ХАБАРИ ДОҒ

«Лашкари беваҳо» ё Волидонсолорӣ дар Ишқ

  • Душанбе, Нояб 28 2016

Ҳар рӯз тахмин дар Тоҷикистон 30 адад ва соле 10.000 оила барҳам мехӯрад. Ин рақам дар 10 сол ба 100.000 мерасад. 100 ҳазор зани бешавҳар ё худ «лашкари беваҳо» ҳосили фарҳанги волидонсолорист... 

 

1.Келин, яъне арӯси писар, ё ғуломи авлод?

Келин касест, ки аз баҳри волидон, бародарон, хоҳарон, хешу таборон ва хонадони худ мегузарад, ҳатто озодиашро қурбон намуда, ба шавҳар мебарояд. Ҳеҷ китоби заминиву осмонӣ ӯро уҳдадор накардааст, ки барои хешу табори ҳамсараш «ғуломвор» кор кунад. Мантиқан келин бояд танҳо ба шавҳар ва хусуру хушдоманаш ёрӣ расонад, на хизмат. Лек келини бечораи Тоҷик аз ин ҳудуд берун рафта, барои янга, ҳевар, бачаҳои онҳо, гоҳо барои 1 авлод шабу рӯз хизмат мекунаду вақте касал шуд, ҳамон лаҳза ба хонаи модараш «экспорт» мешавад. Ақаллан барояш дору намехаранд. Ин ҷо суоли Хайёмона пайдо мешавад: Инсоф бидеҳ кадоме хунхортаранд? Хушдоман ё келин? Гумонам, ту ҳам хонандаи азиз, чунин беинсофиро шоҳид шудаӣ. Афсус ин воқеияти талхи ҷомеаи мост. Ҳаргиз модари яҳудиву насоро ё бутпараст нисбат ба келинаш ин навъ бераҳмиро раво намебинад, ки хушдомани Тоҷик! Дардовар ин аст, ки чашмони «ҳамабин»-и хусур ҳам ин ноадолатиро намебинад. Руиҳамрафта, хушдоманҳое, ки келинро ҳангоми бемор буданаш 1 дақиқа чашми дидан надоранд, боз умед мебанданд, агар дар пирӣ бемории тӯлонӣ шаванд, онҳоро келин нигаҳбонӣ кунад. Ғам махӯред, хушдоманҳои азиз, ҳаргиз «каков привет-таков ответ» нахоҳад шуд. Келини Тоҷик шараф дорад, шуморо намепартояд, ғамхоратон мешавад, дар сакароти ҷон болои саратон меистад, охирин чакраи обро дар ҳалқатон мечаконад ва то он ки духтару домоди пурнозатон расида меояд, рӯи дасти келин ҷон хоҳед дод. Кош чунин бошад!!! Аммо дигар зиндагӣ ин навъ сурат намегирад. Одамон дигар шудаанду ба ноадолатӣ посух мегӯянд. Келинҳо ҳам вақте ба ивази заҳматҳояшон беқадрӣ мебинанд, ба зиндагии озод бармегарданд. Акнун дидед, ки 1 решаи оилабарҳамхурӣ дар куҷост?

2. Вақте занҳо зан мегиранд! 

Хатои аз ҳама дағале, ки зимни бунёди оила дар ҷамъияти мо рух медиҳад он аст, ки зан занро интихоб мекунад. Яъне модар келин интихоб мекунад. Модар бо ҳама бузургиаш зан аст ва ӯ ҳаргиз завқи писарашро дар муносибатҳои маҳрамона дарк карда наметавонад ва бо назардошти манфиатҳои худ (ҳунармандиву хаппакии келин асос аст!) барои писараш ҳамсар хуш мекунад. Тӯй хуб мегузарад, вале мард чун шаби висол ё шабҳои баъдӣ дар муносибатҳои маҳрамона қаноатмандӣ ҳосил намекунад, зани дигаре мувофиқ ба табъу завқаш пайдо карда дар ҳузури ӯ ҳаловат мебарад ё Русия мераваду ёди ин зан намекунад. Агар ин зану шӯ бо ҳам маъқул мебуданд, ҳеҷ баҳонае боиси ҷудоӣ намешуд. Мо зану марди аз ҳамдигар қаноатмандро бисёр дидаем, ки дар хориҷа мисли «мори печон» зиндагӣ мекунанд. Охир ҳеҷ одобу ахлоқ ва ҳунармандие наметавонад ба ҳадди хушоҳангии маҳрамона оиларо мустаҳкам кунад. Киро ҳам дидаед, ки бидуни ҳаёти маҳрамона ба ҳаёти оилавӣ розӣ шуда бошад? Канӣ чунин шарт гузоред, аксуламалашро хоҳед дид! Набояд муносибатҳои шаҳвонии мо аз сӯи дигарон (ҳатто агар волидон ҳам бошанд!) идора шавад. Агар интихоби келин ё домод кори падару модар мешуд дар ин бора Худо амре мекард. Чун муносибатҳои заношӯи хело нозук аст, Худованд ҳамсаронро дар интихоби якдигар озод гузоштааст, лек волидони Тоҷик дар муқобили гуфтаи Худову Қуръон ва расул ошкоро меистанд ва фарзандонро ба шахси писандидаи худ оиладор мекунанд. Дар натиҷа ин амали маҷбурӣ ба ҷудоии оилаҳо меорад, баъд мегӯянд: «Акнун ин дафъа бачам худат медонӣ», аммо аллакай дер шудааст.

3. Арӯси авлод...

Дар ҷомеаи мо марзи озодиҳои ҷинсӣ то ҳадде рахна мегардад, ки 1 духтари бечораи Тоҷик бояд мувофиқ ба табъу завқи бибии 70-солааш шавҳар интихоб кунад ё келин бояд барои ҳамаи аъзои хонадони домод маъқул шавад. Худоё, ин чӣ рӯзест, ки шакли зоҳирии келину домодро ҳам дигарон интихоб мекунанд?! Бовар кунед, ин фаҳмиш дар доираи ягон ахлоқи инсонӣ намегунҷад, хоса, одоби исломӣ. Келин ба домод ва баръакс домод ба келин маъқул бошад, шуд. Аммо роҳи расидан ба ин ҳуқуқ дар сояи фарҳанги волидонсолорӣ сарбаста мемонад. Вақте писар ба падар ё модараш мегӯяд «барои ман зан интихоб бикун» ин ҳаргиз ба он маъно нест, ки ин «шербача» волидонашро ҳурмат мекунад. Ин далелест, ки интихоби ӯро дар оила эҳтиром намекунанд, ӯ дигар илоҷ надорад. Медонад, ки агар худ зан интихоб кунад, ҳини сар задани андак камбудӣ аз сӯи келин мавриди мазаммату накӯҳиш қарор мегирад. Вагарна кӣ намехоҳад бо дӯстдоштааш оила бунёд кунад? Ҳисси келинбадбинӣ дар оилаҳои мо ба одати хунӣ ё ғаризае табдил ёфта, ҳатто модарон бо келинҳое, ки худ интихоб кардаанд, ба созиш намеоянд. Дар ҳар сурат дар ҷомеае, ки рӯйҳову муйҳо кушодааст, агар фарзанд интихоби ҳамсарашро ба дӯши волидон гузорад, ин маънои номустақил ба воя расидани ӯро ифода мекунад ва ҳамзамон ин ҳол бояд боиси хиҷолати волидон бошад, на боиси фахр.

4. Миллате, ки аз ИШҚ рӯ тофтааст

Дар зиндагии мо мутаассифона душмани сарсахти ишқ боз ҳам падару модар аст. Ҳанӯз ҳам волидонеро вохӯрдан мумкин аст, рӯи духтари боҷуръаташон, ки мегӯяд «Ман бо дӯстдоштаам оила бунёд мекунам» шаппотии обдор мезананд. Миллати соҳибкитоби мо чӣ неъмат будани ишқро фаҳмидан намехоҳад. Ишқ чист? ИШҚ-талаботи маънавии инсон аст. Ишқ мувофиқоии рӯҳиву зоҳирии 1 ҷуфт зану мард аст. Ишқ ба мард иҷоза намедиҳад, ки хиёнат кунад ё зани 2-3 гирад. Ишқ ба зан имкон намедиҳад, аз тамошои бозувони машқдидаи марди бегонае лаззат барад. Ишқ-ҳаловатҳои ҳаёти маҳрамонаро комил мекунад. Хуфтухез бе ишқ ҷуфтшавии дарандаҳоро ба ёд меорад. Ишқ-кафолати солимии оила ва роҳи раҳидан аз фисқу фуҷур аст. Ишқ-инҷиқии рӯҳ аст, ки ҳаёти оилавиро ширин мекунад. Ишқ-барои инсон ва хоси инсон аст. Ҳатто фарзанд бо ҳама шириниаш дар мустаҳкам намудани оила ҷои ишқро гирифта наметавонад. 

Бубинед, имрӯз садҳо оилае, ки аз ҳам мепошанд, фарзандони дӯстрӯ доранд, чун дар ҳаёти онҳо ишқ нест, зиндагии оилавишон поён ёфтааст. То вақте ки фарҳанги волидонсолорӣ болои зиндагии шахсии мо соя меандозад ва калонтарҳо ишқи хурдонро чун арзиш эътироф намекунанд, оилабарҳамхӯрӣ идома меёбад. Волидони азиз, агар ишқро ба зиндагии ҷавонҳо роҳ надиҳед, 100 кампираку мӯсафедак ҳам шаби тӯй ба арӯсу домод дуо диҳад, ки «қӯшапир шаванд» ин орзу ҷомаи амал намепӯшад. Магар нашунидаед, ки шоир Зиё Абдулло гуфтааст:

Намаки бӯсаи Модар дигар аст,

Намаки бӯсаи дилдода дигар.

Хусусияти аҷиби ишқ боз он аст, ки ошиқ на фақат маъшуқро, балки ҳар касеро барои маъшуқ азиз дӯст медорад. Яъне агар зан шавҳарашро дӯст дорад, пас бо таври «автоматӣ» хусуру хушдоман ва наздикони ӯро меписандад, эҳтиром мекунад ва дар хушҳолии онҳо муваффақияти худу дӯстдоштаашро дармеёбад. Ин аз 1000 як бартарии зиндагӣ бо ишқ аст. Муқобилияти волидон бо ишқи фарзандон бо баҳонаҳои гуногун (дурии роҳи хонаи домод ё арӯс, маълумоти олӣ надоштан ё намояндаи дигар маҳал будани онҳо) на фақат хишти қаҷ ниҳодан дар таҳкурсии бинои оиладорист, ҳатто гоҳҳо ин муносибат ба он меанҷомад, ки духтари ошиқ аз хонаи шавҳараш пайти муносиб ёфта боз аз телефони шавҳараш бо дӯстдоштааш тамос мегирад. Яъне 1 оила пур аз хиёнат мешавад. Бо айби кӣ? Албатта, бо айби фарҳанги волидонсолорӣ.

5. Лашкари беваҳо

Ҳар рӯз тахмин дар Тоҷикистон 30 адад ва соле 10.000 оила барҳам мехӯрад. Ин рақам дар 10 сол ба 100.000 мерасад. 100 ҳазор зани бешавҳар барои ҷамъияти мо бояд омори даҳшатовар бошад ва ана ҳамин «лашкари беваҳо» ҳосили фарҳанги волидонсолорист. Агар пеши роҳи ин вабо гирифта нашавад, баъди якчанд соли дигар ҷомеа аниқ ба буҳрони ахлоқие бармехӯрад, ки назирашро таърих ёд надорад. Чунки метавонад ин тоифаро бекорӣ, нафс, нафрат ба шавҳари аввал лухтаки чанд марди шаҳватпараст кунад. Аввалин нигоҳҳои тамаъолуд ба ин қишри занҳо дар утоқҳое дӯхта мешаванд, ки соҳибонашон бояд мушкилоти оилавиро ҳаллу фасл кунанд. Баъдан ҳатто ҳар марди «пойлучу сарлуч» аз ҳамсоямард то ҳар марди шаҳватпарасти дигар хаёл мекунанд, ки зани аз шавҳар ҷудо муштоқи ҳамхобагӣ бо ӯст. Ҳаргиз намехоҳам миллати ман чунин фаҳмишу чунин ҳол дошта бошад. Аз ин рӯ, агар сахт навиштаам, пӯзиш мехоҳам. Лек он чӣ гуфтам, ҳосили мушоҳидаҳои ҳаррӯзаи зиндагист. Албатта, дар ин росто келину домодҳо ҳам «моҳичаҳои беайб» нестанд. Вале дар бораи онҳо дар шумораҳои баъдӣ хоҳам навишт. Мо Метавонем!

Марҳабо Рамазонзода,

журналист, ш.Қӯрғонтеппа

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter