ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Билет хар!

  • Душанбе, Окт 03 2016

(Чаро дар Душанбе нархи билети ҳавопаймо гаронтар аз тамоми олам аст?!)

24.09.2016. Соат ба вақти Душанбе 08:30 дақиқа.

Бо супориши редаксия барои чиптахарӣ мебароям. Чипта ба самти Душанбе-Маскав-Душанбе. Макони асосии хазинаҳои чиптафурӯшӣ имрӯз атрофи бозори «Шоҳмансур» аст ва ба хотири ёфтани билети ҳавопаймо, тасмим мегирам аз 10 авиакасса дидан кунам, ки дар кадоме нархи чиптаи рафтуомад ба ин хатсайри ҳавоӣ (ва на танҳо ин) арзонтар аст.

 Марҳамат, чипта! 4500 сомонӣ!

Соат 08:34 дақиқа. Ба дӯкони 1-уме, ки дар рӯбарӯи маркази савдои «Волна» ҷойгир аст, медароям ва нархи чиптаро ба самти Душанбе-Маскав-Душанбе мепурсам. Айни замон чиптаҳои маҳз ҳамин хатсайри ҳавоӣ серхаридоранд ва ҳамарӯза аз Тоҷикистон ба самти пойтахти Русия то 5 ҳавопаймо парвоз мекунанд. Духтараки ҷавоне, ки паси миз нишастааст, дарҳол аз ман пурсид, ки чиптаро барои кадом рӯз мехоҳам. Ман гуфтам ба наздиктарин рейс. Ӯ дар ҷавоб мегӯяд: барои пагоҳ бегоҳ, яъне 25.09.2016 танҳо 1 ҷо ҳаст ва он ҳам дар бизнес-класс, нархаш 4500 сомонӣ!

Ман фикр кардам, ки 4500 сомонӣ нархи чиптаи рафтуомад аст, лек хато кардам: Ин танҳо нархи 1 тарафи парвоз будааст! 

«Скидка» 178 сомонӣ – ба хотири чашмони зебо!

Соат 08:52 дақиқа. Ба кассаи дигари ҳамшафат медароям ва нарх мепурсам. Ҷавонзан аз ман мепурсад, ки барои кай ва кадом рӯз. Фаҳмидам, ки ҳар қадар барвақт чипта гирем, ҳамон қадар арзонтар будааст. Интихобан мегӯям парвози рафт барои 10.10.2016 ва баргашт барои 15.10.2016. Пас аз чанд лаҳзаи ҳисобу китоб чиптаи рафту баргаштро аз Душанбе ба самти Маскав бо ширкати «Сомон Эйр» бароям 3698 сомонӣ арзёбӣ мекунанд. Чун мегӯям, ки ин хеле қиммат аст, «ба хотири чашмони зебоятон 178 сомонӣ «скидка» мекунем, ана 3520 сомонӣ шуд, гиред, вагарна аз ин ҳам қиматтар мешавад!» ҳушдор медиҳад ҷавонмарди дигари чиптафурӯше ба ман. Билет нахарида бошам ҳам, дар оина ба чашмони 178 сомонӣ нарх доштаам нигариста, хурсанд берун мешавам...

Соат 09:03 дақиқа. Дар дӯкони 3-юм нархи чиптаро дар самти мазкур 3600 сомонӣ бе ягон тахфифи «чашмони зебои ман» эълон карданд, лек ин хатти парвози ширкати «Тоҷик Эйр» буд. Хулоса, пас аз боздид ва пурсиши нархи чипта ба самти Душанбе-Маскав-Душанбе, ки 0,5 соат вақтамро гирифт, ба хулосае омадам, ки нархи чипта аз 3400 то 3600 сомонӣ буда, нархи ҳар дӯкон аз 50 то 100 сомонӣ фарқ мекунад…

Билети Питер гаронтар аз Маскав!

Соат 10:15 дақиқа. Кунҷковиям бештар мегардад ва мехоҳам нархи чиптаи дигар самтҳои Русияро бифаҳмам ва ба хазинаи «Агентии алоқаи ҳавоӣ»-кассаҳои ягонае, ки аз замони шӯравӣ фаъолият мекарданду ҳоло низ бо ном ва шакли нав, аммо дар ҳамон бинои қаблӣ фаъоланд, медароям. Аз наздиктарин хазина нархи чиптаи Душанбе-Санкт Петербург-Душанберо мепурсам, шартан 10.10.2016-ро барои рафт ва 15.10.2016-ро барои омад бо парвози ширкати «Сомон Эйр» дархост мекунам. Ҷавонзани хазинадор парвози рафтро барои 9.10.2016 интихоб карда, нархи чиптаро 4000 сомонӣ муайян мекунад. Дубора хоҳиш менамоям, ки бароям тарифи арзонтаре пайдо кунад, зеро дар дастам пули зиёд надорам. 

Пас аз чанд лаҳза парвоз бо «Тоҷик Эйр» барои рӯзи 8.10.2016 ва бозгашт бо «Сомон Эйр» барои 15.10.2016 чипта меёбад, ки нархаш 3900 сомонӣ мешавад. Дар 2 кассаи дигар бошад нархи чиптаи рафту баргаштро дар ин самт то 4200 бардоштанд. Дар 1 бино нархи 1 хатсайр 300 сомонӣ (!) фарқ дошт. Дигар ёбу гир ин «1 бому 2 ҳавоиро»...

 Хатсайрҳои русӣ моро ғорат мекунанд!

Соат 10:25 дақиқа. Ба дӯкони ширкати ҳавопаймоии русии «S7» медароям ва нархи чиптаи рафту баргаштро дар самти Душанбе-Екатеринбург-Душанбе мепурсам. Нархи чиптаи рафту баргашт тавассути ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» барои рӯзи 10.10 – 16.10.2016...3200 сомонӣ мешудааст. Дар хазинаи дигаре, ки чиптаҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватаниро мефурӯхт, нархи билет ба ин самт 3100 сомонӣ буд. Нархи чиптаи ширкатҳои ватанӣ аз нархи ширкати русӣ 100 сомонӣ арзон аст! Ҳол он ки нархи чиптаҳои ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ назар ба ширкатҳои тоҷикистонӣ бояд хеле арзон бошад, мисли оне, ки дар Қирғизистону Қазоқистон аст. Шояд ширкатҳои русӣ бо истифода аз зиёд будани муҳоҷирони меҳнатӣ, ки мусофирони асосии парвозҳоянд, нархҳои чиптаҳои хешро дар баробари тарофаҳои ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикистонӣ нигоҳ медоранд!?

Ба ҷӯгиҳо билет нафурӯшед!

Соат 10:45 дақиқа. Ба дӯкони ширкати туристии «Зигана тур» медароям ва мехоҳам нархи чиптаро ба самти Душанбе-Краснодар-Душанбе, ки имрӯз пас аз самти Маскав яке аз хатсайрҳои серталаб аст, бифаҳмам. Ҷӯгизане бо кӯдаки худ нишастааст: калӯш дар по, пероҳани рангпаридаву пакети селофанӣ дар даст. Дилам барояш месӯзад, фикр мекунам гадоӣ мекунад, аммо...баъди чанд дақиқа ҷӯгӣ аз пакет планшет мебарорад, ба Вайбер ворид шуда, аз касе мепурсад, ки барои кадом рӯз чипта гирам? Баъдан аз пакет, ҳамён, кисаи кӯдак ва чанд ҷои маҳрамгоҳи худ 200 сомониву 100 сомонӣ бароварда, ҷамъ карда, чиптаи Душанбе-Краснодарро мехарад! Ба 1 тараф!!!

Ба ёдам ҳарфҳои бародари гиромӣ Сафват меояд, ки пайваста таъкид медорад «ҷӯгиҳоро ба Русия ҳамчун Тоҷик равон накунед, зеро онҳо обрӯи Тоҷику Тоҷикистонро мерезанд!»…Аз барои Худо, магар ин ҷӯгӣ-тоҷик Краснодар коркунӣ меравад? Кадом ҷӯгӣ дар кадом давру замон кор кардааст, ки инаш кунад? Нафурӯшед ба ҷӯгиҳо билет! Обрӯи миллатро барои 4 танга пули ҳароми даромад аз фурӯши чипта нарезед охир! Сафвати бечора аз обрурезии Тошканд менолад. Сафват-ако! Душанбе низ инҳоро Тоҷик штамп гузоштаву гурӯҳ-гурӯҳ гадоӣ-попрошайничество мефиристад, то бо паспортҳои Тоҷикиашон обрӯи давлату миллати моро боло бардоранд!!!

Нархи билети рафту омади Душанбе-Краснодар-Душанбе бошад тавассути ҳавопаймоҳои «Сомон Эйр» - рафт 1790 сомонӣ, баргашт 1340 сомонӣ!

 Дубай ва Истамбул ҳам гарон мешаванд

Соат 11:00 дақ. Аз кормандони хазинаи ширкати «Скай тур» нархи чиптаро ба самти Душанбе-Истанбул-Душанбе мепурсам. Нархи билети рафту баргашт 3430 сомонӣ, бо тахфиф-3420 сомонӣ ва ин ҳам бо парвози «Сомон Эйр»! Парвози ширкати «Туркиш эйрлайн» бошад барои рафту баргашт 3600 аст, бо тахфиф 3470 сомонӣ!

Нархи чипта ба самти Душанбе-Дубай-Душанбе бошад 3200 сомониро ташкил мекунад ва ин ҳам нархи ширкати «Сомон Эйр» аст, нархи чиптаи ширкати «Флай Дубай» ҳатман 200-300 сомонӣ гаронтар аст. Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда мусофир ҳасту мардум чипта мехаранд ва дар ин самтҳо низ бояд 1 моҳ қабл билет бигирӣ. Одатан чиптаи парвози рафт гаронтар ва баргашт арзонтар будааст.

 Билетҳои гаронтарини дунё дар ҶТ?

Ба ҳар дӯкони чиптафурӯшие, ки медаромадам, ҳатман мепурсидам, ки чаро чиптаҳо гаронанд? Ҷавобҳо бештар якхела буданд: гаронии нархи сӯзишворӣ, хизматҳои рӯизаминии фурудгоҳҳои парвоз, %-ҳои ширкатҳои чиптафурӯшӣ, андозҳо ва нигоҳдории вазъи техникии ҳавопаймоҳо. Дар 1 авиакасса ҳатто гуфтанд, ки маводи сӯхтро низ барои ҳавопаймоҳои Тоҷик бо...нархи Русия мефурӯшанд ва ин мавзӯест, ки мо дар шумораи оянда пайгирӣ хоҳем кард.

Мо метавонем!

М. Аминзода, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter