ХАБАРИ ДОҒ

 

Ракурси миллӣ-1

 11.10.2016. Рӯзи байнулмилалии духтаракон аст. Оре, маҳз, духтаракони мо... не, гулдухтарони дигарон низ; духтарони ҳаққу ҳамсоя, шиносу бегона ва ҳатто ҳамонҳое, ки мо-мардони тоҷик ба онҳо бо тамаъ менигарем... Наменигарем? Ещё как менигарем!

Чанде қабл, дар мемуарҳои гулдухтараки синфи 9 хондам:

-Ҳамсифонам мегӯянд, чу мо аз кӯча мегузарем, мардон бо чашмони харидор менигаранд. Ман ба онҳо бо фахр мегуфтам, ки падари ман чунин нест... Ман хато карда будаам: падари ман низ чун дигар тоҷикон будааст: имрӯз ман дидам, ки ӯ ба духтарони кӯча чунин менигарист...

Шарми мо бод! Ҳайфи мо бод!! Айби мо бод!!!

Кадом мард гуфта метавонад, ки на бо чашми тамаъ ба гулдухтаракони дар истгоҳ навбатпой назар медӯзад? Бо чашми падарӣ ба ин паршикастаҳо менигаре(м)д??? Ба вежа агар савори авто бошем?

Мо ҳатто фикр ҳам намекунем, ки он духтар метавонист духтари мо буда бошад!!!

Нафси ҳайвонӣ, тамаъ, фисқ, фуҷур ҷамъияти моро чунон печидаанд, ки роҳи наҷот намондааст: Маҳз ҷамъияти мусалмониву мазҳабии моро. Аз дидани шалвори кӯтоҳ, юбкае, ки иҷборан ба тани духтарони хеш тавассути амру дастури вазорати маориф пӯшонидаем, либоси урупоие, ки талаботи маданияти хидматгузории давлатист, оби даҳон мерезем. Ҳаргиз фикр накунед, ки ман тарафдори ҳиҷобу фарангиям (фаранҷӣ аз вожаи фарангӣ, яъне аврупоист, либосе, ки дар Аврупо мепӯшиданду имрӯз чанд ришкалони майдапиндор онро исломӣ эълон кардаанд). На! Вале агар ҷамъияти дунявием ва ин либосро баргузидаем, пас «будьте добры!», чашми тамаъ ба духтарони худ набандед!!!

Аҷобат ин ҷо ниҳон аст: дар Аврупое, ки мо тақлидаш дорем, ин либос маъмулист ва ҳаргиз барангезандаи мардон маҳсуб намеравад. Ин дар қораи мусалмонист, ки пои урён мардонро мешӯронад!...

Мардум кӯр нест. Мебинад, ки шумо паҳлӯи ҳукумат қарор дореду зану духтаронатонро ҳиҷоб ба сар мекашед. Пас, оё ин мардум ба шумо бовар кунад ва ё ба иддаои ҳукумати марказӣ, ки мегуфт, «зану духтари ҳар нафаре, ки ҳиҷоби арабипӯш аст, бо ман нест!»? Маро бисёр либоси Ледии №1 дар базмгаҳи ш. Кӯлоб, рӯзи 05.10.2016 хуш омад, ки дар бар куртаи чакану дар сар докаи бо усули Тоҷикӣ печида дошт. Вақте, ки ӯ вориди саҳна шуд, маъзарат, вале шукӯҳу шаҳомати тамомии сарваронро пахш сохт: Варзишгоҳ нидои хушӣ ва аҳсант аз сина баркашид! Ин беҳтарин рекламаи либоси миллӣ буд барои ҳар бефарҳангу бегонапараст, ки либоси бонуи маҳаллӣ чигуна бояд буда бошад!!!

Мо-Тоҷикем! Мо-фарҳангсозем!! Мо садҳо ҳазор қавму қабоили бодиягарду степнишину кӯчиро, бо шумули арабу қазоқу қирғизу ӯзбаку муғулу татору барлосу қалмиқу қққ...и дигар пӯшока пӯшондаем, маданияти либос омӯхтаем. Ва имрӯз 2-3 қопчабасари бесавод, ки фикр доранд, мусалмонӣ дар зери ниқоб кашидани занҳост, бояд фарҳанги пӯшокаи зани моро зери суол кашанд? Ҳаргиз! 

Шахсан ман бо дидани Ледии №1 фикр кардам, ки чунин нест ва хонадони Сарвари Давлат мунодии маданияти либоси миллист. Вале бори дигар мегӯям, атрофи ин хонадонро бояд бинанд, ки чигуна либос мепӯшанд бонувонашон ва на бе таблиғу ташвиқи мардони хеш. Мо Метавонем!

Зимнан суоле посух металабад, ки модоме куртаи чакану докаву поҷома ин қадар зебост, чаро ин либосро дар макотиб ҷорӣ накунем? Аз духтаронатон пурсе(м)д, ки юбкаву рони бараҳна писандашон аст ва ё поҷома?! Дар даврони СССР атрибутикаи ҳатмии мактабу дабистонҳо поҷомае буд, ки ҳоло табу эълон шудааст. Ман бисёр мехостам ба пӯшокаи зану духтарони нафароне дида дӯзам, ки поҷомаву рӯсарии Тоҷикиро аз макотиби миллӣ пеш кардаанд; ку бинам, урёнронанд ва ё поҷома доранд? Бовар дорам, ки доранд! Пас, чизеро, ки ба духтари худу зани хеш равон намедоре(м)д, чаро ба дигарон ҳатмӣ кунем?!

Вале баргардем сари гулдухтарони худ...

Охирон бор кай, ту, маҳз ту, хонандаи ин сутур, ки фикр дорӣ, «СМ маро дар назар надорад!», бо духтари худ нишаставу атрофи мушкили фардӣ, донишӣ ва хатту саводаш, атрофиён, компанияи духтар-т ва дугонаҳояш сӯҳбат оростаӣ? Изо накаш ва андеша ҳам макун, ки нависандаи ин сутур чунон замонавӣ будааст, ки моро айб дод. Ман ҳам, мутаассуф, хеле шуда, ки бо гулдухтаронам сӯҳбати фардӣ накардаам. Вале ба фарқ аз дигарон, ман метавонам хатоямро фош гӯям. Зеро Мо Метавонем!

Рӯзи гулдухтаракон муборак, визави! Кӯшиш кун, ки ақаллан баъди хондани ҳамин матлаб, ба духтарат занг задаву ҳолу аҳволаш бипурсӣ. Бовар кун, таҳаййури нишотбарангези духтарат аз занги деринтизори падараш...исботи ин иддаост, ки моро садқаи духтарони мо кунад! Мо Метавонем!

Ва аз ҳама охир: Ҳарчанд он иддао хато буд, вале дар оғози матлаб пораи нахустин аз ёддошти духтари худи ман буд, ки фикр дошт, ман низ мисли дигаронам... Исботи ғалат будани ин иддаои духтарам мушкил аст, зеро ҷамъияти мардонаи мо хеле занаксифат, ғайбатчӣ, тӯҳматгаро, фосиқу манфур гаштааст, пеши гулдухтарони воқеан ҳам мардсифатамон...

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter