ХАБАРИ ДОҒ

Боздошти муллои фосиқ дар Шаҳринав

  • Панҷшанбе, Окт 20 2016

 Дар натиҷаи амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ дар минтақаи Ҳисор муллои фосиқ-Дӯстмуродов Ризоқул Хушмуротович (с.тав.1960), сокини н.Шаҳринавро ҳамчун гумонбар дар қаллобӣ ва кирдорҳои дорои хусусияти шаҳвонидошта, қапиданд. Мавсуф дар ягон донишкадаи исломӣ нахонда, ба гуфти ӯ, чанд муддат дар назди кадом домуллое сабақ гирифтааст. Дар кирдорҳои минбаъдаи ин муллои бадахлоқ ошкор шуд, ки ӯ оятҳои Қуръонро ба хотири манфиати шахсӣ азёд кардааст. Дар манзили зисти худ, воқеъ дар ҷамоати Акрамалӣ Ҳасанови н.Шаҳринав ба қасидахонӣ, ҷинбарорию таштобу туморнависӣ ва ба сеҳру ҷоду машғул шуда, мизоҷони ӯ бахусус бонувон мисли худаш гумроҳону хурофотпарастон ба фиребу найрангҳои ин бадахлоқ бовар карда, оқибат мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, шаҳрванд А.Г., сокини н.Шаҳринав ба қавле барои кушоиши бахт ба муллои фосиқ бовар карда, Ризоқул мехост ҳарчи зудтар аз сайди ба дастомада истифода кунад. Ин муллои бадсиришт барои ром кардани А.Г. аз ӯ ашё ва пусти оҳу гуна ҳайвонҳои нодирро барои навиштани тумор талаб мекард. Ӯ хуб медонист, ки А.Г. ҳеҷ гоҳ ин пустро намеёбад. Аммо асли воқеа дигаргуна аст… Мулло А.Г.-ро бо баҳонаи он ки гӯё дар вил.Суғд шинос дораду пусти оҳуро аз онҷо ёфта, барои кушоиши бахт тумор менависад, барои бо худ бурдан ба Хуҷанд розӣ кардааст. Вале мақсади сафар ба Хуҷанд на дарёфти пуст, балки макони мувофиқ барои қонеъ кардани нафси шаҳвонии худ буд. Ҳамин тариқ мулло А.Г.-ро ба меҳмонхонаи «Ленинобод» бурда, ба об таблеткаҳои мадҳушкунандаро омехта намуда, ба ӯ «қайтарма» гуфта, нушонида, сипас ба номусаш дастдарозӣ кардааст. 

 Нафаре, ки бо умеду ихлос ва соҳиббахт шудан ба дуову таштоби ин муллои фосиқ бовар дошт ва ӯро домулло ном мебурд, акнун ба дасти ӯ бадбахттарин нафар гардид. Зораву тавалло ва гиряҳои А.Г. пеши назари ин девсиришт арзише надошт. Ризоқул дигар на он нафаре буд, ки қаблан дар масҷиди деҳ ҳамчун имомхатиб амал мекард, балки як нафар бадахлоқу зинокор буд. Бо исрор талаб кардани номуси аздастрафта ва эҳтимоли ошкоршавии бадахлоқиҳои  мулло аз ҷониби А.Г., муллоро ҷои он, ки ба худ меовард, вале баръакс  нафси шаҳвонии ӯ рӯз то рӯз авҷ гирифта, дар манзили зисти худ фисқу фуҷурро содир мекард. Ризоқул барои рӯпуш кардани кирдорҳои бадахлоқонаи худ дигар илоҷе наёфта, ҷои он, ки дар устувории бахти хонаводагии писараш Дустмуродов Аскар мусоидат мекард, баръакс бо тавсияи падари бадахлоқаш ҳамсари собиқашро, ки бениҳоят дӯст медошт, талоқ додааст. Акнун мулло ба писараш нафареро хостгорӣ кард, ки қаблан мавриди истисмори шаҳвонии худ қарор дошт. Муллои фосиқу ҷоҳил, худ бе ягон шоҳид ва надонистани хутбаи никоҳи мусулмонӣ А.Г.-ро ба Аскар никоҳ кардаву ӯро аз воқеияти ҳол огоҳ кардааст, ки «гарчанде ин дар никоҳи ту бошад ҳам, вале бо А.Г. муносибати оиладорӣ накун».

Мулло А.Г.-ро ба писараш никоҳ карда бошад ҳам, вале муносибати разилонаю фосиқонаашро қатъ накарда, ӯро мавриди шиканҷаву озори шаҳвонӣ қарор медод. Ҳатто аз гуфти худи А.Г., мулло ба ӯ таҳдид карда, то ба ҳадди куштан расонидааст. Аскар бо супориши падар аз бахти хонаводагиаш маҳрум шуда, ба амалҳои фосиқонаи падар тоқат накарда, тарки Ватан намуда, пас аз 8 моҳ тариқи телефон А.Г.-ро талоқ додааст. Ҳангоми азназаргузаронии манзили зисти мулло, хоса, аз ҳуҷрае, ки ӯ корафтодагонро қабул мекард, адабиётҳои гуногуни мазҳабӣ, нусхаҳои тумору таштоб, пусти оҳу ва оҳанпора, ашёҳои гуногун ва дигар аломатҳое, ки нишонаҳои хурофотпарастӣ доранд, инчунин рифолаҳо, ки бадахлоқии ин фосиқро бори дигар собит месозанд, дарёфт ва мусодира карда шуд. Мулло роҳу усулҳои халосиро меҷуст, то кирдорҳояш байни ҷомеа овоза нагарданд. Ахиран мисли худ бадахлоқу мардумфиреберо ёфт, ки гӯё бо дуо ва истеъдоди беназири худ ба ҳама кор қодир аст. Дар ин асно нафари манфури дигаре бо амалу кирдори мардумфиребонаи худ чеҳранамоӣ кардааст, ин Саймиддинов Фатҳиддин Ҳусниддинович (с.тав.1973), сокини н.Ҳисор аст. Қорӣ Фатҳиддин бо макру найрангҳои хоси худ маблағҳои зиёди шаҳрвандонро аз они худ кард. Аз ҷумла, қорӣ бо миёнаравии Ризоқул шаҳрванд Саидмуродов Мурод, сокини н.Шаҳринавро ба доми худ афканда, гӯё барои баргардонидани бародари Мурод аз давлати Сурия ба Тоҷикистон мусоидат мекунад. Инчунин, аз ҳисоби маблағҳое, ки Мурод аз филиали бонки «Имон-интернешнл» дар н.Шаҳринав ба ивази гарав гирифта буд, онҳоро мулло Ризоқул ба Қорӣ додааст. Қорӣ бошад, пас аз боздошташ иқрор шуд, он маблағҳоеро, ки бо роҳи фиреб аз шаҳрвандон ба даст меовард, барои бунёди манзили зисташ сарф карда, он ваъдаву чархатобдиҳӣ ва туморҳои додаашро танҳо найранг медонаду халос. Тааҷҷубовар аст, ки ин 2 мардумфиребу фосиқ, ки худро пуштибони дин, аъзои фаъоли ҲНИТ ва шахсони ботақво дар ҷомеа вонамуд мекарданд, яке ба фосиқӣ ва дигаре ба нашъамандӣ машғуланд. Ҳини азназаргузаронии манзили истиқоматии Қорӣ Фатҳиддин дар паҳлӯи китобҳои мазҳабӣ тумору таштоб ва 1 адад сигорети тамғаи «Беломор», ки дар дохилаш бангдона низ ҷойгир буд, дарёфт гардид. Айни замон нисбати ин 2 нафар аз ҷониби Прокуратураи н.Шаҳринав тибқи моддаҳои 247, қисми 3 ва 347 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома доранд.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter