ХАБАРИ ДОҒ

Забони матбуоти мо арабӣ шудааст

  • Душанбе, Нояб 28 2016

Тавре ман аз газетаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ мехонам, ба масъалаи тозагии забон журналистон-ҳомиёни асосии тоза нигоҳ доштани забони мо, чандон эътибор намедиҳанд ва калимаҳои зиёди бегонаи арабӣ ва туркиро дар матолиби худ истифода мебаранд. Ин беҳурматии нобахшиданӣ ба забони мост! Чаро ин тавр мекунед? Бо ин амалҳои ноҷоятон, ба Худо қасам, ба забони Тоҷикии мо исноди зиёде меоред. Чанд мисол: ифтитоҳи бинои нави ШВКД дар Бохтар, дар тамос, сатҳи таваррум, тахфиф 30%...

Бародарони азиз, ба ҷои он чаро калимаҳои кушодашавӣ, алоқа, арзон…-ро ба кор намебаред? Калимаҳои тумтароқу бегонаи эронию арабӣ ба монанди: ҷулӯтар, воруна, тарофа, мусаққад, тамаркуз, табохуди, таҳрим, тасвиб, ҳукми эъдом, тасвиби, ироъа, эътилоф… дар матбуоти мо пур шудааст. Бародарони азиз, ин чӣ беҳурматист, ки шумо дар навиштаҷотҳоятон истифода мебаред? Хоҳишмандам, забони покизаю озодаи моро ифлос накунед!

Шодибеки Халилзода, 

Аълочии маорифи СССР, н.Мӯъминобод

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter