ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Окт 28 2020

Нахуст мехоҳам тамоми омӯзгорони н.Тоҷикободро бо Рӯзи муаллим табрик намуда, барояшон муваффақиятҳои навро орзу намоям. Дигар ин, ки беҳтар мебуд, агар онро Рӯзи Муаллим нею Иди Кормандони Соҳаи Маориф меномидему мисли давраи Шӯравӣ ботантана таҷлил менамудем. 

Дар давраи Шӯравӣ Рӯзи Муаллим бо як шукӯҳу  шаҳомати хоса  ҷашн гирифта мешуд. Дар ин рӯз дар Қасри Фарҳанги ноҳия ҷамъомади пуршукӯҳе доир гардида, дар он роҳбарони ноҳия, сардорони ташкилоту идораҳо, роҳбарони мактабҳо ва қисми зиёди омӯзгорон ширкат меварзиданд.

Пас аз ифтитоҳи ҷамъомад мудири шуъбаи маориф доир ба бурду бохтҳои соҳаи маориф гузориш медод.Сипас, хонандагон омӯзгоронро табрик намуда, дар васфи Ватан, Модар, Сулҳ, омӯзгор, китоб ва ғайра шеърҳо қироат менамуданд. Эҳёи чунин ҷамъомадҳо ва ҳавасманд намудани омӯзгорон ба пешравии кори соҳаи маориф такони ҷиддие хоҳад бахшид. 

Бегмат Маҳмудов, Аълочии маорифи ҶТ, н.Тоҷикобод   

 

Чоршанбе, Окт 07 2020

Дар давоми 29 соли Истиқлолияти давлатии ҶТ дар шаҳри Бохтар, маркази маъмурии калонтарин вилояти ҷумҳурӣ танҳо 1 литсей бунёд шудаасту халос ва он ҳам аз лиҳози имконият наметавонад теъдоди зиёди хонандагонро қабул намояд.

“Чунки литсей резинӣ аст...”

Тоҷиддин Мирзоев, 1 сокини ш.Бохтар дар сӯҳбат ба мухбири “СССР” шиква аз он мекунад, ки наберааш дар синфи 1-и Литсейи давлатии №1-и шаҳр таълим мегираду ҳар моҳ 180 сомонӣ моҳона ва 60 сомонӣ барои хӯрока маблағ пардохт мекунад, вале аз таҳсили наберааш розӣ нест.  

- Баъзе толибилмони деҳот дар навиштану хондан аз хонандагони Литсейи №1 чаққонтаранд, аксарияти хонандагони ин муассиса аз дигар ноҳияҳои минтақаи Бохтар меоянд. Роҳбарияти литсей сараввал хонандагони ҳудуди шаҳрро қабул мекунанду пасон аз дигар ноҳияҳоро, эрод гирифт Тоҷиддин Мирзоев.

Дар ин маврид Мавлуда Мирзоева, муовини директори Литсейи давлатии №1 мегӯяд, ки дар муассиса 1380 толибилм ба таҳсил фаро гирифта шуда, бо сабаби набудани ҷойи нишаст онҳо дар паси 1 миз то 4 нафарӣ менишинанд, ки ин нигароникунанда аст. 

Номбурда ба суоли мо «Ҳангоме ҷойи нишаст нест, чаро хонанда қабул мекунед?», нимшӯхию нимҷиддӣ ҷавоб дод, ки «Чунки литсейи №1 «резинӣ» аст ва касе омад, қабул мекунем! Ҳама мехоҳанд, ки фарзандонашон дар ин муассисаи бонуфуз таълим гиранд!»...

2 гимназия ва 1 синфхона дар 29 сол

Қурбонбӣ Забирзода, мудири шӯъбаи маорифи ш.Бохтар дар сӯҳбат ба хабарнигори “СССР” иттиллоъ дод, ки дар шаҳр 26 219 хонанда дар 21 муассиса таълим мегиранд ва дар бархе муассисаҳо дар ҳақиқат ҷойи нишаст намерасад. 

- Бо сабаби набудани ҷойи нишаст хонандагоне, ки ҷойи зисташон ба н.Кӯшониён наздик, ба муассисаҳои онҳо рафта, дарс мехонанд. Дар 29 соли Истиқлолияти давлатии ҶТ дар ш.Бохтар танҳо 2 гимназияи хусусии «Аминҷон» ва 1 синфхонаи иловагӣ барои 420 ҷойи нишаст сохта шудаасту халос, бо таассуф гуфт ӯ. 

Пул ҷамъ мекунему таъмир не!

Тибқи маълумоте, ки дастраси мо шуд, аз синфи 1 то 11 ҳама аз 33 то 41 нафарӣ дар 1 синф таълим мегиранд. Оё омӯзгор дар муддати аз 35-45 дақиқа имкон дорад, ки ба ин қадар хонанда дарси босифат диҳад? Мо фарзандонамонро дар литсейю гимназия ё дар мактабҳои президентӣ бо пардохти маблағҳои калон мехононем, аммо тавре пасон мебинем саводнокияшон дар сатҳи паст қарор дорад. 

Суоли мо ба роҳбарияти ин муассиса ва ҳукумати шаҳр: агар 180 сомонии моҳонаро ба 1380 хонанда зарб занем, дар 1 моҳ 248 400 сомониро ташкил медиҳад. Пас, чаро сифати бино ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй нест? Чаро бояд хонандагони синфи 1-ум дар биноҳои пасту бараксифат таълим гиранд? Дар 9 моҳ на кам аз 2 235 600 сомонӣ маблағ ҷамъ мешавад, ва ин танҳо маблағест, ки волидайн пардохт мекунанд, сарчашмаҳои дигари пулиро мо ҳанӯз ҳисоб накардаем. Хуб мешуд, агар бо ин маблағҳо 1 бинои иловагӣ сохта шуда, симою сифати биноҳои мавҷуда беҳтар мегардид. Номаш литсей аст ба ҳар ҳол... 

Баҳодур Уроқов, СССР, Хатлон

 

Чоршанбе, Сен 30 2020

 Ассалому алейкум ҳаводорони ҳафтаномаи мардумии “СССР”! Ростӣ, чанд вақт пештар яке аз муаллифҳои доимии “СССР” матлабе бо номи “Конспект чӣ лозим”? навишта буд. Дар ин масъала бо ҳамкасбон машварат намудам. Қариб ҳама ҳамфикр буданд, ба ҷуз ҷонишини директор оид ба таълим. Воқеан, ҳоло замони техникаю технологияи нав асту муаллимон дарсҳоро бо аёният ва таҷҳизоти техникӣ рангин месозанд. Зимнан китобҳои роҳнамо барои ҳар фан дар ҳар синф нашр гардидааст, ки ҳамаи мавзуҳои дарсӣ конспект шудаанд. Агар муаллимон чунин роҳнамо дошта бошанд, пас конспект чӣ лозим?

Фаррух Абдуллозода, омӯзгор, ш. Бохтар

 

Чоршанбе, Сен 23 2020

 Нуриддин Достиев аз номи як гурӯҳ падару модарон аз ш.Кулоб занг зада (тел: 985 02 80 38) гуфт, ки маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ барои талабагон волидайнро нигарон кардааст.

   - Ростӣ, мо 1 гурӯҳ волидайн бо ҳам ҷамъ омада, хостем мушкиламонро ба  вазири маориф ва илми ҶТ, академик Маҳмадисуф Имомзода тариқи ҳафтаномаи дардошно “СССР” расонем. Чаро то ҳол дар мактабҳои миёнаи мо иҷораи китобҳои дарсӣ барои хонандагон пулакӣ аст? То ҷое, ки мо маълумот дорем истифодаи китобҳои дарсӣ бояд ройгон бошад. Бахусус дар саҳифаи аввали китобҳо омадааст, ки 1 китоб барои 4-5 сол мебошад, лекин дар аксарияти китобҳои таълимӣ номи 7-8 нафар навишта шуда, вале боз ҳам ройгон нест. Мо хоҳиш мекунем, ки масъалаи мазкурро ҷиддӣ баррасӣ кунед. Зеро дар Кӯлобҷон, ки ҷои кор нест, пардохти иҷорапулии кутуб барои волидайн дарди сари навбатӣ шудааст.

 

Чоршанбе, Сен 16 2020

 Сокини шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Нуралӣ Латипов ба идораи редаксия занг зада (тел: 937995601) аз роҳбарияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ноҳия шикоят намуд. 

- Дар муассисаи мазкур чандин кӯдаки 6-соларо ба синфи 1-ум қабул кардаанд. Фарзанди ман аввали соли 2014-ум таваллуд шудааст, чанд бор ба муассиса бурдам, ҳуҷҷатҳояшро ҳам дуруст кардам, намедонам аз чӣ бошад роҳбари ин муассиса писари маро ба синфи 1-ум қабул намекунад. Онҳо қонунро баҳона мекунанд ва мегӯянд, ки фарзанди шумо 7-солаи пурра нест ва наметавонад дар синфи 1 таҳсил кунад. Ин дар ҳолест, ки якчанд нафари дигар, ки баъзе аз фарзанди ман хурданд, ба синфи 1 қабул гаштанд. Ман фикр мекунам, ки инҷо омилҳои коррупсионӣ ё хешутаборӣ вуҷуд дорад. Аз масъулини ниҳоди мазкур хоҳиш менамоям, ки ба масъалаи мазкур ҷиддӣ аҳамият диҳанд.

 

Чоршанбе, Авг 26 2020

 Ассалому алейкум ҳайати эҷодӣ ва аҳли  ихвон-ал СССР! Дар бораи китобхонаҳои хурдакаки сарироҳии Лондон мутолиа намуда, фикр кардам, ки дар мо ҳам бояд чунин китобхонаҳо бошанд. Бисёр олӣ мешуд, ки дар истгоҳҳо, боғҳои истироҳатӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии Душанбею Хуҷанд, Панҷакенту Бохтар, Кӯлобу Хоруғ, Ҳисору Истаравшан ва умуман дар шаҳрҳои бузургу серодам чунин ҷевонҳо гузошта мешуд. Шумо дар ин маврид чи мегӯед СССР-чиёни азиз?

Исмоилҷони Саиднуриддин, 

ш. Душанбе, тел: 911099049

Аз СССР: Мо розӣ! Вале масъулини китобқимоби шаҳру навоҳӣ чӣ мегуфта бошанд ба ин пешниҳодатон? Оё то амр аз Боло шудан қарор мешинанд ва ё коре мекунанд?-суоли матраҳ ин аст...

 

  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  2 
  •  3 
  •  4 
  •  5 
  •  6 
  •  7 
  •  8 
  •  9 
  •  10 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 25

Китобҳо

Flag Counter