ХАБАРИ ДОҒ

Дастаи «Ҳосилот»-ро дастгирӣ мебояд

  • Душанбе, Май 15 2017


Ҳосилот соли 2015 дар лигаи якум ҷои якумро гирифта, соли 2016 дар Лигаи Олӣ ҷои дуюм ва сазовори медали нуқра шуд. Имсол дар бозии суперҷоми Тоҷикистон бар дастаи Истиқлол ғалаба карда, соҳиби Ҷоми Тоҷикистон гашт. Ҳамон шабу рӯз баъди 3 бозӣ бо 6 хол дар ҷои аввал буд. Варзиш ин қосиди сулҳ, варзиш ин саломатӣ, бардамӣ, хурсандӣ, саломатии одамон аст, вале дар байни ҳама намуди варзиш футболро шоҳи он мегӯянд, зеро он нисбат ба дигар намудҳои варзиш мухлисони зиёди худро дорад. Дар давлатҳои хориҷӣ Англия, Олмон, Испания, Португалия, Италия, Россия, Фаронса… ба Футбол аҳамияти калон зоҳир менамоянд, доимо варзишгоҳҳои калон аз тамошобинон пур аст. Вале бо сабаби ба иди Наврӯз банд шудани варзишгоҳи н.Фархор дастаи «Ҳосилот» бозиҳои худро дар шаҳрҳои Кӯлоб, Ҳисор гузаронид, ки боиси сарсонию саргардонӣ ва сарфи маблағ гардид.

Яке аз кӯҳантарин дастаи футболӣ
Дастаи «Ҳосилот» дар давраи Ҳокимияти Шӯравӣ шӯҳрат дошт ва ҳатто с.1989 дар чемпионати ҷумҳурӣ ҷои 2-ро гирифта, дар зонаи Қазоқистон дар лигаи 2-и СССР бозӣ карда буд. Баъди шуруъи ҷанги гражданӣ якчанд сол аз байн рафт, лек с.2014 эҳё шуд. Дар ин ҷо бояд қайд намуд, ки дар эҳё намудани он саҳми сурмураббии даста Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев хело калон аст. Бо роҳбарии ӯ дастаи «Ҳосилот» дар лигаи якум ҷои аввал ва дар лигаи олӣ сазовори ҷои дуюм шудааст. Ба Ҳабибуллоев аҳсан мегӯем ва миннатдории мухлисони бешумори ноҳияро ба он кас мерасонам. Вақте Муаллим-М.Ҳабибуллоев истеъфо дод, мо-мухлисони футболро ба фикр ва изтироб овард, зеро намедонем ҳамаи бозингарони ҳайати дастаи «Ҳосилот» маоши ба рӯзгорашон басанда мегиранд, ё не, агар дар вақташ онро нагиранд, чӣ хел аз таҳти дил ва бо рӯҳияи баланд онҳо бозӣ мекунанд?

Роҳбарияти нави ноҳия дастаро барҳам медиҳад?
Ҳини раёсати раисаи қаблии Фархор, дар с.2016 барои кӯмак ба дастаи «Ҳосилот» маоши 1 рӯзи кории коркунони соҳаи буҷавӣ ба ҳисоби даста гардонда шуда ва касе норозӣ набуд. Акнун вазъ дигар аст. Даста дар арафаи муфлисшавист. Тавре гуфтем, раҳбарияти нави ноҳия ҳатто стадионро ба Ҳосилот нагузошт, ки бозӣ кунанду варзишгоҳро ба консертгоҳи идонаи Наврӯзи вилоят табдил кард. Оё ҳамин аст, футболдӯсти роҳбарият? Ҳамин аст пуштибонӣ аз идеяи Сарвари давлат дар мавриди дастгирии дастаҳои футболӣ? Ин аст ҳамкорӣ ва дастгирии Президенти ФФТ? Мо бовар дорем, имсол ҳам 1 ё 2 рӯзи корӣ, хусусан аз мухлисони бешумори онро гардонида, ба ҳайати даста гузаронанд, ҳеҷ кас зид нест. Охир чӣ хел мешавад 3 нафар зангибача аз кишвари Ганаи Африка омада, барои шаъну шарафи дастаи «Ҳосилот», барои шаъну шарафи Фархор, барои шаъну шарафи ҷумҳурии мо бозӣ кунанду мо ба онҳо маош надиҳем? Ин барои мо айб аст!!! Ҳол он ки барои ба даст овардани Суперҷоми «Ҳосилот» саҳми ин 3 зангибача хело калон буд.

Маҳви Ҳосилот қатли футбол дар Кӯлоб аст!
Ногуфта намонад 1 муаммо мухлисони футболро ба ҳайрат овардааст: дастаи «Ҳосилот» дар таърихи футболи н.Фархор аввалин бор аст, ки Суперҷоми Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор шудааст, вале гӯё ҳеҷ гап нест, ҳама хомӯш!!! Мо мухлисони футбол гуфтанием, ки дастаи «Ҳосилот»-ро бояд дастгирӣ кард, чунки дар минтақаи Кӯлоб «Ҳосилот» ягона даста аст, ки шаъну шарафи собиқ вилояти Кӯлобро мебардорад. Равшанро куштем. Акнун навбати Ҳосилот аст? Пас кӣ бояд умуман футбол занад дар ин кишвар? Мо бовар дорем, раҳбарияти ФФТ бо маслаҳату машварат бо роҳбарияти н.Фархору вилояти Хатлон ин мушкилро ҳаллу фасл мекунанд. Мо Метавонем!


Саидмуҳиддин Аминов,
Узви Ихвон-ал-СССР, н.Фархор

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter