаҳои қаблӣ бо шарикони Бритониёвӣ, дар заминаи Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё ташкил намудани имтиҳоноти қабул ҷиҳати идомаи таҳсил ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Бритониёи Кабир ба нақша гирифта шудааст.

СССР

Чоршанбе, Апр 26 2017


Ба 1 манбаъи муътамад, 2 моҳ мешавад, ки омӯзгорони мактаби №3-и ноҳия ҳаққулзаҳмати худро нагирифтаанд. Ин мушкил, ба гуфти ҳамсуҳбати СССР, фақат дар ҳамин мактаби ноҳия будааст. Муаллимон бошанд, аз бепулӣ сарсону саргардонанд ва намедонанд, ки аз куҷо қарз пайдо кунанд…

саҳ 38 аз 44

Китобҳо

Flag Counter