ХАБАРИ ДОҒ

Фарзанди заминдор

Фидел Алехандро Кастро Рус 13.08.1926 дар музофоти Орента, воқеъ дар шарқи Кубо дар оилаи заминдори испониёӣ Анхел Кастро дида ба дунё кушод. Падари Комендантеи оянда аз деҳқонони камбағали испониёӣ буд, ки с.1901 ба Куба ҳиҷрат намуд. Аммо баъди чанде кордонӣ ва донишу малакаааш ӯро ба яке аз заминдорони ин музофот табдил дод. Худи Фидел дар бораи баромади иҷтимоиаш мегӯяд: "Ман дар оилаи заминдор ба дунё омадам. Ин чӣ маъно дорад? Падари ман деҳқони испониёӣ аз оилаи бисёр камбағал буд. Ӯ дар оғози қарн чун муҳоҷири испониёӣ ба Куба омад ва дар шароити сахт ба кор сар кард. Баъди чанде падарам чун марди корчалон диққати корфармоёнро ҷалб кард ва дар сохтмонҳои он давра вазифаҳои роҳбарикунандаро соҳиб шуд. Ба ӯ муяссар гардид сарвати муайянеро ҷамъ ва онро барои харидани замин истифода кард. Ҳамин тариқ ба молики замин табдил ёфт. Вақте ман ба дунё омадам, оилаи моро мешуд заминдор номид". Падараш Фиделро ҳамин, ки хондану навиштанро ёд гирифт, барои таҳсил ба пойтахти музофоти Ориента, шаҳри Сантяго де Куба фиристод. Комендантеи оянда дар ин ҷо ба коллеҷи католикии "Бародарон Ла Сал" шомил шуд. Ахир, баъди 13 сол таҳсил мадраки таҳсилотиро ба даст овард, ки дар он аз ҷумла омада буд: "Фидел Кастро Рус. Ҳамеша дар ҳамаи фанҳои бо адабиёт алоқаманд пешсафи дигарон буд. Дастовардҳои ӯ барҷастаанд. Варзишгари беҳамто, дар мусобиқаҳо ҳамеша бо мардонагӣ ва ифтихор аз шаъну шарафи коллеҷ ҳимоят мекард. Тавонист муҳаббат ва эҳтироми ҳамсабақонашро соҳиб гардад. Ӯ ният дорад ҳуқуқшинос шавад ва мо шубҳа надорем, ки ӯ китоби зиндагии худро бо саҳифаҳои дурахшон пур мекунад. Фидел ин масолеҳи беҳамтоест ва нақшааш барои ин масолеҳ ҳамеша пайдо мешавад".

Дон Кихоти донишгоҳ

Баъди хатми коллеҷ Фидели ҷавон озими пойтахти Куба шуда, ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Гавана месупорад. Дохилшавии ӯ ба Донишгоҳ ба оғози ҷанги сард рост омад. Дар Куба он шабу рӯз профессори собиқи донишгоҳӣ, демагог Грау Сан-Мартин президент буд. Дар ҳукумати Сан-Мартин ришвахориву фасод ба авҷи аъло расида буд. Худи президент бошад ба бозичаи дасти 1 гурӯҳи қудратмандон ва авбошон табдил ёфта буд. Фаъолияти инқилобии Фидели ҷавон маҳз дар донишгоҳ оғоз шуд. Соли 1946 ба ташкилоти "Иттиҳоди шӯришиёни инқилобӣ" пайваст. Ин ташкилот хоҳони дигаргуниҳои сиёсӣ дар Куба буд ва аз муборизаи мусаллаҳона ҷонибдорӣ мекард. Аммо баъди чанде аз ин ташкилот берун рафт ва шомили Ҳизби халқи Куба шуд. Дар сарнавишти Комендантеи оянда с.1948 нақши вежае дошт. Дар ин сол Фидели ҷавон ба ҳайси сарвари Федератсияи донишҷӯёнӣ кубагӣ дар конфронси IX Панамериканӣ, ки дар пойтахти Колумбиё-шаҳри Багота баргузор шуд, ширкат варзид. Ҳини кори конфронс дар Багота сарвари озодихоҳони колумбиягӣ Хорхе Элесера Гайтан ба шаҳодат расид ва пойтахти Колумбиёро бесарусомониҳо печиданд. Шӯриши мардуми "Боготасо" ном гирифт. Фидели ҷавон, ки аз хӯи гарме бархурдор буд, дар ин шӯриш ширкати фаъолона варзид. Ширкат дар "Боготасо"-ро метавон аввалин таҷрибаи инқилобии Комендантои оянда муаррифӣ намуд. Баъди шикасти шӯришгарон ӯ тавонист худро ба сафоратхонаи Куба расонад ва аз он ҷо пинҳонӣ ба Куба рафт. Худи Фидел овони таҳсилашро дар Донишгоҳ басо муҳим арзёбӣ мекунад: "Ман Дон Кихоти донишгоҳ будам. Он чи, ки ман дар донишгоҳ пушти сар намудам бароям ҳатто аз таҷрибаи Серра Маестро низ бо аҳамияттар аст". 13.10.1950 ба Фидел унвони доктори илмҳои ҳуқуқ дода шуд.

"Барбудос"

Кастро баъди хатми донишгоҳ ба фаъолиятҳои сиёсиаш идома дод. Соли 1952 ӯро ба ҳайси номзад ба вакилии конгресс аз музофоти Гавана сабти ном карданд. Интихобот мебоист июни с.1952 доир мешуд. Аммо марти с.1952 дар Кубо табаддулоти давлатӣ рух дод ва ҳарбиён бо сарварии Фулхенсио Батиста зимоми қудратро ба даст гирифтанд. Батиста парлумонро пароканда ва конститутсияро бекор намуд. Фидел бошад с.1953 ҳамроҳи Абел Сантамария гурӯҳи оппозитсионии "Насли садсола"-ро созмон медиҳад. Мақсади асосии гурӯҳ бо роҳи мусаллаҳона барканор кардани ҳукумати Батиста эълон шуд. 26.07.1953 "Насли садсола" кӯшид казармаҳои Манкадоро дар Сантяго де Куба ба даст дарорад. Дар ин нуқта яке аз гарнизонҳои бонуфузи кишвар ҷойгир шуа буд. Фидели ҷавон ба гурӯҳи зарбазани 95-нафара фармондеҳӣ мекард. Аммо шӯришгарон ба нокомӣ дучор шуда, Фидел бо дастаи 20-нафара ба кӯҳҳо ақиб нишастанд. 1.08.1953 низомиёни ҳукуматӣ дастаи Фиделро ошкор карда, ҳамаашонро ба ҳабс гирифтанд. Мурофиаи судӣ сентябри с.1953 сар шуд. Фидел 15 ва бародари хурдиаш Раул 13 сол зиндонӣ шуд. Лек 15.05.1955 зери фишорӣ ҷомеа, Батиста маҷбур шуд, ширкаткунандагони ҳамла ба казармаҳоро авф кунад ва Фиделу бародараш ба озодӣ баромаданд. Аллакай июни с.1955 Фидел ташкилоти пинҳонии "Ҳаракати 26 июл"-ро созмон дод. Июли с.1955 ӯ барои омодасозии шӯриши мусаллаҳона ба Мексика рафт. Маҳз дар Мексика дидор ва ошноии ӯ бо яке аз инқилобиёни дигари барҷаста Эрнесто Гевараи аргентинӣ, ки баъдан бо лақаби Че Гевара маъруф шуд, иттифоқ уфтод. Ин 2 тан нақшаи шӯриши ояндаро тарҳ кашиданд. Тибқи нақша шӯриш мебоист дар музофоти Оренте оғоз ва аз он ҷо ба музофотҳои дигар паҳн мешуд. 26.11.1956 аз бандари мексикоии Туспан киштии мотории "Гранма" бо 82 мусофир ба баҳр баромад, ки миёни онҳо Фидел, бародараш Раул ва Че Гевара қарор доштанд. 2.12.1956 дастаи Фидел дар соҳили шарқии Куба ба соҳил фуруд омаданд. Билохира, ӯ ва Че тавонистанд бо 20 ҷанговар дар кӯҳҳои Серра Маестра сангар гиранд. Партизанҳои ӯ "Барбудос" ном гирифтанд. Барбудоси Фидел, ки ҳеҷ шонс барои ғалаба надоштанд, ахир тавонистанд бар душмани бешумор ва сар то по мусаллаҳ пирӯз шаванд. 15.11.1958 Фидел Сантяго де Кубаро тасарруф кард ва дастаи Че бошад шаҳри Санта Клараро ишғол кард. Батиста 1.01.1959 аз Кубо гурехт ва 8.01.1959 дастаи таҳти фармони Фидел вориди Гавана шуд.

Дӯсти беҳтарини СССР

Муаррихон чунин меҳисобанд, ки Кастро дар оғоз майли чандоне ба сохти сотсиалистӣ надошт ва танҳо баъди ноумед шудан аз ИМА бо СССР наздикӣ кард. Ӯ баъди расидан ба қудрат апрели с.1959 ба Вашингтон сафар кард. Роҳбарияти расмии ИМА сарвари инқилоби Кубаро хунук пешвоз гирифтанд. Аслан Куба барои амрикоиҳо 1 истироҳатгоҳе буд, ки бойҳояшон он ҷо кайфу сафо доштанд. Касе гумон намекард, ин ҷазираи кӯчак аз фармони ИМА бадар равад, лек Коменданте аслан хӯйи ба касе сар фуровардан надошт. Баъди бозгашт аз ИМА сиёсати ӯ 180 дараҷа тағйир ёфт ва рӯ ҷониби аввалин кишвари Шӯроҳо овард. 4.02.1960 Анастас Микоян бо даъвати Фидел вориди Гавана шуд. Дар натиҷаи гуфтушунид миёни Кастро ва Микоян тарафҳо созишномаи ҳамкории СССР бо Кубаро ба имзо расониданд. Тибқи созишнома СССР ӯҳдадор шуд 5 млн тонн қанди Кубаро бо нархҳои ҷаҳонӣ дар муддати солҳои 1960-1964 бихарад. Куба 20% аз ин маблағро бо асъори хориҷӣ ва 80%-и онро бо молҳои шӯравӣ мегирифт. Дар баробари ин СССР ба Куба маблағи 100 млн долларо ба мӯҳлати 12 сол бо фоизи кам қарз дод ва гуфт, ки тайёр аст барои барқарорсозии иқтисоди Куба низ кумак кунад. Бо ҳамин, дӯстии содиқонаи ӯ бо СССР поярезӣ шуд. Ногуфта намонад, ки Коменданте то охир дӯсти содиқи аввалин кишвари Шӯроҳо боқӣ монд ва аз ин дӯстӣ ҳатто баъди пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ низ даст накашид. Кастро чандин маротиба ба СССР сафари корӣ анҷом дод ва с.1963 ҳатто аз Фарғонаву Самарқанд зиёрат кард. Ин дӯстии Коменданте бо СССР хашми Кохи Сафедро барангехт ва амрикоиҳо ҳамвора мекӯшиданд аз Фидел халос шаванд. Ба ҷони ӯ 638 суиқасд роҳандозӣ шуд, лек Коменданте зинда монд. Фидел суханвар ва нотиқи беҳамто низ буд. Яке аз суханрониҳои сиёсии ӯ, ки 27 соат тӯл кашид, ҳатто ба китоби Гиннес низ дохил шудааст. Номи Фидел Кастро дар саҳифаи таърихи қарни ХХ барои ҳамеша нақш бастааст ва ҳеҷ гоҳ аз ёдҳо фаромӯш нахоҳад шуд.

 Меҳрубон Салимшоев,

Муаррихи СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter