ХАБАРИ ДОҒ

Хонандаи доимии СССР, Юсуфҷон Қудратов, аз шаҳри Маскави Русия бо телефони +79261794332 ба СССР занг задаву гуфт, ки нахуст саломи паёми мухлисони СССРро аз шаҳри сераҳолии Маскав ба шумо мерасонам. Баъдан, чизи дигаре, ки имрӯз обрӯи Миллати Тоҷикро дар хориҷ аз кишвар резондан дорад, «Тоҷик» будани ҷӯгиҳост. Милисаи рус, ки дар роҳ ҷӯгии ҷандапӯшро дошта, ҳуҷҷат мепурсад ва мебинад, ки дар шиноснома Тоҷик навишта шудааст, фикр мекунад, ки ҳамаи Тоҷик ҷӯгӣ аст, ё баракс. Ҳукумати Тоҷикистон бояд ҳаракати лӯлиҳоро дар Русия тамоман манъ кунад, ё дар паспорташон Тоҷик нанависанд. Чанд зани ҷӯгиро дидам, ки худро Тоҷик гирифта, обруи моро паст мезад. Тоҷик дар ҳолати дармондагӣ ҳам ҳич вақт ба талбандагӣ рӯ наовардааст. Мо бояд зуд сари ин масъала биандешем. Мо медонем, ки ҷӯгӣ аз дигар қавмҳо чӣ фарқ дорад, аммо берун аз марзи Тоҷикистон хориҷиҳо ҷӯгиро шинохта наметавонанд. Ин масъала дар сатҳи Ҳукумати марказӣ матраҳ гардад ва ҷӯгиро ба асолат баргардонанд. Яъне дар паспорташон нависанд: Ҷӯгӣ, лӯлӣ…аммо на Тоҷик!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter