ХАБАРИ ДОҒ

Панҷакент: Ба деҳқон «ход» намедиҳанд

  • Ҷумъа, Окт 14 2016

Барои аз байн бурдани тиҷорати кӯчагӣ ҳукумати ш.Панҷакент тасмим гирифта буд, ки бозореро дар паҳлӯи боғи марказӣ таъсис диҳад. Зимнан деҳқононе, ки дар кӯчаҳо даст ба савдо мезаданд ба ин бозор кӯч дода шуданд. Имрӯз ин бозор бо унвони «ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ» амал мекунад. Лек деҳқонони асил, ки имрӯз ҳам дар қади роҳҳо пайдо шудаанд, ҳангоми сӯҳбат гуфтанд, ба мо дар ин бозори навбунёд ҳам роҳ нест! Чунки ба гуфтаи онҳо савдогарони бозори марказӣ инҷоро низ ғасб карда онҳоро ба ин бозор ҳам роҳ намедодаанд. Эшон мегӯянд тамоми нуқтаҳои ин бозори навбунёдро туҷҷори бозори марказии шаҳр, ки бо унвони «Деҳқонбозор» ёд мешавад, ғасб карда ба ҷаллобӣ машғуланд. Деҳқонзане, ки дар қади роҳ ба савдои ангур машғул буд, дар суҳбат гуфт: «Замоне, ки мо ин ё он маҳсулоти хешро меорем онҳое, ки дар ин бозорҳо таври доимӣ савдо мекунанд, намегузоранд, ки маҳсулоти хешро барои мардум фурӯшем. Зеро фаразан ангуре, ки мо мебиёрем бо арзиши 2-3 сомонӣ мефурӯшем. Вале ҳамин ангурро ин савдогарон аз дасти мо гирифта, 7 сомонӣ ба фурӯш мезананд. Дар ин ҳолат мо-деҳқонон бадном мешавем. Куҷост адолат?! Моле, ки истеҳсол мекунем тавассути савдогарон ҳамарӯза ба фурӯш меравад. Ҷое надорем, ки бо нархи арзон маводи хешро фурӯшем. Маҷбурем, ки дар кӯчаҳо дастранҷи арзонамонро, ки ҳатто меҳнатамонро рӯпӯш намекунад, ба мардум фурӯшем».

 Тоҷикматлубот тасдиқ мекунад

Ба бозори навбунёд нарафтани деҳқонон аз сӯи кормандони Тоҷикматлубот ҳам тасдиқ мешавад. Ибодулло Раҳимов-иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷамъияти матлуботи ш.Панҷакент дар суҳбат гуфт: «Воқеан, чунин ҳолатҳо ҷой доранд. Иддае аз онҳое, ки дар ин бозори марказӣ ба савдо машғул буданд, имрӯз бо баҳонаи он ки чандон савдо дар ин бозор хуб нест, ба бозори навбунёд кӯч бастаанд. Дар ҳамин ҳол ин савдогарон чанд нуқтае дар ин бозори марказӣ доранду боз ба ярмарка рафтаанд. Ин ҳолат боиси он шудааст, ки маблағи ҷои ишғолкардаашон дар бозори марказиро бо баҳонаи он, ки савдо надоранд, намепардозанд. Зимнан бозори марказӣ наметавонад нақшаҳои молии хешро иҷро намояд».

Ярмаркаи деҳқон низ ҷои ҷаллобон шуд

Дар аввал дар ин бозор дар ҳақиқат деҳқонон машғул ба савдо буданду нархҳо хеле арзон. Аммо баъди муддате ҷои деҳқононро боз савдогарон ғасб карда аз деҳқони асил маҳсулотро арзон харида гарон мефурӯшанд. Дар ин бозор ба ҷуз маблағе, ки барои посбону рӯбандаҳо 3 сомонӣ муқаррар шудааст, дигар пардохтҳо мамнӯъанд. Вале савдогарони ин бозор, ки ин ҷоро ғасб кардаанд, қимати молашонро аз рӯи салоҳдиди хеш ба роҳ мондаанд. Тибқи дастур бояд онҳо молро 40% арзон фурӯшанд, вале нарх 100% гарон аст! Харидор Шамсӣ Нарзиев мегӯяд, «агарчӣ аз рӯи шунидам фурӯшандагони ин ярмарка-бозор андоз ва дигар молиётро намепардозанд, вале нархҳои муқарраркардаи инҳо нисбати бозори марказӣ ва кӯчаҳои шаҳр то 2 маротиб зиёд аст. Дар ҳайратам, ки чаро ниҳодҳои масъул нисбати ин гуна ҷаллобӣ ва қаллобии ин майдатоҷирон чорае намеандешанд?»

Ин дар ҳолест, ки тибқи омори расмии раёсати кишоварзии ш.Панҷакент деҳқонон 3420 тонна ангур, 248 тонна меваҳои гуногун, 10.908 тонна сабзавот дар тӯли 8 моҳ истеҳсол кардаанд. Вале нарх дар бозорҳо маҳз бо иллати савдогарони харидафурӯш, ки «худро деҳқони асил» мегӯянд, ҳамоно гарон асту гарон. Хулоса барои танзим ва нигоҳ доштани нарх дар бозорҳои Панҷакент ягон ниҳоди масъул ташаббус нишон намедиҳад. Мо ба гуфтаи деҳқонон амал карда мушоҳидаҳои хешро рӯи саҳфа овардем. То бубинем, ки баъди андешаҳо ва арзу шикояти деҳқонон раёсати бозорҳои мазкур барои деҳқонони асил ҷо муҳайё мекунанд, ва ё хайр? Мо метавонем!

Бибиҷон Ашӯрова,

Махсус барои СССР, ш.Панҷакент

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter