ХАБАРИ ДОҒ

Бо корди душман худро куштем

  • Ҷумъа, Дек 09 2016

Ҳама хуб медонем, ки ҷанги шаҳрвандӣ ғайр аз талафоти иқтисодӣ боз аз ҷиҳати ҷонию рӯҳӣ ба мо зарба зад. Ҷумлаи «ин ҷанг-ҷанги гулчин буд» ҳамеша вирди забони нафаронест, ки азизи худро дар ин ҷанг аз даст додааст. Воқеан, родмардоне, ки аз 2 тараф кушта шуданд, болаёқат, поквиҷдону боирода буданд. Агар онҳо имрӯз дар қайди ҳаёт мебуданд 1 армияи бузургро дар баҳри ҳифзи Ватану ватан мемонд. Вале афсӯс андак нофаҳмие боиси ин қадар ранҷу машаққат шуд, ки дар дили ҳаряки мо даҳсолаҳо боқӣ хоҳад монд. Имрӯз дар нашрияҳо матлабҳое хонда сахт ғамгин мешавам. Агар ҳар яки мо кушандаҳои азизонамонро нависему ба дасти чоп диҳем, ин кинаро барои тарбияи насли наврас бедор мекунад, ба руҳи онҳо таъсири бад мерасонад. Навниҳоли ваҳдатро бояд чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуд. Агар пояи ниҳолеро аз дарун кирм хӯрад, дар андак шамол мешиканад. Пас аз ҳар нафаре, ки дар дил алам дорад, онро бишӯяд. Набояд ба хатои дирӯз роҳ диҳем, ки нобахшиданист. Ҷанги солҳои 90 худкушӣ буд, мо бо корди душман бар ҷони худ задем. Худоё чунин корди душман ба дасти ҳеҷ кас наафтад, варна ҳама ҳалокем.

Эй дӯсти азиз, биё, ки бо ҳам оем,

Буғзу кинаро аз дили худ партоем.

Дунё гузарон умри мо ҳам ин сон,

Дарҳои биҳишт ба дасти худ бикшоем.

Гулнора Абдуллоева,

деҳаи Ленинобод, н.Шаҳритус

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter