ХАБАРИ ДОҒ

Сталин аз Тоҷикон қасд гирифта буд!

  • Ҷумъа, Нояб 04 2016

Моҳи апрели соли 1941 Иосиф Виссарионович Сталин навишт: «Тоҷик дорандаи Тоҷ аст. Эрониён онҳоро ҳамин тавр меноманд. Тоҷикон ба халқҳои эронӣ тааллуқ доранд. Ба дунё шоири бузург-Фирдавсиро додаанд…» (Паёмномаи фарҳанг. Саҳ.49, с.2003). Аз муаррихи СССР-Меҳрубон Салимшоев хоҳиш карда мешавад, ки варианти русии нӯшбоди сиёсии Сталинро биёбад ва чоп кунад, зеро ин «установка» ё «одоби дипломатии» Сталин асосу сарчашмаи худшиносии эрономехтаи зиёиёни советии Тоҷик гардид! Сталин тахту тоҷи любой шоҳигариро чашми дидан надошт, мӯҳтарам эрондӯсту руспарастон! Раҳматӣ Ислом Каримов ҳам «Тоҷику ӯзбек 1 халқанд!» мегуфт. Ба маънои пардапӯшонаю гумроҳкунандаи васфномаи таърихии Сталини айёр аҳамият надиҳед: Гӯё Тоҷикон ба Осиёи Миёна аз Эрон омада, шоҳпарастиро низ оварда бошанд. Гӯё, ки тоҷик бародари хурд, ё ки миллати ҳосилшуда аз эрониён аст! Азбаски Самарқанду Бухорои 5000-солаи Тоҷикро гирифтанд, ба мо талқин карданд, ки «шумо шоиред, ватани аҷдодиатон Эрон асту ба ҳамон 93% кӯҳсори РСС Тоҷикистон қаноат кунед!» Агар Сталин ин қадар Тоҷикшиноси забардаст бошад, чаро с.1924 нақшаи Чечеринро оид ба тақсимоти ОМ дастгирӣ накард? Охир, ӯ солҳои 1917-1923 вазифаи калидии нарком оид ба масъалаи миллатҳоро ба ӯҳда дошту кулли архиви Руси подшоҳӣ дар дасташ буд. Чаро то с.1946 ягон Тоҷик котиби 1-и РСС Тоҷикистон таъйин нашуд? Ин тасодуф аст, ё тоҷиктарсӣ?! Қасоси таърихии забти Гурҷистонро на аз Эрон, балки с.1924 аз Тоҷикон гирифт, яъне Тоҷикони 5000-солаи соҳибдавлатро бе пойтахт кард! Ин плани стратегии Сталинро пантуркистони чмо-Хоҷаеву Раҳимбоев амалӣ карданд. Замони давлатдории И.Сомонӣ эрониён тобеъи империяи тоҷикон буданд. Ман беш аз 7 сол дар Самарқанд кору зиндагӣ кардаам. Эрониёни Самарқанду Бухоро ба Тоҷикӣ гап зада, худро ҳамеша эронӣ муаррифӣ мекунанд. Дар Самарқанд ҷумлагӣ-эронӣ, яҳудиҳои бухороӣ, ҷӯгиҳо, арманиҳо, арабҳо, туркманҳо ва ҳатто корейсҳо то ҳол ба забони Тоҷикӣ ҳарф мезананд. Умуман, мақолаи таҳлилию хештаншиносии нобиғаи миллат-С.Бурҳонов-«Ман Тоҷикам!» 100% ҳақиқати таърихист!!! Худо Тоҷики сарбаланду озодандешу патриот-Сафватро ҳамеша дар паноҳаш нигоҳ дорад!

Маннон Махсумов,

Узви Ихвон-ал-СССР, ш.Истаравшан, тел: 98 809 71 94

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter