ХАБАРИ ДОҒ

Рамзан Қодиров ба Сурия рафтанист: Ба ҷанги зидди ДИИШ

  • Ҷумъа, Дек 09 2016

Қодиров Рамзан-президенти тозаинтихоби Чеченистон-ҷумҳурие дар вобастагии Крмел, ки бо иддаоҳои воҳимаангезаш маъруф аст, ин бор низ аз худ дарак дод. Ӯ изҳор дошт, агар Путин-президенти Русия хоҳад, собиқ муҷоҳидони чеченӣ ва имрӯз сарбозони горди ҷангии Шарқ-Ғарб омодаанд ба Сурия рафтаву дабдалаи нерӯҳои давлати ба ном исломиро, ки дар асл зодаи Исроил ва Амрико ҳастанд, бароранд. Шахсан худи Рамзан мойил аст, ки ба ин ҷанг мардонавор худаш равад!

Дар сафҳаи инстаграми хеш, ки ҳамарӯза бо изҳороти сенсатсионӣ садо медиҳад, Рамзан гуфтааст, барои сарбозони чеченӣ мавриди ифтихор ва боиси фараҳ мебуд, агар бар зидди нобакорони исломӣ дар Сурия онҳоро сафарбар мекарданд. Худи президенти Чеченистон низ, ки яке аз сарватмардони Қафқоз маҳсуб меравад, пушти дигарон пинҳон шуданӣ нест. Ӯ омодааст дар сафи аввал бо душманони ислом ҳарб кунад:

"Ман хушбахту сарафроз мешудам, агар бо фармони Владимир Владимирович  Путин барои ҷанг бо ин нобакорони исломӣ (негодяйи ислама) таъҷилан ба Сурия сафарбар шавам. Душманони ислом бояд дар лонаашон маҳв шаванд, пеш аз он ки пои нопокашонро ба ватани мо гузоранд", - гуфтааст Рамазон Қодиров дар сафҳаи интернетии худ бо ин ишора, ки онҳоро он ҷо маҳв накунанд ба марзҳои СНГ ва Русия хоҳанд омад.

Хотиррас мешавем, ки Рамзан Қодиров, қаблан муҷоҳид буду дар сафи оппозитсияи Кремл меҷангид, вале пас аз террори падараш Аҳмад Кодиров ба сафи тарафдорони Кремл пайваст ва ҷангро дар Чечня хотима бахшид.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter