ХАБАРИ ДОҒ

Писари маро Мулло Абдураҳим кушт (Ва ё андешаи 1 шоҳид дар бораи ҳуҷум ба Погранзаставаи 12)

  • Ҷумъа, Окт 28 2016

Назар Ғанӣ-падари Исмон Ғанист, яке аз қаҳрамонҳои бе ному нишони Тоҷик барои ҳифзи марзу буми кишвар дар ҳамла ба погранзаставаи 12 ваҳшиёна ба ҳалокат расид. Бобои Назари 84-сола дар фироқу ғами писар аз фишори хун фалаҷ гашта, бо душворӣ ҳарф мезанад. Баъди гузашти 23 сол аз ҳодисаи таърихии пурра зада нест кардану ба яғмо бурдани ҳамаи амволи ҷангии дидбонгоҳи 12-и Русия дар Тоҷикистон бо амри тақдир, вақт имкон дод, то бо ӯ сӯҳбат кунам. Писараш Исмон-қаҳрамони асосии ин ҳодиса аввалин шуда, дар ҳифзи деҳаи аҷдодии худ ҷонашро нисор кардааст.

 

Писари патриотамро касе намепурсад

Назар Ғаниев «хуш омадӣ Тоҷ Шафеъ» гуфта аз ҷойгоҳи хоб хест ва маро ба оғӯш гирифту гирист: «23 сол интизор будам, ки дар бораи писари баномусу патриотам касе пурсад ва аз ӯ ёд кунад, вале ҳайҳот, касе напурсид. Ҳама мардуми Сариғор, ки дар асорати афғонҳо дар дараи Шируган қарор доштанд, қаҳрамонияшро медонанд. Раҳмат ба онҳое, ки барои ҳифзи ин Ватан ҷони худро дареғ надоштанд. Писарам Исмон барои ҳифзи халқу диёри хеш ҷон нисор кард. Ман аз ин фахр дорам. Дар ҳақиқат, писарам ватандӯст буд. Душманони мо Тоҷикону русҳоро аз деҳа ва «застава» зада пеш карданд, паронданд, нобуд сохтанд, вале Исмон аз касе натарсид ва тарки Ватан накарда, бо ҳама душманон муқобилият нишон дод ва қаҳрамонона ҳалок шуд».

Тагновии қаҳрамон

Деҳаи Тагнов зодгоҳи Исмон аст. Ӯ соли 1962 дар ҳамин деҳа зода шуда, с.1979 мактаби миёнаи №16-ро аъло хатм кард ва ба Институти аграрӣ дохил шуда, с.1984 онро бомуваффақият хатм ва дар колхози ба номи Ленини собиқ н.Москва ба кор сар кард… «Исмон ягон одати бад надошт, -суханро идома дод, бобои Назар, - ҳатто дар тамоми давраи ҳаёташ боре ҳам нос ва сигаретро ба дасташ нагирифта буд. Ӯ соҳиби маълумоти олӣ буду хело хоксор. Ҳама дӯсташ медоштанд, хоса, марзбонони дидбонгоҳи 12. Бе маслиҳати ӯ ҳеҷ амалеро иҷро карда наметавонистанд. Ӯ роҳбалади онҳо дар сарҳад, мушовири онҳо дар хизмат буд, зеро кӯҳу дара ва пайроҳаи ҳудуди Сариғор ва марзро бисёр хуб медонист… Аҳолӣ харитаи маҳалли худро аз ҳама беҳтар медонанд. Мисол, марзбонони рус аз ҳар гӯшаву канори Россия ба ин минтақаи сарҳадӣ ба хизмат сафарбар шуда буданд. Онҳо бе роҳбалад дар ин дараҳои касногузар, кӯҳҳои баланд, ғорҳо, ҷангалзорҳо, ҳатто ба хизмат баромада наметавонанд. Зимнан аз мо кӯмак мепурсиданду мо низ дастгирияшон мекардем. Ин буд, ки муносибати аҳолӣ бо сарҳадбонон ва баракс бисёр хуб шуд. Шахсан ман ва писарам Исмон ҳамаи 42 нафар сарҳадбонони «Застава-12»-ро мешинохтем, зеро ба онҳо хизмат мекардем. Худам солҳои пеш дар гузаштаи на чандон дур 8-10 сол роҳбалади онҳо будам. Баъдан писарамро «вербовка» карданд ва маҳз барои бо онҳо ҳамкорӣ доштан кушта шуд...

Садҳо бор марзбононро наҷот додааст

Даҳҳо, садҳо бор Исмон сарҳадбонони ба «наряд» баромадаро аз марг наҷот додааст. Ӯро Миша Майборода, Андрей Мерзликин, Евланов, Филькин, Елизаров, умуман ҳамаи хизматчиёни «Застава-12» сахт эҳтиром мекарданд, мисли бародар буданд, аз ӯ ҳама маслиҳат мепурсиданд. Исмон ҳанӯз замони Шӯравӣ дорои рутбаи офитсерӣ буд ва донишу маҳорати баланд дошт, ки на фақат «застава»-и хурд, балки отряди сарҳадиро низ идора карда метавонист. Аз ш.Кӯлоб собиқ сардори бригадаи таъиноти махсуси сарҳадӣ, полковник Маҳмудбек Ахмедов (баъдан генерали Кумитаи ҳифзи марзии давлатии назди Ҳукумати ҶТ) шахсан ба Сариғор омада Исмонро барои ба кор гирифтан, сахт таъкид карда гуфт: 

«Ту офитсери ҳаққонӣ ҳастӣ ва ҳам рутбаи капитан дорӣ, ман аллакай делои шахсиатро пурра омӯхтам. Аз ту дида номзади арзандаи дигар надорам, баъди чанд рӯз фармонатро дар вазифаи «замполит»-и худам мегирам. Ҳатман ҳозир шав, ман ба шумо барин нафарон сахт эҳтиёҷ дорам, зеро шумо сокинони муқимӣ ин минтақаи сарҳадиро хуб медонед. То имрӯз, аллакай дар бораи хизматҳоят ба марзбонони Россия, аз марг наҷот додани онҳо хабар дорам. Вале акнун мо бояд худамон Ватанамонро ҳифз кунем».

Баъд аз рафтани Маҳмудбек рӯзи дигар, корманди бахши «разведка»-и отряди марзӣ Элдар Шамилов (миллаташ доғистонӣ) ба Сариғор омад. Ӯ ҳам дӯсти писарам буд. Омада бо кӯмаки Исмон вазифаҳои хизматиашро иҷро карда, чанд рӯз дар хонаамон меҳмон шуд. Гарчанде ӯ сирру савдои хизматиашро бо писарам аз ман паноҳ медоштанд, вале ман, ки чекист будам ва солиёни дароз акси Дзержинский дар болои сарам овезон буд, ҳамон лаҳза аз кору борашон воқиф гаштам, вале дахл накардам. 

Ин «рафиқон»-и Исмон, ки дар маргаш гунаҳкоранд, нагузоштанд, ки ӯ бо сарҳадбонони Тоҷик ба кор гузарад ва дар ҳайати онҳо хизмат кунад. Аз таҷрибаи рӯзгори марзӣ барало медонистам, русҳо «эксперт»-ҳои худро, ки дар разведка бо онҳо ҳамкорӣ мекунад, бо ягон роҳ дар охир нобудаш месозанд, зеро метарсанд, ки сирру савдояшон ошкор нашавад. 

Дилам намехост, ки бо сарҳадбонони рус ҳамкорӣ кунад, вале ҳар лаҳза онҳоро медидем, дилам ба бачаҳои бечора месӯхт, ки чаро онҳоро ба кишварҳои бегона, ба дигар давлатҳо маҷбур барои мурдан мефиристанд. Инсондӯстиву одамгарӣ маҷбурамон месохт, ки ба онҳо кӯмак кунем, аз марг наҷоташон бахшем.

Писари ман қаҳрамонтар аз русҳо буд

Вале афсӯс, дар ин 23 сол боре ҳам нафаре аз хизмати Исмон ёд накард. Аз ҳамаи 42 нафар сарҳадбонони Россия дида хизмати Исмон дар ҳифзи Ватани азизи худ бештар буд. Русҳо марзбонони худро қаҳрамон эълон карданд, лек ҷигарбанди ман бе ному нишон монд. Албатта тамоман не, зеро ки ҷонфидоии писарамро мардуми маҳал ва аз он сӯи соҳил афғонҳо дар Афғонистон хуб медонанд. Илова бар он фарзандам оиладор буд ва соҳиби 3 фарзанд. Келинам Гулҷеҳра соҳибмаълумот буда, дар мактаби деҳаи Тагноб муаллима шуда кор мекунад. Фарзандони аз падар сағир мондаашро ба камол расонд. Аҳсант, ки ӯ дар давоми 23 сол, баъд аз марги шавҳар, ба Исмон, содиқ монд, ишқу муҳаббати  поки инсониро гум накард. Вақте марзбонони Россияро бо мукофотҳои олии давлатӣ қадр шуданд, аламовар буд, чун назди командири сарҳадии ин минтақа, полковник Золотухин рафтам ва арз кардам, ки чаро Исмонро ба ягон мукофот сазовор надонистанд? Ӯ маро ниҳоят сард, то ҳадде, ки душманро чунин қабул намекунанд, қабул кардаву бо дуруштӣ гуфт: «Писари шумо низомӣ набуд» ва бо ин аз қабулгоҳаш ҷавоб дод. Ғамгин шудам. Ғазабамро фурӯ бурда, ба хона баргаштам. Қаҳру ғазабам аз он буд, ки Иван аз Россия «меҳмон» шуду боду ҳаво ва табиати ин мавзеъ ба ӯ писанд омад ва дигар барнагашту ба кайфу сафо машғул шуд. Соли Иван барои ба хизмати аскарӣ фиристодан даъват кардан намерасидаасту соҳиби мукофоти олӣ гашту писари ҷонфидои мо не.

Русҳо пеш аз ҳуҷум ба муҷоҳидон яроқ фурӯхтанд!

Аз бобои Назар пурсидам, ки роҷеъ ба ҳуҷум ба дидбонгоҳи 12 киро гунаҳкор мешуморад? Ӯ гуфт: «Аввалан дар ин ҳодиса фармондеҳи онҳоро дар бохтани ҷанг, дар куштори ваҳшиёнаи 25 нафар марзбон ва аз даст додани ҳамаи амволи «застава» Масюк, Мулло Абдураҳим ва «замполит» Борис Громовро гунаҳкор медонам. Дар марги писарам низ онҳо гунаҳкоранд!»

Таваҷҷуҳ кунед! Громов-«замполит» доимо бо афғонҳо буд. Бо онҳо доду гирифт дошт. Одами бад буд. Ба муҷоҳидоне, ки баъдан ба застава ҳуҷум карданд, силоҳу муҳимоти ҷангӣ мефурӯхт, автомат медод. Сирру савдои ӯро афғонҳо хуб медонанд. Афғонҳо дар замони шӯравӣ барои ӯ магнитофони «япон»-и тӯҳфа оварданд. Ӯ ба афсару сарбозони сарҳадбон ягон хел аҳамият намедод. Аҳолии маҳаллиро умуман писанд намекард. Аён буд, ки чӣ нияте дорад. «Вақте ман аз қабулгоҳи командири отряд-Золотухин баромадам ва хостам Громовро дар отряд бинам. Аммо ӯ маро дидан баробар ба наздам омада, илтиҷо мекард, ки дар ин бора ба «командирашон»-Громов чизе нагуям».

Қотили баччаи ман Мулло Абдураҳим аст

Ман-мусаннифи ин матлаб, ба падари ҷигархун гуфтам: «Бобоҷон, баъдан бо «разведка» муайян кардам, ки ҳамин душманони хориҷӣ аз куҷо дарёи Панҷро убур кардаанд, онҳо киҳо буданд ва чӣ мақсад доштанд, бо русҳо чӣ алоқамандӣ доштанд? Аз ҷумла, аён кардем, ки Исмонро Шодибек-набераи Собири Шодӣ ва домодатон Иззатулло Раҳматовро Вайсимад аз деҳаи Овези вилояти Бадахшони Афғонистон куштаанд. Исмонро аз автомат Шодибек парондааст ва Изатуллоро баъди 3 рӯз Вайсимад бо гранатамёт задааст. Ва на амволи застава, балки тамоми ашё ва моли мардумро ба тороҷ бурданд. Мардуми бечораро бехонумон ва деҳаро пурра ба хок яксон намуданд!».

Бобои Назар дар охири сӯҳбат гуфт: «Албатта, тавре гуфтам, ман чекистам, дар ҳайати собиқ СССР, дар ш.Иркутск 3,5 сол софдилона хизмати аскарӣ кардаам. Моҳи июни соли 1958 дар конфликти ҷазираи Даманск ширкат намудам... Илова карданиям, ки ситоди Мулло Абдураҳим дар деҳаи Башуни Афғонистон қарор дошт. Дар ин ҷанг ва дар ҷанги болои кӯҳ ба самти Реҷов, ки ҷавонмардони қаҳрамони Тоҷик Аслам-бачаи Азиз ва Аҳмадхони Исмат ва боз чанд нафари дигар баъди задани самолёти қиркунандаи русҳо СУ-16 дар ҳарби рӯ ба рӯ бо душман ҷангида, ҷон доданд. Ман ба қатлу куштори мардуми бегуноҳ Мулло Абдураҳимро айбдор мекунам. Вале боз 1 далели шайъии дигарро ба шумо маълум мекунам: Аз ҳамин қитъа Сангак Сафаров ба Афғонистон гузашта рафта, баргашта омада буд.

Абдушафеъ Тоҷов,

майор, н.Ш.Шоҳин (Шурообод)

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter