ХАБАРИ ДОҒ

Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Валентина Матвиенко Боғи «Ирам»-ро хоҳад нишон дод

  • Чоршанбе, Окт 12 2016

Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Русия бо сафари корӣ шоми имрӯз ба Душанбе меояд. 

 

Чуноне ки ба мухбири мо дар дафтари матбуоти раиси МММО ҶТ  хабар доданд, барномаи асосии кории хонум Валентина Матвиено аз субҳи рӯзи 13.10.2016 оғоз шуда дар назар аст, ки ӯ пеш аз мулоқот бо президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулгузорӣ дар назди пояи муҷасаммаи Исмоили Сомонӣ дар майдони «Дӯстӣ» ширкат хоҳад варзид.

Нимаи дуюми рӯз бошад дар Боғи «Ирам»-и пойтахт мулоқоти Валентина Матвиено бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ сурат гирифта пас аз он ҷонибҳо ба бӯстонсарои ҳукуматӣ роҳсипор мешаванд ва ба Форуми 5-уми байнидавлатии «Тоҷикистон- Русия: дурнамои ҳамкориҳои минтақавӣ» ҳусни оғоз мебахшанд.

Дар назар аст, ки Валентина Матвиенко дар чаҳорчӯбаи сафари хеш ба Тоҷикистон бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлими Намояндагон Маҷлиси Олии кишвар низ мулоқот намуда бо ҳамроҳии раиси бонки «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода аз Кохи «Наврӯз» дидан намояд.

Шоми 13.10.2016 Валентина Матвиено ва ҳайати кории ӯ ба Санкт – Петербург хоҳанд баргашт.

 

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter