ХАБАРИ ДОҒ

Хонаҳоро гарм созед аз алав!!!

  • Панҷшанбе, Окт 13 2016

Ба Тоҷикистон сиклони сард меояд...

Эххх, охир авлиё ҳам набошам дарк кардам, ки борон мебораду ҳаво сард мешавад! Банда ба таъбире вобастагии бодуҳавоӣ дорам-«метеозависимый». 

Ин чист ва онро бо чӣ мехӯранд? Не, ин дард аст, ки худо накунад шумо низ гирифтор шавед. Яъне ҳар боре, ки ҳавогардиш шуд, яъне аз гармӣ ба сардӣ ва баракс ва хосатан дар мавсими гузариш аз 1 фасл ба 2-мӣ...фишорам баланд мешавад! Дирӯз чунин шудам ва ба рафиқон ин иддаоро пешниҳод кардам, ки хандиданду гуфтанд: 

-Авлиё-ако! Ҳавоя бин, ҳавоя! Какой-там сардиву борон?

Вале ин субҳ аз Маркази ҳавошиносӣ ба ман гуфтанд, ки организматон ҳақ асту рост: 

-Сар аз шоми рӯзи 13.10.2016 дар тамомии кишвар ҳавои сард ҳукмрон мешаваду борону барф меборад!

Тибқи иттилоъи ин ниҳоди ҳавошиносӣ шаби 13 ба 14 октябр дар пойтахт ва акнофи он, ВМКБ ва вилояти Суғд борон мерезад. Дар ҷоҳое боришоти сахт ва сел дар назар дошта шудааст. Дар баландии беш аз 2000 метр барф меборад!

Расидем ба хунукие, ки 6 моҳи гармои тоқатсӯз дар орзуяш будем! Хонаҳоро гарм созед аз алав ва омодагӣ ба фасли сарморо шуруъ кунед.

Вале агар сахт хунук хӯрдед, метавонед сӯи вил Хатлон фирор кунед. Дар ин мавзеъ то 27 дараҷа ва дар Қубодиёну Шаҳритӯс то 30-33 дараҷа ҳамеша гарм аст.

Мефирорем ё хунук мехӯрем?

М. Мубориз

Барои сайти СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter