ХАБАРИ ДОҒ

Асрори марги Роҳбар Қосимов (Боздиди таърихии 1 моҷарои коммунистӣ)

  • Ҷумъа, Окт 14 2016

“Шумо шунидед, ки кӯлобиҳо Роҳбар Қосимовро дар Кӯлоб буғӣ кардаанд?” ... “Ба ростӣ, ин кӯлобиҳо ваҳшианд!!!”.

 Шарҳи ҳол

Қосимов Роҳбар соли 1930 дар шаҳри Ленинободи РСС Тоҷикистон, дар оилаи хизматчӣ дида ба дунё кушод. Тоҷик, аъзои Ҳизби Коммунист (ҲК) аз соли 1956, маълумоташ олӣ.

Фаъолияти меҳнатӣ:

солҳои 1953-1958 агрономи асосии МТСи н.Ленинобод;

соли 1958 ҷонишини раиси кумитаи иҷрояи н.Ленинобод;

солҳои 1958-1960 раиси кумитаи иҷрояи н.Ленинобод;

солҳои 1960-1961 раиси кумитаи иҷрояи ш.Хуҷанд;

соли 1961 ҷонишини вазири хоҷагии қишлоқи РСС Тоҷикистон;

солҳои 1961-1962 котиби аввали кумитаи ҳизбии н.Мастчоҳ;

солҳои 1962-1963 сардори раёсати истеҳсолӣ-ҳудудии колхозӣ-совхозии ш.Конободом;

солҳои 1963-1965 котиби кумитаи ҳизбии раёсати истеҳсолӣ-ҳудудии колхозӣ-совхозии  ш.Конободом; 

солҳои 1965-1970 котиби аввали кумитаи ҳизбии ш.Конибодом;

солҳои 1970-1972 шунавандаи Мактаби Олии Ҳизбӣ дар назди КМ ҲКИШ дар Маскав;

солҳои 1972-1974 котиби аввали кумитаи ноҳиявии Хуҷандии ҲК Тоҷикистон;

аз моҳи феврали соли 1974 роҳбари бюрои ташкилотии КМ ҲК Тоҷикистон дар вил.Кӯлоб.

Қадрдонии ҳизбӣ:

Қосимов бо ордени Ленин, 2 ордени Байрақи Сурхи меҳнат, 3 медал, Грамотаи фахрии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Марҳум чанд дафъа вакили Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон ва аъзои КМ ҲК Тоҷикистон интихоб шудааст.

Ремарки таърихӣ

Моҳи ноябри соли 2014 дар 3 шумораи рӯзномаи “Пайк” (шаҳри Кӯлоб) матолибе таҳти унвони “Асрори марги Роҳбар Қосимов дар Кӯлоб” рӯи чоп омаданд. Аммо мутаассифона шоҳидони он ҳаводис ва рӯзноманигорон натавонистанд далоили возеҳеро дар мавриди сабаби марги ӯ ироа диҳанд. Баъзе аз онҳо (масалан, Файзулло Бадарғаев) муътақид буданд, ки ин “як қатли фармоишӣ” ва баъзеи дигарашон бошанд ақида доранд, ки ин 1 “худкушӣ” буд.

Мо тасмим гирифтем, сари ин моҷаро нуқта гузорем ва сирри фавти Роҳбар Қосимов-падари Қосим Роҳбарович Қосимов яке аз симоҳои калидии сиёсии Тоҷикистони имрӯзаро ба хонанда фош кунем. 

Умедворем, бо ҳамин матлаб, ки дар он аз забони кормандони кумитаи Амнияти РСС Тоҷикистон, ки бе восита бо ин Делои махфӣ сару кор доштанд, ҳисобот меравад (аз газетаи “Щит”), ҳама асрори ниҳонии кушторе, ки тӯли 30 соли ахир мавриди овоаҳо қарор дорад, нуқтаи тамат мегузорем. Мо Метавонем!

Амали террористӣ

Моҳи феврали соли 1974 ба муносибати таъсиси вил.Кӯлоб Бюрои КМ ҲК Тоҷикистон бюрои ташкилотро бо сарварии Роҳбар Қосимов-котиби аввали ҲК н.Хуҷанд таъсис дод (дар солҳои шӯравӣ, ки Қаҳҳор Маҳкамови раҳматӣ, қабл аз фавташ дар сӯҳбати мизи гирди “Гуфтугӯи тамаддунҳо” бешармона мегуфт, он солҳо маҳалчигӣ набуд, усулан раисони вилоятҳо ва шаҳрҳои калидии РСС Тоҷикистон клани Қистакӯзи Хуҷанд буд-мутарҷим). 

Ишғоли ин мансаб (роҳбари бюрои ташкилотӣ) маънои онро дошт, ки Қосимов баъди таъсиси вилоят роҳбарии ташкилоти ҳизбии вилояти навро ба ӯҳда мегирад. Яъне ӯро дар конфронси ҳизбӣ котиби аввали кумитаи вилоятии Кӯлоб интихоб мекунанд. 

Аммо 26.02.1974 пеш аз оғози конфронси ҳизбии вилоятӣ, субҳи барвақт дар утоқи меҳмонхонаи ҳукуматӣ ҷасади беҷони ӯро ёфтанд. Аввалин гумоне, ки баъди ёфтани ҷасади Қосимов ба миён омад, “амали террористӣ” буд. 

Чун ӯ аз зумраи номенклатураи ҳизбӣ ба шумор мерафт ва тибқи гумон террор шуда буд. Барои тафтиши ин ҳодиса кормандони аз ҳама ҳирфаии додситонӣ ва КБД РСС Тоҷикистон сафарбар шуданд. Кормандони пуртаҷриба инчунин аз Маскав низ ба Тоҷикистон омаданд. Гурӯҳи кормандони КБД Тоҷикистонро ҷонишини аввали раиси КБД ҷумҳурӣ, полковник Қурбонов Шариф Қурбонович роҳбарӣ мекард. Полковник Қурбонов зодаи деҳаи Шойбурҳони н.Хуҷанд (ҳоло Б.Ғафуров) буда, аз соли 1942 дар ниҳодҳои бехатарии кишвар фаъолият мекард. 

Кӯлобиҳои одамкуш!

Аммо новобаста ба тафтиш, пеш аз ҳама мебоист марҳум Қосимовро ба хок супурд. Бинобар ин ҷасади марҳумро ба ш.Ленинобод, ки он ҷо оила ва наздиконаш ба сар мебурданд, интиқол доданд.

Дар ш.Ленинобод бошад он шабу рӯз сару садоҳое паҳн шуданд, ки гӯё кӯлобиҳо Роҳбар Қосимов-инсони воло ва ташкилотчии хубӣ сохтмони сохти сотсиалистиро ба қатл расонидаанд. Аз ин рӯ, рӯҳонияти расмии вилоят низ дар ин амр дахл ва нисбат ба ин қазия фатвои худро содир карданд. Тибқи фатвои онҳо Қосимов “Шаҳид” шудааст ва ӯ бояд ҳамчун шаҳид ба хок супурда шавад. Дар ш.Ленинобод бошад он шабу рӯз дар ҳама ҷо-нақлиёт, бозорҳо, беморхонаҳо, заводу фабрикаҳо, ташкилотҳои давлатӣ танҳо дар бораи 1 чӣ мегуфтанд: “Шумо шунидед, ки кӯлобиҳо Роҳбар Қосимовро буғӣ кардаанд?” ва дар ҷавоб мегуфтанд: “Ба ростӣ, ин кӯлобиҳо ваҳшианд”. Овардани ин “далелҳо” аз он ҷиҳат муҳим аст, ки: 

1.Барои рӯҳонияти мусалмон чи гуна аз дунё рафтани Қосимов бисёр аҳамият дошт; агар ӯро қасдан кушта бошанд, бояд чун “шаҳид” ба хок супорида шавад. 

2.Агар ин амал худкушӣ бошад, ӯро бояд дар 1 гӯшаи қабристон ба хок супоранд, то диндорон бидонанд, ки худкушикарда дар қабристони мусалмонон ҷой надорад.

Тавре болотар гуфтем, Қосимов он ҳангом мартабаи “шаҳид”-ро сазовор ва дар қабристони мусалмонон дафн карда шуд.  

3. Сару садоҳо дар мавриди марги ӯро ашхоси алоҳида ба нафъи худ истифода мебурданд ва мекӯшиданд миёни мардум шимолу ҷануб маҳалгароӣ ва бадбиниро ба роҳ монанд. 

Шиносоӣ бо Делои махфӣ

Миёнаҳои солҳои 70 муаллифи ин сутур (дар оянда-Садиров), ки дар вил.Ленинобод кор мекард, бо сабаби беморӣ дар табобатгоҳ қарор дошт ва шоҳиди гуфтугӯи зерини 1 гурӯҳи беморон шуд:

1 нафар нақл мекард, ки дар Данғара ҳини алафдаравӣ 1 хуҷандиро мор газид ва ӯ бар асари ин ҷон дод. Ҳозирини ин сӯҳбат ба “оҳу воҳ” даромада, дуввумӣ гуфт: “Охир, дар Кӯлоб ин ваҳшиҳо Қосимови моро буғӣ карданд, шумо боз чӣ мехоҳед?...” 

Ҳозирин баъди ин далел бо 1 овоз хитоб карданд: 

“Дар Кӯлоб чӣ одамон ва чӣ морҳояшон ваҳшианд”.

Дар ҳақиқат, ба шаҳодати Карим Ҳасанов-ҷонишини собиқи додситони кулли ҷумҳурӣ ва Файзулло Бадарғаев-сокини ш.Кӯлоб ва дигарон, бо гумони “амали террористӣ” он шабу рӯз чанд тан аз пешвоёни ғайрирасмии ш.Кӯлоб ба ҳабс гирифта шуданд ва КМ ҲК Тоҷикистон бошад қотеъона талаб мекард, ки ташкилкунандагон ва иҷрокунандагони терактро дар кӯтоҳтарин муддат ёфта, ба ҷазои ҷиноӣ кашанд. Аммо ҷонишини аввали раиси КБД ҷумҳурӣ Ш.Қурбонов ва К.Ҳасанов, ки ҳар 2 аз кормандони касбӣ ва пуртаҷриба буданд, баъди 3 моҳи тафтиш (аз моҳи март то моҳи майи с.1974) хулоса бароварданд: 

“Ин ҳодиса на амали террористӣ, балки худкушӣ буд”.

Дар навбати худ роҳбарияти КМ ҲК Тоҷикистон аз роҳбарияти КБД ва Додситонӣ талаб кард, ки маълумотҳо оид ба худкушии Қосимов махфӣ нигоҳ дошта шаванд ва аз ин касе хабар наёбад. Бигзор мардум гумон кунанд, ки ин теракт буд, чун ӯ оила ва фарзанд дорад. Равони онҳоро набояд ҷарроҳатдор кард...

Аз ин бармеояд, ки КМ ҲК Тоҷикистон дар мавриди оила ва фарзандони Қосимов сахт ғамхорӣ мекард. Инчунин обрӯ ва эътибори ҳизби коммунист низ дар мадди назари раҳбаронаш буд. Аммо ин ки марги ӯро бо навоҳии Кӯлоб рабт медиҳанд ва даҳҳо пешвои ғайрирасмии ш.Кӯлоб дар ин қазия бадном шудаанд, онҳоро заррае ташвиш намедод. Ба ибораи дигар онҳо миёни 2 вилоят тухми бадбинӣ коштанд:

“Бигзор одамон гумон кунанд, ки кӯлобиҳо бераҳманд ва шимолиҳоро бад мебинанд!”...

Роҳбар Қосимов тӯморро маблағи калон пардохта, шахсан худаш аз мулло Абдуқодир-домуллои қошғарӣ, ки агенти пинҳонии КГБ буд, дарёфт кардааст ва муҳтавои ин тӯмор (Ҳайкал) нигаҳдорӣ аз чашми бад ва кушоиш дар корҳо буд...

Коммунисти тӯморпараст

Карим Ҳасанов (узви Ихвон ал СССР ва дӯсти газетаи мо, Худо раҳмат кунад, ҳамин сол гузашт! аз СССР) дар ёддоштҳояш зикр карда буд, ки аз Роҳбар Қосимов баъди маргаш тӯмореро дарёфт намуда буданд. Дар ҳақиқат Роҳбар Қосимов бо худ тӯморе дошт, ки бо ҳуруфи арабӣ чизе бар он навишта шуда буд. Мутахассиси шарқшиноси КГБ РСС Тоҷикистон ин тӯморро ба русӣ тарҷума кард. Тумори Роҳбар Қосимов ба таъбири имрӯза "барои кушоиши кор" буд, ки аз чашми бад ва чизҳои дигар соҳиби худро ҳифз мекард. Аммо ин ҷо 2 масъала норавшан монда буд:

1.Муаллифи тӯмор кист, яъне кӣ ба Роҳбар Қосимов ин тӯморро дода буд ва чаро соҳиби тӯмор барои гирифтани он исрор дошт? 

2.Сабаби бевоситаи худкушӣ чист? Чаро Роҳбар Қосимов даст ба ин иқдом зад?

Ҳалли ин масоил ба зимаи Раёсати КГБ РСС Тоҷикистон дар вилояти Ленинобод вогузор карда шуд.

Дар ҷустуҷӯи тӯморнавис

Моҳи ноябри соли 1974 ба шаҳри Ленинобод ҷонишини аввали раиси КГБ, полковник Қурбонов Шариф Қурбонович ташриф овард. Меҳмони олиқадрро дар фурудгоҳ сардори раёсати КГБ Ленинобод, полковник Алексей Кочелаев пешвоз гирифт. Тақрибан соатҳои 11 Кочелаев тавассути алоқаи дохилӣ бо капитан Садиров тамос мегирад ва ӯро ба наздаш даъват мекунад. Садиров он шабу рӯз дар шӯъбаи идеологии раёсат фаъолият дошт. Дар утоқи кории сардори раёсат 2 нафар-Ш.Қурбонов ва соҳиби утоқ, полковник Кочелаев нишаста буданд. Баъд аз пурсуҷӯи муқаррарӣ полковник Қурбонов иброз намуд: 

"Махсус барои ошноӣ бо фаъолияти Садиров омадааст ва ҳамзамон мехоҳад ба ӯ кӯмаки амалӣ расонад". Қурбонов таъкид кард, ки "ӯ ҳанӯз бо фаъолияти оперативӣ дар қиболи пешгирӣ намудани фаъолияти ифротгароёнаи қисме аз рӯҳонияти мусалмон, ба хусус дар шимоли ҷумҳурӣ ошноии комил надорад. Ва агар Садиров битавонад дар миёни ин қишри хос нуфуз пайдо кунад, ҳамеша метавонад набзи воқеаҳоро, на танҳо миёни ин қишр, балки билкулл дар минтақа, дар даст дошта бошад”.

Баъд аз ин Шариф Қурбонович ба асли масъала гузашт ва Садировро аз амалиёти оянда огоҳ кард. Полковник Қурбонов дастур дод: 

1.Рӯҳониеро, ки ба Роҳбар Қосимов тӯмор додааст, мушаххас кунед. Баъд аз ёфтан бо ӯ дар мавриди тӯмораш ва сабаби муроҷиати Роҳбар Қосимов ба ӯ муфассал сӯҳбат кунед.

2.Аниқ кунед, ки кадом 1 аз рӯҳониёни масҷиди "Шайх Муслиҳиддин" ба ҷанозаи марҳум имоматӣ мекард ва дар сӯҳбат бо ӯ ҷӯё шавед, ки чи чизро дар мавриди марги Роҳбар Қосимов медонад.

Дар охири сӯҳбат Қурбонов ва Кочелаев аз Садиров хоҳиш карданд, ки ҳама чизи шунидаашро махфӣ нигаҳ дорад ва тамоми мушкилоти пешомадаро бевосита бо сардори раёсат полковник Кочелаев ҳаллу фасл намояд. Полковник Қурбонов 3 рӯз дар утоқи кории Садиров қарор гирифт ва тамоми фаъолияташро омӯхта, аз он қаноатмандӣ баён кард. Баъд аз рафтани Қурбонов капитан Садиров ба ҷустуҷӯи муллоҳо даромад.

Муллои қошғарӣ

Капитан қарор дод, пеш аз ҳама исми муаллифи тӯморро муайян кунад. Дар натиҷаи таҳлили маълумоти оперативӣ, дар мавриди фаъолияти ғайриҷамъиятии рӯҳоният, маълум шуд, ки дар вилояти Ленинобод танҳо 1 нафар рӯҳонӣ тӯмор менависад. Ин нафар мулло Абдуқодир ё "домуллои қошғарӣ" ном дошт. 

Мулло Абдуқодир 65 сол дошт ва пештар дар Чин зиндагӣ мекард. Баъди омадан ба Шӯравӣ дар Ленинобод сокин шуд ва дар масҷиди "Шайх Муслиҳиддин" фаъолият мекард. Мулло Абдуқодир аз муллоҳои барҷаста маҳсуб меёфт ва ба наздаш сокинони зиёд аз навоҳии гуногуни вилоят ва ҳатто аз вилояти Фарғонаи Узбакистон ҳам меомаданд. Инчунин 1 қатор роҳбарони ҳизбӣ ва ҳукуматӣ низ аз мизоҷони мулло Абдуқодир ба шумор мерафтанд. 

Тафтиши пешакӣ ҳамаи ин маълумотҳоро муайян кард ва онҳо ҳуҷҷатнигорӣ шуданд. Аммо ташвишовар он буд, ки ба назди мулло Абдуқодир, барои соҳиб шудан ба тумор (раднома, ҳайкал) роҳбарони ҳизбӣ ва советии дар вилояти Ленинобод маъруф низ муроҷиат кардаанд. Аммо исми ин ашхос барои тафтишот махфӣ боқӣ монд. Тафтишот қарор дод ба ҳар васила исми ин ашхосро муайян намояд. Дар натиҷаи тафтишот инчунин маълум шуд, ки "муллои қошғарӣ" дар гузашта, "сарчашмаи оперативӣ" ва ба таъбири омиёнатар "агенти" КГБ буд. Гарчӣ КГБ аз "муллои қошғарӣ" ҳеҷ асрори муҳиме касб накарда буд, чекистон қарор доданд аз ин вежагии мулло истифода баранд. 

Капитан қарор дод ба хонаи домулло ҳозир шавад ва бо ӯ сӯҳбат кунад, то исми ашхоси даркориро фош созад. Дар ҳолати розӣ нашудани домулло, Садиров ӯро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида, дар кумитаи маҳалла муҳокима мекунад. Сардори раёсат полковник Кочелаев баъди фикри тӯлонӣ ба амалиёт розигӣ дод. Капитан Садиров баъди муайян кардани ҷои зисти мулло, дар яке аз рӯзҳои чоршанбе, ҳангоми соатҳои қабули мизоҷон ӯро зиёрат кард. 

Мулло-стукач клиентҳояшро мефрӯшад!

Мулло Абдуқодир одами қавиҷуссае буд ва кам ҳаракат мекард. Дар назди домулло чанд китоб бо ҳуруфи арабӣ, аз ҷумла, Қуръон қарор гирифта буд. Мулло дар оғоз капитанро яке аз мизоҷони навбатӣ гумон ва дарҳол ба пурсидан шурӯъ кард, ки аз чи шикоят доред ва куҷоятон дард мекунад. Садиров дар ҷавоб мегӯяд, ки мушкилу дарди чандоне надорад ва ӯро бошад ба хотири фаъолияти ғайриқонуниаш зиёрат кардааст. Дар баробари ин капитан, папкаи дасташро боз кард ва дастаи ҳуҷҷатҳоро берун оварда, ба мулло дароз намуда, мегӯяд : "Бо ин ҳуҷҷатҳо чӣ кор кунем? Шумо худатон чӣ тавсия медиҳед?". 

Мулло Абдуқодир марди доно ва зираке буд. Ӯ пеш аз ҳама аз капитан суол кард: "Оё шумо медонед, ки ман дар гузашта ба ташкилоти шумо кумак мекардам?". Садиров ҷавоб медиҳад: "Шумо танҳо дар рӯйхат будед, дар асл бошад ҳамеша аз мо дурӣ меҷустед ва дар баъзе маворид ҳам мехостед ба мо халал расонед". Мулло Абдуқодир баъди каме андеша гуфт: “Ҳоло шумо аз ман чӣ мехоҳед?" Садиров мегӯяд: Фамилия ва номи роҳбарони масъулро, ки аз шумо тумор гирифтаанд, номбар кунед. Мулло Абдуқодир мегӯяд: "Оё баъд аз ин шумо маро ором мегузоред?" Капитан посух медиҳад, ки "Мебинем". Баъди каме хомӯшӣ муллои қошғарӣ мегӯяд: "Инчунин аз роҳбарони масъул танҳо чанд нафар буданд ва агар мехоҳед ному фамилияи онҳоро бинависед".

Садиров коғазе берун кард ва ба навиштан даромад. Мулло Абдуқодир хеле оҳиста ҳарф мезад. Ӯ иқрор кард, ки ба чанд раиси колхоз ва қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ аз навоҳии гуногуни вилоят ва ба котиби аввали кумитаи ҳазбии ноҳиявӣ тӯмор додааст. Аз сӯҳбати мулло капитан муайян кард, ки танҳо 3 нафар аз кормандони масъули ҳизбӣ ва шӯравӣ барои гирифтани тӯмор ба ӯ муроҷиат кардаанд. Садиров коғазҳояшро ҷамъу гир кард ва аз мулло пурсид:

"Ин роҳбарон зарурати гирифтани тӯморро чӣ арзёбӣ мекарданд?”

Мулло Абдуқодир гуфт: "Бештарашон аз чашми бад метарсиданд ва мехостанд бо ин роҳ худро муҳофизат кунанд". 

Дар натиҷа маълум карда шуд, ки Роҳбар Қосимов тӯморро аз мулло Абдуқодир дарёфт кардааст ва мӯҳтавои ин тумор (Ҳайкал) нигаҳдорӣ аз чашми бад ва кушоиш дар корҳост. Дар баробари ин Роҳбар Қосимов шахсан домуллоро зиёрат карда, муллои қошғарӣ бо супориши ӯ дар зарфи чанд рӯз туморро омода сохт. Пас Роҳбар Қосимов боз шахсан барои гирифтани тумор назди мулло рафта, бо пардохти маблағи калон тӯморро аз дасти мулло гирифт. Капитан Садиров аз натоиҷи амалиёти худ сардори Раёсат полковник А.Кочелаевро огоҳ намуд ва дар навбати худ, тавассути алоқаи "ВЧ" бо полковник Қурбонов, дар Душанбе дар тамос шуд.

Қорӣ Насруллоҳ қайд кард, ки чун ба ӯ гуфта буданд, Роҳбар Қосимовро дар шаҳри Кӯлоб буғӣ карда куштаанд, ҷанозаашро мисли "шаҳид" баргузор намуд...

Ҷанозаи Қосимовро кӣ хонд?

Масъалаи муҳими дигар пай бурдан ба сабабҳои худкушии Роҳбар Қосимов буд. Барои муайян сохтани сабаби худкушии ӯ, капитан Садиров бо Вакили Шӯро оид ба корҳои дин дар назди Шӯрои Вазирони СССР-Асроров дидор намуд. Асроров дар шӯъбаи ленинободии Шӯро заҳмат мекашид ва вилоятро хуб медонист ва аз ҳама муҳимтар нафақахӯри Раёсати Ленинободии КГБ маҳсуб мешуд. Садиров аз Асроров хоҳиш кард, то муайян кунад, ки кадом яке аз рӯҳониёни масҷиди "Шайх Муслиҳиддин" дар авохири моҳи феврали с.1974 намози ҷанозаи Қосимовро сарварӣ мекард. Баъди муайян кардани домуллои ҷанозахон, Асроров бояд ӯро барои сӯҳбати маҳрамона ба утоқи кориаш даъват менамуд ва ба Садиров хабар медод. Баъди 3 рӯз ӯ ба Садиров занг зад ва капитанро ба наздаш таклиф намуд, ки қорӣ Насруллоҳ, муаззини масҷиди "Шайх Муслиҳаддин" меҳмони утоқи кории Асроров буд. Асроров баъди андак таваққуф, бо баҳонае утоқро тарк кард ва Садиров бо қорӣ Насруллоҳ танҳо монд. Капитан аз қорӣ суол кард, ки оё ӯ ба ҷанозаи Роҳбар Қосимов дар авохири моҳи феврали с.1974 сарварӣ намудааст? Қорӣ Насруллоҳ посух дод:

"Ин ҳодиса зимистони соли 1974 иттифоқ уфтод. Яке аз наздикон ё дӯстони марҳум ба масҷид омад, то рӯҳониеро барои анҷоми ҷаноза даъват кунад. Ӯ ҳаққи хидматро пардохт кард ва ба ӯ квитансия ҳам доданд. Сипас дар дафтари зиёраткунандагон қайд карданд. Баъд аз ин сандуқдори масҷид маро ба наздаш даъват кард ва гуфт, ки бо сабаби набудани имом-хатиб ва имом, шумо бояд биравед ва амали ҷанозаро анҷом диҳед. Ман низ бо нишонии муайяншуда, хонаеро дар кӯчаи Ходжентская (ҳоло кӯчаи Аминҷон Шукӯҳӣ)-и ш.Ленинобод зиёрат кардам. Дар хона мардуми зиёде қарор дошт ва аз сӯҳбатҳо бо мардум бароям маълум шуд, ки марҳумро мебоист котиби аввали кумитаи ҳизбии вилояти Кӯлоб интихоб мекарданд, лек ӯро бо банд ё бандак буғӣ кардаанд”.

Ҷанозаи коммунисти “шаҳид”

Қорӣ Насруллоҳ қайд кард, ки чун ба ӯ гуфта буданд, Қосимовро дар ш.Кӯлоб буғӣ кардаанд, ҷанозаашро мисли "шаҳид" баргузор кардааст. Қорӣ инчунин қайд кард, ки дар маросими 7 ва 40 рӯзи марҳум низ ҳузур дошт ва зани марҳумро хуб мешиносад. Қорӣ ӯро чун зани "бо маълумот, бо савод ва хушчақчақ" муаррифӣ кард. Дар хотимаи қиссаи худ қорӣ Насруллоҳ қайд намуд:

"Умуман, дар ш.Ленинобод сару садоҳо паҳн шудаанд, ки гӯё кӯлобиҳо намехостаанд кумитаи вилоятии ҳизбро ленинободиҳо сарварӣ кунанд. Онҳо кадрҳои худашонро доштаанд. Ба ин хотир Роҳбар Қосимовро буғӣ кардаанд”. 

Садиров дар навбати худ қайд кард, ки дар ҳақиқат аз аввал тахмини "амали террористӣ" яъне Роҳбар Қосимовро шахсони манфиатдор бо сими чойники барқӣ буғӣ кардаанд, асоситарин самти тафтиш қарор гирифта буд. Аммо тафтишот муайян кард, ки ин амал бештар ба худкушӣ шабеҳ аст. Аз ин рӯ, муайян кардани сабабҳои худкушии Қосимов бениҳоят муҳиманд. Қорӣ Насруллоҳ андаке фикр кард ва сипас гуфт:

"Дар ҳалли ин масъала ман чӣ кӯмаке метавонам бикунам? Ман танҳо 1 муаззинам, гарчанд зани марҳум бо ман хело меҳрубон аст ва ман ба ҳайси қории Қуръон маросими ҷаноза, 7 ва 40 рӯзи марҳумро худам баргузор кардаам. Ман Қуръонро аз ёд медонам, аммо росташ забони арабиро балад нестам".

Қорӣ ба КГБ кӯмак мекунад

Капитан Садиров дар навбати худ қорӣ Насруллоҳро ором кард, ки дар бобаташ танҳо маълумоти мусбат дорад ва ӯ қориро чун донандаи Қуръон мешиносад ва медонад, ки миёни мардум шӯҳрату овозаи зиёд дорад. “Маҳз ба ҳамин хотир баъди андешаи тӯлонӣ, қарор додем ба шумо муроҷиат кунем. Мо бовар дорем, ки шумо метавонед дар ҳалли ин масъала рӯшанӣ андозед!”. Қорӣ баъди шунидани ин таърифҳо худро озодтар ҳис кард ва билохира розӣ шуд дар муайян намудани сабабҳои худкушии Р.Қосимов ба ниҳодҳои КГБ кумак кунад. Аммо чи кор бояд кунад ҳоло намедонад. Капитан низ ба хотири маълумоти мусбате, ки дар бораи қорӣ дошт, ба ӯ ҷузъиёти амалиётро фаҳмонда хоҳиш намуд:

-Ба зани Роҳбар Қосимов рӯзи панҷшанбе занг занед ва бигӯед, ки баъди намози пешин ӯро зиёрат мекунед ва дар ҳаққи марҳум хатми қуръоне мебахшед. Бо ин баҳона аз ӯ ба ҳайси рӯҳонӣ чанд суол кунед. Пеш аз рафтанатон ба назди ӯ, ман шуморо дар утоқи кории Асроров интизор мешавам. Ману шумо дар мавриди суҳбати ояндаатон бо зани марҳум Роҳбар Қосимов бояд дақиқан гуфтугӯ кунем. 

Рӯзи панҷшанбе қорӣ Насруллоҳ ба ҷои кори Асроров омад ва бо Садиров дидор кард. Садиров ба қорӣ муҳтавои суҳбаташ бо зани Р.Қосимовро фаҳмонд. Ба қорӣ магнитофони хурдакаке доданд, ки қудрати сабти 5-соатаро дошт. 

Акнун кӯтоҳ дар бобати муҳтавои суҳбат бо зани Роҳбар Қосимов: 

"Шумо бояд қайд кунед, ки марҳумро тибқи аҳкоми "шаҳид" дафн кардаанд, аммо ҳамчун рӯҳонӣ ман бояд аз ҳақиқати ин моҷаро ва сабабҳои аслии марги ӯ воқиф бошам. Аз ӯ тақозо кунед, ки агар аз моҷаро огоҳ аст, бояд ҳақиқатро возеҳу равшан ба шумо баён кунад. Бигӯед мусалмон бояд дурӯғ нагӯяд. Баъди анҷоми суҳбат шумо боз ба ҷои кори Асроров ҳозир мешавед ва магнитофонро ба ман медиҳед". 

Варақаи шахсӣ

Барои муҳофизати дастгоҳи сабтӣ аз болои қорӣ Насруллоҳ назорати махфӣ ба роҳ монда, каме дуртар аз хонаи Роҳбар Қосимов бошад, пости назорати гуфтугӯи онҳо таъсис дода шуд. Капитан Садиров дар утоқи Асроров мунтазири қорӣ монд.

Бояд қайд кард, ки қорӣ Насруллоҳ на фақат қории хуби Қуръон, балки ҳамсуҳбати хубе ҳам буд. Ӯ хеле моҳирона суҳбатро роҳандозӣ намуд ва тақрибан 4 соат бо зани марҳум гуфтугӯ кард. Тақрибан соатҳои 6-и бегоҳ қорӣ дубора ба ҷои кори Асроров ҳозир шуд, то магнитофонро дода, Садировро аз муҳтавои суҳбаташ бо зани марҳум огоҳ созад. Аммо авзои руҳии қорӣ каме ошуфта ба назар мерасид. Садиров пурсид "Метавонед барои мо чизе нақл кунед?".

Қорӣ каме ба худ омад ва гуфт, ки суҳбат бо зани марҳум Роҳбар Қосимов ба ӯ таъсири зиёде расонидааст ва ӯ тақрибан ҳама чизро дар хотираш нигаҳ доштааст.

Аз шаҳодати зани Роҳбар Қосимов

Инак, нақли қорӣ Насруллоҳ дар бобати суҳбаташ бо зани Роҳбар Қосимов:

"Тибқи тавсияи шумо, баъди хатми Қуръон, онҳое, ки аз масҷид бо ман омада буданд (3 нафар) хонаро тарк карданд. Ман бошам аз ӯ хоҳиш кардам барои суҳбати маҳрамонае каме вақт ҷудо кунад. Дар рафти суҳбат аз сабабҳои марги марҳум ёдовар шудам ва гуфтам: Мо ходимони дин бо анҷоми ҷаноза масъулияти азим ба гардан мегирем. Ва шумо ҳам медонед, ки ман марҳумро "шаҳид" эълон кардаам. Бинобар ин аз шумо хоҳиши зиёд дорам, ҳамчун мусалмон ростии ин моҷароро (агар медонед) ба ман бигӯед"... 

Бо кадом рӯй ба рафиқ Расулов гӯям, ки варақаи шахсӣ ва тарҷумаи ҳоламро ба ҷои ман занам пур мекард, чунки ҳусни хатти хуб надорам? Ин шармандагиро чӣ гуна таҳаммул кунам: Дидор ба қиёмат...

Иқрори завҷаи Қосимов: Ӯ худкушӣ кард!

25 феврали соли 1974, тақрибан соатҳои 16 шавҳари ман Роҳбар аз Кӯлоб занг зада гуфт, ки дар конфронси ҳизбии шаҳрӣ ҳузур дошт ва дар ҳамин вақт ӯро Ҷаббор Расулов-котиби аввали ҲК Тоҷикистон ба назди телефон даъват мекунад. Расулов ба ӯ мегӯяд, ки аз КМ ҲКИШ занг задаанд ва аз варақаи шахсии ӯ ва тарҷумаи ҳолаш тааҷҷуб кардаанд.

“Матни ин ҳуҷҷатҳо бо имзои шумо тафовут доранд” меафзояд Расулов ва аз шавҳарам дархост кардааст, то соати 9-и субҳи 26 феврали соли 1974 шахсан ба ӯ варақаи шахсӣ ва тарҷумаи ҳоли аз нав пуркардаро ирсол намояд. Бинобар ин шавҳари марҳумам аз ман хоҳиш кард, бо диққат варақаи шахсиашро пур кунам ва тарҷумаи ҳолашро навишта, бо рейси бегоҳирӯзии тайёра ба Душанбе биёрам. 

Рейси сархӯр

Мо бояд дар Душанбе вомехӯрдем. Дар навбати худ ман ба фурудгоҳ тамос гирифтам ва барои худ чиптаи тайёраро барои соати 22 фармоиш додам ва ба тартиб додани ҳуҷҷатҳои мазкур пардохтам. 25 феврал, соати 20:00 ман аллакай дар фурудгоҳи Хуҷанд ҳозир будам, аммо мутаассифона он рӯз ҳаво барои парвоз номусоид буд ва тайёраҳо ҷониби Душанбе парвоз намекарданд. Мо дар фурудгоҳ дӯстони наздик доштем ва ман аз онҳо хоҳиш кардам, ки бо мусоид гардидани обу ҳаво ба хонаи мо занг зананд, чун ман ҳатман то соати 9-и субҳи 26 феврал бояд дар Душанбе бошам. Баъди баргаштан ба хона ман ба шавҳарам занг задам ва вазъиятро барояш фаҳмондам. Гуфтам, ки ҳуҷҷатҳо омодаанд ва бо мусоид шудани ҳаво ва оғози парвози тайёраҳо, дӯстон аз фурудгоҳ маро огоҳ мекунанд ва ҳатман ба Душанбе мефиристанд. 

Субҳи барвақт (тақрибан соатҳои 5)-и 26 феврал дӯстон аз фурудгоҳ занг заданд ва гуфтанд, ки парвози тайёраҳо то соати 10 мутаваққиф гардидааст. Бадбахтона он рӯз то нисфирӯзӣ тайёраҳо парвоз накарданд.

Сӯҳбати охир: чигуна ба Расулов гӯям, ки ин хатти занам аст?

Ман дар навбати худ ба Кӯлоб занг задам ва қазияро барои шавҳарам иттилоъ додам. Марҳум 2-3 дақиқа хомӯш буд ва баъд гуфт: 

"Аз афташ тақдир чунин будааст. Ин гуна шармандагиро ман наметавонам таҳаммул кунам. Ҷаббор Расулов шахси аввали кишвар аст ва агар ӯ гуфт, ки соати 9-00 дар наздаш ҳозир шавам, бояд дастури ӯро мӯ ба мӯ иҷро кард. Ман бошам ин корро карда натавонистам. Ба замми ин бо кадом рӯй ба ӯ мегӯям, ки варақаи шахсӣ ва тарҷумаи ҳоламро ба ҷои ман занам пур мекард ва ман танҳо онҳоро имзо мекардам, чунки ҳусни хатти хубе надорам? Ин шармандагиро чӣ гуна таҳаммул кунам... Бинобар ин хайр, дидор дар қиёмат. Фарзандон аллакай бузург шудаанд. Кӯшиш кун онҳо соҳиби маълумоти олӣ гарданд". 

Ман гирён шуда, илтиҷо мекардам ин корро накунад. “Ба фарзандон падар лозим аст. Ту метавонӣ ба ҳайси агроном кор кунӣ. Хоҳиш мекунам, моро танҳо нагузор!”-фиғон мекашидам ман.

Аммо ӯ боз такрор кард: "Алвидоъ, дидор дар қиёмат". 

Чунин аст қиссаи худкушии ӯ. Бо телефон ман бо ӯ соати 5:30 дақиқаи 26 феврал сӯҳбат карда будам... 

Расулов: Бигзор фикр кунанд, ки ӯро кӯлобиҳо куштаанд...

Садиров аз қорӣ Насруллоҳ ташаккур кард ва ҳангоми тартиб додани ҳуҷҷат барои роҳбарияти КГБ аз ҷониби мо иловатан сабти магнитофони дастӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Бояд қайд кард, ки Қорӣ Насруллоҳ тамоми сӯҳбаташро бо зани Роҳбар Қосимов ёддошт карда буд. Сардори раёсати КГБ дар вилояти Ленинобод, полковник Кочелаев баъди ошноӣ бо ҳуҷҷатҳои тафтишотӣ, ба капитан Садиров дастур дод, ки маълумотномаро барои роҳбарияти КГБ ҷумҳурӣ омода намояд. Дар навбати худ раиси КГБ РСС Тоҷикистон-В.Шевченко тариқи алоқаи "ВЧ" ба А.Кочелаев занг зада гуфт, ки бо ҳуҷҷатҳо дар бобати сабабҳои худкушии Роҳбар Қосимов котиби аввал ва дуввуми КМ ҲК Тоҷикистонро ошно кард.

Ҷаббор Расулов дар навбати худ дархост мекунад, ки худкушӣ ва сабабҳои худкушии Роҳбар Қосимовро ошкор накунанд! Ва инак 40 сол боз муаллифи ин сатрҳо сабабҳои худкушии Роҳбар Қосимовро махфӣ нигаҳ дошт ва ин розро бо касе дар миён нагузошт. Карим Ҳасанович Ҳасанов-собиқ муовини Генпрокурори РСС Тоҷикистон дар ёддоштҳояш қайд мекунад, ки ҳангоми азназаргузаронии ҷасади Роҳбар Қосимов муайян гардид, ки ӯ пешакӣ барои марг тайёрӣ медид. Дар ҳақиқат баъди хайрухуш бо занаш Роҳбар Қосимов чун фарди мусалмон худро барои марг омода сохт: Таҳорат намуд, либоси тоза ба тан кард, баданашро аз мӯй тоза намуд ва баъд бо сими чойники барқӣ худро буғӣ сохт.

Охирсухан

Хонандаи муҳтарам! Моҳи декабри соли 2003 ба муносибати 86-умин солгарди таъсиси ниҳодҳои КГБ аз ҷониби муаллифи ин сатрҳо мақолаи таҳлилие таҳти унвони "Дар бораи терроризм дар Тоҷикистон дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ" омода карда шуд, ки дар рӯзномаи мустақили "Щит" рӯи чоп омад. Дар мақола давраи солҳои 50 то 90-и асри ХХ мавриди таҳлил қарор дода шуд. Дар ин давра дар кишвари мо киллерҳо ё террористони ҳирфаӣ аслан вуҷуд надоштанд. Онҳо баъдан, замони ҷанги шаҳрвандӣ пайдо шуданд. Нуқтаи муҳими дигар ин, ки дар солҳои 70 роҳбарони минтақаи Кӯлоб ба хубӣ мефаҳмиданд, ки ҳеҷ кадом аз онҳоро ба вазифаи котиби аввали вилоятии КМ ҲК Тоҷикистон пешбарӣ намекунанд. Бинобар ин аз куштани Роҳбар Қосимов барои онҳо ҳеҷ фоидае ҳосил намешуд. Аз ин хотир хулосабарориҳои 1 қатор муаллифон дар саҳифаҳои рӯзномаҳо дар мавриди қатли фармоишии Роҳбар Қосимов дар вилояти Кӯлоб, ҳеҷ асоси воқеӣ надоранд. Тамом ва-с-салом...

 

Мутарҷим Зокирҷон Бобоев,

(манбаъ: газетаи «Щит». №1(55), 12.05.2016)

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter