ХАБАРИ ДОҒ

Вақте ки толор рост қарс мезад...

  • Панҷшанбе, Окт 20 2016

Ракурси миллӣ-2

Чунин оватсия, қарси осмонкаф, толори дар қиём ва аҳсанту офарини дурударозро саҳнаи театри Лоҳутӣ шояд паз аз «Эдип»-и Ҳошим Гадову офаринишҳои Ато Муҳаммадҷонов ёд надошт. Браво, Шарифи Мисайзод! Брависсимо, рӯҳи ғолибат бародари ҷавонмаргам!!!

 17.10.2016. Соат ба вақти Лоҳутӣ 17:23 дақиқа.

Ростӣ, ёд надорам, вале шояд ин барои нахустин бор дар таърихи 25 соли Истиқлолият буд, ки ИЖТ ба журналисте, пас аз марг, унвони барандаи Ҷоизаи Лоҳутиро дод! Бо ин ибтикор, бе ҳеҷ шакку тардид, Зиннатуллоҳ Исмоилзода-раиси нави ИЖТ на танҳо инқилобе кард, ки шукӯҳу мартабаи ҷоизаи журналистиро ба карат боло бардошт!

Вақте ки мушовири давлатии Президенти ҶТ, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ки воқеан ҳам устоди раҳматии Шариф буд, номи Мисайзодро ба забон овард...толор таркид!!!!!!! 

Зал ба по шуд! 

Қиёмат қоим гардид!! 

Ва ба назар мерасид, ки рӯҳи шарифи Шарифи Мисайзод, нафаре, ки ҳастии худро харҷи илми журналистика карда буд, аз олами улвӣ сӯи мо ба парвоз омад. 

Рӯҳи ғолиб! 

Рӯҳи шикастнопазир!! 

Рӯҳи пирӯз!!!

Ин мӯҳлати на чандон тӯлонӣ, ки суханони академикро, мавҷи қарс фурӯ мебурд, фурсате гардид, барои журналистони ҷавону навроҳ, ки пешаи интихобкардаашон абадист ва пазироиҳои баъдимаргӣ низ дар пай дорад! На танҳо қалби ишон, ки дилҳои мо-солдидаҳои журналистикаи муосир низ равшан шуд; бонги Раҳмонзода, ки мегуфт, «инсони самимӣ ва ватанпараст буд», чашмҳои моро нуронӣ ва пуроб кард. Зиҳӣ, миллате, ки қаҳрамонҳои худро баъди марг низ фаромӯш намекунад...

Ва акнун баргардем сари ракурси миллӣ, ки мегӯянд «мурдапарастем»... 

Магар ин амали нек ва хайр нест? Ба таҳқиқ, мурдапарастии мо ба ин маъност, ки «Мард намирад ба марг!». Ҷавонмардие, ки Шарифи Мисайзод дар роҳи баргардонидани миллионҳо гурезаи Тоҷик дошт ва барномаи Хоки Ватанаш, ки марҳами дили садҳо ҳазор фирорӣ буду онҳо омада, ақаллан 1 бор суроғаш накарданд (тақдири журналист ҳамин аст дигар!!!), месазад, ки 1 умр дар таърихи давлатдории навини Тоҷик номаш бо ҳуруфи зарҳалин сабт гардад. Ба вежа дар толори Радиои Тоҷикистон. Вале ҳама гап сари ин аст, ки ...қадри зар заргар бидонад: Ин ниҳод заргар дорад?

Ҳудудан 10 бор (!!!) садорати ИЖТ ба кумитаи Радио ва ТВ муроҷеъ шуд, то барои барандаи ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ шудани худобиомурз шарифи Мисайзод, онҳо 1 номае нависанд. Вале 1 нафар, ақаллан барои иззати нону намаки бо марҳум хӯрдааш, ба ИЖТ посух надод!!!

Шарифи Мисайзод, агар касе намедонад, бо пешниҳоди газетаи мардумии СССР ба ҷоизаи Лоҳутӣ пешбарӣ ва пирӯз шуд. Ӯ дар ин бахш ҳатто ҳамтову рақибу ҳариф низ надошт. Зеро бузургтар аз ҳама муддаиён буд!

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро раёсати Радио нахост яке аз бузургтарин кормандаш, ки диктофон дар даст то лаҳзаи охирини умр репортаж менавишт, барандаи ин ҷоиза шавад??? Суол ҳаволаи тамомии раёсати Кумитаи Радио ва телевизион аст. Посух гӯянд мо чоп мекунем. Мо Метавонем!

Боз шумо мегӯед, ки миллати «мурдапарастем»... Бо мурдаҳо низ ҳасад бурдаву пархош мекунем!

Чандин корманди ин ниҳод дар 12 моҳи ахир фавтид, вале раёсат боре дари ишонро кӯфт? Ақаллан дар Ахборе номашон рафт?? Инҳо бачаҳои ҷайра набуданд. Журналистони ҳирфаӣ, профи ва сарсупурдаву номдори Ватанашон буданд!!! Ному насаби ҳамаи онҳоро танҳо матбуоти шахсӣ нашр кардаву иззаташонро пос медошт. РТВ дар куҷо номашонро бурд, ку мисоле оред?!

Маоше, ки онҳо дар РТВ мегирифтанду мегиранд, ба нону об намерасад. Вале онҳо ҷонсупурдаи касб, ки буданду ҳастанд, ба дигар кор намерафтанд, намегузаштанд. Бехабарон галстуку куртаи сафеду костюми шик ва сари баланди журналистонро дида, фикр мекунанд, ки «фукашон дар рӯған аст». Аслан чунин нест. Зеро ин касб дар Тоҷикистони азиз ба ҷазо табдил ёфтааст ва инро ҳамтоҳои профессионали ман хубтар аз ман медонанд, ки чиро дар назар дорам...

Ягона нафаси озод ва сабук барои онҳо дар даврони раҳбарии Асадулло Раҳмонов даст дод, ки бо хона таъмин шуданд: воқеан ҳам баъди марг низ кӯмаки Асадулло ба онҳову хонаводаашон мерасид...ва шояд рамзист, ки баъди ба дигар кор гузаштани Раҳмонов...маргу мири кормандони ин ниҳоди хеле муҳими давлатӣ мутаассуф зиёд шуд...

Журналист солдат аст, мӯҳтарам болонишинҳо, сарбозе, ки дар ҳифзи манофеи шумост. Солдати гурусна то кадом ҳадд тавони набард дорад, нафаре медонад, ки худ боре солдати ин рота буд...

Дар ҳар сурат, мо-журналистони профи ва солдатҳои окопи нахустини фронти иттилоотӣ ба қадри ҳамтоҳои худ мерасем ва Пирӯзии Рӯҳи Шарифи Мисайзод дар толори ба номи Лоҳутии пойтахт алорағми тасмими раёсати радиояш, бори дигар гувоҳ аст, ки ҳарчанд он ҷо бархӯрд дигар бошад ҳам дар миёни мо...

...Ҳеч кас ва Ҳеч чиз фаромӯш намешавад!

Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter