ХАБАРИ ДОҒ

Парвозҳои Душанбе-Тошкант: ҳафтае 2 маротиба

  • Чоршанбе, Нояб 30 2016

Имрӯз, 30.11.2016 дар Душанбе миёни намояндагони вазоратҳои нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Протокол оид ба ҳамкорӣ байни маъмурияти авиатсионии 2 кишвар ба имзо расид ва мувофиқи он дар ояндаи наздик парвозҳо тавассути хатсайри ҳавоии Душанбе-Тошкант-Душанбе ба роҳ монда хоҳад шуд. Парвозҳоро аз ҷониби Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва аз ҷониби Ӯзбекистон ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» анҷом дода он ҳафтае 2 маротиба сурат хоҳанд гирифт. Дар ин бора ба мухбири мо аз Раёсати авиатсияи граждании вазорати нақлиёти ҶТ хабар доданд.

 

Чуноне ки ба мухбири мо дар маркази матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» иттиллоъ доданд, ҳайати авиаторони ӯзбек пеш аз ҳама аз фурудгоҳи пойтахт, терминали нави байналмиллалӣ, хадамотҳои рӯизаминӣ ва дигар бахшҳои он боздид намуда бо фаъолияти фурудгоҳ ва имкониятҳои қабул ва гусели мусофирон, бору бағоч ва ҳавопаймоҳо аз наздик ошно шуданд.

- Мо аллакай дар бораи ҷуғрофияи парвозҳо, талабот ба хатсайри нав, теъдоди парвозҳо сӯҳбат кардем ва ба тавофуқ расидем. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе низ ҷавобгӯи талаботҳои муосир ва фаъолияти он моро қонеъ менамояд. Шояд пас аз роҳандозии ҳатсайри нахуст, мо дар бораи парвозҳо аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон ба минтақаҳои Ӯзбекистон низ фикр намоем, иброз дошт ба хабарнигорон роҳбари ҳайати кори ҷониби кишвари ҳамсоя Олег Ли, муовини сардори Инспексияи давлатии ҶӮ оид ба назорати амнияти парвозҳо.

СССР

 

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter