ХАБАРИ ДОҒ

РТСУ: Донишгоҳе, ки аналог надорад!

  • Душанбе, Окт 31 2016

Гузашти Тоҷикистон ба муносиботи бозорӣ бори дигар исбот намуд, ки сиёсати маорифи кишвар бояд аз сари нав дида баромада шавад ва бо ин мақсад дар соли 1996 дар Душанбе Донишгоҳи Славянии Русия ва Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Тайи 2 даҳсола аст, ки донишгоҳи мазкур баҳри омода намудани кадрҳои нави Тоҷикистони соҳибистиқлол дар талош аст. Имрӯз донишгоҳ, ки 20-солагии таъсисёбии худро ҷашн мегирад, бо шарту шароит ва имконоташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳамтост, яъне аналог надорад! СССР 1 рӯзро дар Донишгоҳи Славянии Русия ва Тоҷикистон паси сар намуда, бори дигар шоҳиди ин иддао гашт.

 

 

Докторони фахрӣ-Матвиенко, Наришкин, Лавров, Лужков…

Сиёсатмадорон, дипломатҳо ва арбобони шинохтаи илму фарҳанги ҷаҳонӣ унвони докторони фахрии ДСРТро доранд. Аз ҷумла, Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федеролии Федератсияи Русия, Сергей Наришкин-раиси Думаи давлатии ФР, Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷии ФР, Андрей Фурсенко, вазири маориф ва илми ФР, Юрий Лужков-раиси шаҳри Маскав дар солҳои 1992-2010, Рамазон Абдулатипов, сафири ФР дар ҶТ дар солҳои 2005-2009, Нагата Киосуке, президенти Донишгоҳи Сукубаи Ҷопон ва ғ. Теъдоди докторони фахрӣ беш аз 12 нафарро ташкил менамояд ва акси ҳамаи онҳо дар даромадгоҳи асосии донишгоҳ насб шудааст. Дар рӯйхати докторони фахрии донишгоҳ будани шахсони мазкур худ исботи он аст, ки ДСРТ ба феҳрасти донишгоҳҳои мӯътабартарини ИДМ шомил гашта обрӯ ва манзалати хосро дорост. Дигар ягон макотиби олии кишвар бо чунин докторони фахрии хеш наметавонад биболад!

 Таҳсил сирф бо забони русӣ

Дар 5 факултаи ДСРТ-таърих ва муносибатҳои байналмилалӣ, идора ва технологияҳои иттилоотӣ, филология, иқтисод ва ҳуқуқшиносӣ беш аз 6000 нафар таҳсил менамоянд. Шумораи устодони донишгоҳ 280 нафарро ташкил дода тамоми дарсҳо сирф бо забони русист. Чуноне ки омӯзгорон мегӯянд, 70% донишҷӯён забони русиро дар сатҳи олӣ медонанд. Бо донишҷӯёне, ки тавассути Маркази миллии тестӣ нав қабул шудаву сатҳи забондониашон ҳанӯз кофӣ нест, устодон дар маҳфилҳои забономӯзии донишгоҳ тадрис менамоянд (Воқеан ҳам ин падида далели он аст, ки шомилшавӣ ба ДСРТ набояд тибқи имтиҳоноти Маркази тестӣ сурат гирад, ки дар ин сурат метавонанд нафарони болаёқат, аммо русиро хуб балад на, шомил шаванд!). Донишгоҳ барои хоҳишмандон имкони таҳсилро дар бакалавриат, магистратура, спетсиалитет ва аспирантура фароҳам оварда, дар назди донишгоҳ мактаби миёнаи таҳсилоташ умумӣ ва Донишкадаи бозомӯзии ихтисоси муаллимони забони русӣ фаъол аст. 60% устодони донишгоҳ дорои дараҷаи баланди илмӣ буда, ДСРТ пурра аз ҷониби вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия маблағгузорӣ мешавад. Яъне, маоши омӯзгорону устодони донишгоҳ ва идрорпулӣ барои донишҷӯён аз Маскав ҷудо мешавад. Дар ДСРТ 150 донишҷӯи хориҷӣ аз 12 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла, Озарбойҷон, Арманистон, Афғонистон, Белорусия, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Эстония, Туркманистон ва Кореяи Ҷанубӣ таҳсил менамоянд.

 Тӯҳфаи Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ 

30.08.2016 президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ДСРТ омада, бинои нави донишгоҳро, ки аз ҷониби Ҳукумати ҶТ бунёд ёфт, кушод. Бинои нав бо ибтикори бевоситаи Э.Раҳмон сохта ва тӯҳфа шуд. Бинои нав дорои даҳҳо утоқи барҳаво, кафедраҳои муосир, лабораторияҳои физикӣ ва кимиёвии замонавӣ, китобхонаи электронии пайваста бо шабакаи ҷаҳонии Инет, толори варзишӣ, фарҳангӣ, ошхона барои 220 нафар ва имкониятҳои дигари таҳсил аст. Маъмурияти донишгоҳ ҳар 1 ошёнаи бинои навро бо салиқа ва интихоби хос оро додаанд: агар 1 тарафи девор манзараҳои Русия бошад, дар рӯбарӯяш манзараҳои Тоҷикистон ҷо шудааст. Агар 1 тарафе стендҳо дар бораи муқаддасоти миллии Русия, забон ва адабиёти рус насб шуда бошад, пас дар рӯбарӯяш ҳатман нигоштаҳо дар бораи муқаддасоти миллии Тоҷикистон, забон ва адабиёти Тоҷик овезонанд. Новобаста аз он ки дар бинои нав ин рӯзҳо таҳсил идома дорад, он ба пуррагӣ ба истифода дода нашудааст ва ҳанӯз ҳам корҳои муҳандисиву насби лӯлаҳо давом дорад. Ин аст, ки дар баъзе қисматҳои бино об нест ва корезӣ то ба ҳол ба кор дароварда нашудааст. Аммо донишҷӯён таъкид медоранд, ки муҳим гарму равшан будани утоқҳо, долонҳо ва имконияти бештар барои таҳсил аст.

 ТВ, радио, сомона ва газетаи донишҷӯӣ

ДСРТ айни замон дар кишвар ягона донишгоҳест, ки сайти интернетӣ, студияи телевизионӣ ва радио, газетаи худро дорад, ки ба таври ҳамешагӣ фаъоланду мухбиронашон низ худи донишҷӯёнанд. Сайти донишгоҳ ҳамарӯза бо хабару мақолаҳои мухбирони ҷавон аз ҳаёти донишгоҳ менависаду тариқи радио рӯзе то 30 дақиқа дар вақти танаффус хабарҳо паҳн мешаванд. Дар студияи телевизионии донишгоҳ, ки шояд амсоли онро баъзе шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ надоранд, журналистони ҷавон барномаҳои худро омода ва пахш мекунанд. Газетаи донишгоҳ-«Студентческие вести» моҳе 1 бор ба нашр расида, нархи обунаи солонаи он 9 сомонист. Офарин ба донишҷӯён, метавонанд!

 Ректори ислоҳотхоҳ

Муаллимон ва донишҷӯёни ин донишгоҳ мегӯянд, бо омадани Солеҳов Нуралӣ Назарович ба ҳайси ректор дар ин муассиса раванди таълиму тарбия билкулл иваз шудааст. Солеҳов, ки худ доктори илмҳои филологӣ, профессор аст, пеш аз ҳама кӯшид, ки пайомадҳои номатлубро дар ин донишгоҳ решакан созад ва сар задани ҳолатҳои фасодро дар давраи имтиҳонот аз байн бубарад. Ба Нуралӣ Назарович то ҳадде ҳам муяссар шуд дар ин амал муваффақ шавад, вале он нафароне, ки ҳамеша ба қавле «обро лой карда моҳӣ медоштанд», фаолияти  ректор ба онҳо писанд наомад. Ва онҳо сар карданд ба шикоят кардану ҷор задан: анонимшикҳо ё худ муаллифини номаҳои бе имзои шикоятӣ, ки имрӯз дар ВАО сару садо ба миён овардаанд, маҳз онҳоянд. Агар мардед, бо имзои хеш нависед ва газетаи СССР якумин шуда, шикоятатонро нашр мекунад! Зеро нашри анонимка тибқи қонунҳои мавҷуда манъ аст, ҳарчанд чоп мекунанд...

Азму талоши Нуралӣ Назаровичро касе ва чизе наметавонад садди роҳ шавад, зеро ӯ тасмим гирифтааст, шароит ва раванди таълимро дар ДСРТ-Донишгоҳи Славянии Русия ва Тоҷикистон боз ҳам беҳтару хубтар намояд ва аз ин азм ҳеҷ гоҳ рӯй нахоҳад тофт. Ӯ метавонад!

Ҷамила Ҳусейнова, 

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter