ХАБАРИ ДОҒ

1 ғолибият лозим буд, вале нашуд!

  • Чоршанбе, Нояб 15 2017


Дирӯз дар Варзишгоҳи марказии ш.Ҳисор бо вуҷуди ҳавои сард, бештар аз 12.000 мухлис барои дастгирии дастаи мунтахаби кишвар омада, тӯли 90 дақиқаи бозӣ “То-ҷи-кис-тон”, “Оле-оле”, “Гол-гол-гол”... гуфтанд. Ҳамаи онҳо ба боварӣ омада буданд, ки тими миллиамон соҳиби 3 имтиёз ва роҳхати Чемпионати Осиё мегардад. Сармураббӣ ва капитани даста низ пеш аз бозӣ бо итминон аз омодагии хуби мунтахаб ба ин бозӣ ҳарф зада, аз мухлисон дастгирӣ хоҳиш менамуданд. Сармураббии Яман бошад, дар майдони тоҷикон гузаштани ин вохӯриро аз афзалиятҳои дастаи Фузайлов дониста буд. Албатта, ин суханҳои онҳо мухлисонро водор мекард, ки бо боварӣ ба варзишгоҳ оянд ва шоҳиди ғолибияти футболбозони тими миллии худ шаванд. Дар нимаи аввали бозӣ мо ду дастаи баробарқувваро дидем, ки ҳарду ҳам бо эҳтиёт бозӣ мекарданд ва нияти аввал гол сар доданро надоштанд. Аз лиҳози ҳолатҳои хатарнок ва дигар омор низ ҳарду тим қариб ки баробар буданд. Дар қисмати дуюми рақобат бошад, мизбонон нисбат ба меҳмонон фаъолтар буданд ва як-ду имконияти хуби голзанӣ ҳам доштанд, вале дирӯз бахт ба рӯйи футболбозони тоҷик нахандид ва ин дидор бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт. Дар бозии дигари ин давр мунтахабҳои Непал ва Филлипин низ бо ҳисоби якранги 0:0 вохӯриашонро анҷом доданд. Акнун барои баромадан аз гурӯҳ, дастаи мунтахаби моро мебояд дар сафар Филлипинро мағлуб кунад ва бо се имтиёз ба хона баргардад.
“Албатта, ин бозӣ аст, ҳар ранг гирифтанаш мумкин. Вале Мо метавонем дар дидори минбаъда ғолибият ва роҳхатро соҳиб шавем”-гуфт баъди бозӣ, Ҳаким Фузайлов, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон. Мо ҳам боар дорем, ки онҳо метавонанд ва бо роҳхат аз Филиппин бармегарданд.

Маҳмадшариф Муродов,
шореҳи футбол

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter