ХАБАРИ ДОҒ

Комроншоҳ 2 сол аз ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум шуд

  • Панҷшанбе, Март 30 2017


Комроншоҳ Устопириён, варзишгари номии Тоҷик барои рафтори аз одоби варзиш беруни худ ба мӯҳлати 2 сол аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои дохили кишвар маҳрум шуд. Чунин тасмимро комиссияи салоҳиятноки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ рӯзи 29.03.2017 қабул кардааст.
Чуноне ки Дилшод Назаров, муовини раиси кумитаи мазкур ва раиси комиссия таъкид медорад, пас аз санҷиш дақиқ карда шуд, ки дар кори доварони мусобиқаи рӯзи 23.03.2017 дар “Наврӯзгоҳ”- и пойтахт хатогӣ ва ё камбудие сар назадааст ва Комроншоҳ Устопириён бояд худро ба даст гирифта ба иғвои мухлисон дода намешуд.
Рафтори ғайриварзишии Комроншоҳро, ки тавассути шабакаи телевизионии “Варзиш” мустақим пахш мешуд, ҳазорҳо нафар тамошобинон диданд ва ин рафтори варзишгар дар байни мардуми мамлакат вокуниши тундеро пеш овард. Баъдан худи Комроншоҳ аз чунин рафтораш маъзарат пурсид, вале ба ин нигоҳ накарда комиссия тасмим гирифт ӯро ба муддати 2 сол аз ширкат дар мусобиқаҳои дохили кишвар берун кунад.


СССР


ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter