ХАБАРИ ДОҒ

14.10.2016. Соат бо вақти СССР 10:00 дақиқа.

Газетаи СССР ба Марҳабо Рамазонзода-муовини раиси радио ва ТВи вил.Хатлон, дипломи ваъдагии худро дар 1 маросими бошукуҳ, бо шеъру тарона супурд. Дар ин нишаст, устод Бахтиёри Муртазо-пири журналистикаи Тоҷик бо даъвати вежаи Сайёфи Мизроб-сардабири СССР, махсус ширкат дошт ва ба ин маросим шарик гардид. Ин диплом ҳамчун қадрдонӣ дар Рӯзи Забон барои Марҳабо тақдим шуд, ки мавсуф воқеан шоистаи таҳсин асту арзанда. Интихоби Марҳабо барои ин диплом дар Рӯзи Забон аст, ки он санаи 5.10.2016 дар Кохи Лоҳутии шаҳри Қурғонтеппа баргузор шуда буд.

Қабл аз тақдими диплом меҳмон бо даъвати СССР барои аҳли нишаст яке аз ғазалҳои маъруфи Лоиқ Шералӣ-«Писари ғасалнависам»-ро бо садои зебову танин қироат кард. Пас аз ҷамъбасти дипломсупорӣ нишасти фарҳангии СССР бо қироати шеъру ғазал аз адабиёти клоссики Тоҷик хатм гардид, ки ин ашъор ҳамагӣ барои сарвқомат-Марҳабои хатлонӣ бахшида шуд…

Чанд акс аз лаҳзаи дипломсупорӣ…

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter