ХАБАРИ ДОҒ

Чаро доруҳо таҳқиқ намешаванд?

  • Ҷумъа, Окт 28 2016

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Ман ба вазири тандурустии кишвар 1 саволи калидӣ дорам. Чаро дар мо доруворие, ки аз хориҷа ворид мешаванд, мавриди таҳқиқ ва санҷиш қарор намегиранд? Зеро тавре аён аст, аксари бемориҳо аз истифодаи доруҳо сар мезанад. Хуллас, дар ин самт Вазорати тандурустӣ ва ҳам Тоҷикстандарт ягон коре накардан доранд… Чунки дилхоҳ доруро барои таскин бахшидани дард истифода барем, ғайр аз афзоиши беморӣ ягон суде намебахшад.

Лутфулло Бойалиев,

муаллим, ш.Панҷакент, тел: 92 961 06 15

Аз СССР: Мо аз садорати Тоҷикстандарт посухи ин саволи хонандаро интизорем, ки воқеан ҳам доруворро дар ин ниҳод тафтишу тадқиқ мекунанд ва агар ҳа, пас лабораторияҳои ин кумита посухгӯи илми муосир ҳастанд ё на? Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter