ХАБАРИ ДОҒ

25 августи соли 2015 Дмитрий Толстой-сарбози пойгоҳи 201-и Русия, воқеъ дар ш.Қӯрғонтеппа, Тоҳир Султонов-ронандаи таксӣ дар маркази маъмурии вил.Хатлонро бо зарби корд маҷруҳ карда буд. 

 Магар Дивизияи 201 девонахона аст?

Толстой барои ин ҷиноят боздошт шуда буд. Имрӯз ба иттилоои ВВС, мақомоти Русия Толстойро аз боздошт озод карда, ба беморхонаи равоншиносии шаҳри Красноярск, ки пеш ӯ дар ин шаҳр зиндагӣ мекардааст, фиристоданд. Табибони ин беморхона низ бемори равонӣ будани Толстойро тасдиқ намудаанд. Ин дар ҳолест, ки ба Дивизияи 201 мустақар дар Қӯрғонтеппа баъд аз ташхиси дармонгоҳҳо ба хизмат меоянд. Вале ин бори аввал нест, ки қотилону муштзӯрони ин дивизияро баъдан девона баровардаву ҷавоб медиҳанд. Чӣ, магар ин Дивизия девонахона аст, ки маризони рӯҳиро равон мекунанд???

Тоҳирро Толстойи «девона» куштан мехост!

Мулло Раҷаб-падари Тоҳир дар сӯҳбат бо СССР мегӯяд, ки ин ҳодиса рӯзи ҷумъа буд. Дар ҳамин ҳол писарам аз беморхонаи вилоятӣ занг зада ҳодисаро гуфт. Ҳамон лаҳза ба беморхона рафтем, ки ӯ беҳуш хоб аст. Чанд лаҳза нагузашта 2 нафар сарбози рус ба наздам омада, бо узрхоҳӣ хело Толстойро дашном карда, гуфтанд, «ӯ ҳатман ҷазояшро мегирад» ва ба ману писарам ваъда доданд, ки мо кӯмаки молӣ мегирем. Ба гуфти Мулло Раҷаб, баъди чанд рӯз сарбозони дивизияи 201 байни худ 30.000 рубли русӣ ҷамъ карда меоранд ва мегӯянд, ки худи ин сарбоз камбағал асту пул надорад. 

«Писарам дар беморхона табобати пурра нагирифт, то ҳол 1 дасташ дуруст кор намекунад. Ман дар ҳайратам, ки ҳангоме ин сарбоз бемори равонӣ бошад, чаро ӯ то ин ҳодиса дар пойгоҳ хизмат мекард? Магар аз рӯи виҷдон аст, ки Тоҷик миллати худро дар ватан ҳимоя намекунад? Ростӣ, намедонам ба куҷо ва ба кӣ муроҷиат кунам? Ҳамсарам аз ғами писарам вафот кард ва худам бошам то ҳол аз чаконидани дору (капля) аз ҷо наметавонам бихезам. Аз мушкилоти зиндагӣ маҷбур шудам, ки Тоҳирро ба муҳоҷирати меҳнатӣ равон кунам»-мегӯяд Мулло Раҷаб бо ашки гирён.

Баҳодур Уроқов,

хабарнигори СССР дар вил.Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter