ХАБАРИ ДОҒ

“РАВШАН” барканор шуд, навбати “Гулистон” кай?

  • Чоршанбе, Июн 07 2023

Дастаи “Равшан”-и ноҳияи Зафаробод, ки дар мавсими соли гузашта дар ҷадвали мусобиқа байни дастаҳои лигаи олӣ мақоми охиринро ишғол намуда, ба лигаи якуми кишвар гузашт, айни замон дар ҳолати ниҳоят мушкили молиявӣ ва пошхӯрд қарор дорад. Тибқи маълумоти ҷойдошта “Равшан” баъди 6 даври бозиҳо дигар фаъолияташро идома дода наметавонад. Даста бори якум дар бозии даври чорум  бо “Моҳир”-и Ёвон ва бори дуюм дар даври шашум бо “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба бозӣ ҳозир шуда натавонист ва мутобиқи банди 5-уми Боби 5-и Низомномаи баргузории мусобиқа байни дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон, бояд аз идомаи иштирок барканор карда шавад. 

Сабаби ҳозир нашудани дастаро ба ин бозиҳо роҳбарияти “Равшан”-и Зафаробод дар мушкилоти молиявӣ ва набуди сарпараст баён менамояд. Лозим ба ёдоварист, ки ҳанӯз пеш аз шуруъи бозиҳо раиси ноҳияи Зафаробод Ашӯрзода Раҷаб Рӯзӣ иштироки дастаро дар мусобиқа ба таври хаттӣ тасдиқ намуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки вазифаи раиси Федератсияи футболи вилояти Суғдро раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иҷро мекунад.

Пеш аз шуруъи мавсим бошад, вақти аз санҷиши иҷозатномадиҳӣ гузаштани дастаҳо раиси вилоят ва ҳамзамон раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода низ иштироки “Равшан”-и ноҳияи Зафарободро дар лигаи якум, ҷонибдорӣ карданд.  Вале ба нисфи мавсим нарасида, “Равшан” баромадашро дар мусобиқа қатъ сохта, дар тақвими баргузории мусобиқаи Лигаи футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум халали ҷиддӣ ворид намуда, ба кори ФФТ латма зад! Агар аз ҷониби муҳтарам дастандаркорони футболи вилояти Суғд чораву тадбири фаврии амалӣ андешида нашавад, ҳолати ба сари “Равшан”-и Зафаробод омада, дастаи дигари вилоят -“Гулистон”-и шаҳри Гулистонро низ таҳдид мекунад. Умедворем, ки кор то ба ин ҳад намерасад ва Раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати беҳдошти вазъ ва фаъолияти минбаъдаи дастаи “Гулистон”-и Гулистон чораандешӣ мекунанд.

Дар ҳар сурат то пурра ислоҳ шудани вазъ, мо мавзуъро пайгир мемонем. Мо метавонем!

 

Нуралӣ Хоркашев

корманди ФФТ

 

       

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter