ХАБАРИ ДОҒ

Вазир сирри Талкоро фош кард ё давлатро?

  • Панҷшанбе, Окт 27 2016

Сухани рӯз №43

Салом хонанда, дӯст, бародар ва узви Ихвон ал СССР! Шодем, ки бо моӣ, ҳамонгуна ки мо бо туем! Сӯҳбати имрӯзаи мо сари хомии сиёсӣ меравад. Мефаҳмонем: Вазорати молия баъди «чапгирӣ»-и Бонкҳои маъруфтарини Тоҷикистон, ки зери бренди Tj. фаолият доштанд, фарзи мисол Тоҷиксодиротбонку Агроинвестбонк, ки ба муфлисшавии онҳо овард, акнун ба гуфтаи бобои Ғуломи таърихӣ «думи Талкоро қапид». Воқеан ҳам дар бораи Вазири молия: Ин чӣ бархӯрд аст, ки ин вазоратхона авангардҳои давлати миллиро беобрӯ кардан дорад? Магар, камбуде агар ҳаст, мӯҳтарам Абдусаломи Қурбониён-вазири молия, ки ба таври автоматӣ, узви Ҳукумати ҶТ низ ҳаст, наметавонад онро дар ҳузури Президенти ҶТ ва Сарвазир бевосита гӯяд, ки дар шароити бӯҳронӣ «сирри давлатӣ»-ро фош ва расонаӣ месозад? Паси ин «демократия ва озодбаёнӣ»-и ногаҳонӣ чӣ сирре нуҳуфтааст? Воқеан ҳам аҷиб аст, ки барои фоши сирри давлатӣ расонаҳо дар назди Қонун ҷавоб мегӯянду вазири молия на! Ин «1 бому 2-ҳавоӣ» бар нафъи кист?

Биёед, сари бонкҳо сӯҳбат кунем. Коршиноси масоили бонкии мо-Одинашо Муродов дар шумораи қаблӣ (Сомонӣ деревянный мешавад, СССР№42(423), панҷшанбе 20 октябри соли 2016, саҳ-20 ) бонги изтироб зад, ки «бархӯрди а ля бачаи ӯгай» бо Тоҷиксодиротбонку Агроинвестбонк метавонад асъори миллиро муфлис созад ва таварруми пулӣ, барои нахустин бор дар асри 21 сомонии моро интизор аст. Ба ин ким гунаҳкор буд? Онҳое, ки сирри давлатиро фош кардаву барои кадом манфиати хеш бонкҳои моро расво карданӣ шуданд ва ё бӯҳрони молӣ? Суоли риторикист, албатта. Ва акнун чӣ? Бо фошсозии сирри дигари авангарди саноати Тоҷик-Талко метавон гуфт, ки Тоҷикистон пешорӯи бӯҳрони шадидтарин қарор мегирад. Мо намедонем то куҷо Қурбониён рост аст ва ё дурӯғ мегӯяд, зеро коршиносони ӯ Талкоро муттаҳам кардаанду Игор Сатторов-сухангӯи Талко онҳоро, вале 1 чиз равшан аст: Ин доду ситади Вазорати молия бо пионери саноат, авангарди иқтисоди миллӣ, пешоҳанги Давлати мо дар ин шароити бӯҳронӣ... метавонад имиҷи Тоҷикистонро коҳиш диҳад. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Игор Сатторов «Президент ба ҳамаи вазорату идораҳо дастур додааст, ки дар шароити бӯҳрон фаъолияти корхонаи алюминиюмро ҳамаҷониба дастгирӣ кунанд!»

Ба суоли гузоштаи Сатторов мо низ посух металабем, ки бо афсӯсу надомат аз Вазири молия мепурсад:-Магар ҳамин аст, дастгирӣ? Ба андешаи ман, ин амалкарди вазорат мухолифи дастуру супоришҳои президент аст!!! Агар ин эъломияи Вазорати молия ҳамчун назари дӯст садо дода бошад ҳам 100 ҳайфи чунин дӯстони душманмаъоб, вале агар душманона бошад, 1000 ҳайфи давлати мо, ки гуфтаанд: Душмани доно беҳ аз нодон дӯст...

Шумо ба кадом гурӯҳ шомилед, мӯҳтарам масъулини ВМ?!

Агар Талко, Тоҷиксодиротбонку Агроинвестбонк камбуд ҳам медоштанд, бояд тибқи масали «Сирри мардон пӯшида!» амал мекардед, чун дар Ғарбу Шарқ. Магар ин масалро, ки дар Аврупову Амрико ҳама медонад, шумо фаромӯш кардаед ва ё зери коса нимкосае доред, а, мӯҳтарам Қурбониён?!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter