ХАБАРИ ДОҒ

Сайҳун шаҳрак шуду Тоҷикӣ не!

  • Ҷумъа, Окт 28 2016

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! 1 сол пеш дар газетаи СССР гуфта будам, ки дар қисми шимолу ғарбии ш.Хуҷанд шаҳраке бо номи «Сайҳун» эҳё шуда истодааст. Дар 1 манораоҳане онро «Сайҳун шаҳраки» сабту насб карда буданд ва банда онро монанд ба забони ӯзбекӣ монанд карда будам. Дирӯз шумораҳои рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» ба дастам афтиданд, ки аз «Сайҳун шаҳраки» ҳарфи «ӣ»-ро барканор кардаанд. Яъне «Сайҳун шаҳрак» шудааст! Оё ин ба қолаби имлои забони ноби Тоҷикӣ меғунҷад?! Мебоист он «Шаҳраки Сайҳун» сабт ва насб мегардид! Магар масъулини забондоне дар Хуҷанд нест, ки ба забони Тоҷикӣ-давлатӣ арҷ гузораду онро тибқи меъёри имлои забони Тоҷикӣ нависад?

Алӣ Барот,

узви Ихвон-ал-СССР, ш.Истаравшан

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter