ХАБАРИ ДОҒ

Дастаи футболи «Зарафшон»-и Панҷакент, бозии охирони худро дар меҳмонӣ бо дастаи Исфара бо ҳисоби калон бохтааст. Вохӯрии тими «Зарафшон» дар майдони Исфара бо дастаи Исфара баргузор гардида, футболбозони Панҷакент ба ҳисоби 8 бар 2 мағлуб гардидаанд. Хостем сабаби бохти дастаи Зарафшонро аз масъулин пурсон шавем. Одил Бобоев, мураббии дастаи Зарафшон гуфт, ман аз футбол мувақатан дур шудаам ва аз аввали мавсим дар даста нестам. Мураббӣ нав шудааст. Ҷамшед Баҳромов, сармураббии тими Зарафшонро ҳам наёфтем. Ҳолдонҳо ба ин назаранд, ки бохти Зарафшон аз набудани маблағи кофӣ дар даста мебошад. Дастаи «Зарафшон»-и Панҷакент дар лигаи якуми Тоҷикистон бозӣ мекунад ва 2 маротиба ба лигаи Олӣ роҳхат гирифта буд.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter