ХАБАРИ ДОҒ

Армия, қаҳрамонӣ ва облава

  • Душанбе, Дек 12 2016

 

Бадбахттарин моҷарои мо ин аст, ки фарзандони мардуми камбағалро аз кӯчаҳо шикор карда, Армия мебарему бо 1001 азоби виждон тариқи расонаҳо рапорт медиҳем, ки дар Тоҷикистон облава нест...

 

Гарав мебандам, ягон нафар аз онҳое, ки тариқи говзӯр, мисли ҳайвони ба дом афтода, яъне облава ба Армия мераванд, қаҳрамонӣ на-хо-ҳанд карддд! 

Ин аксиома аст. Охир мо ғурури ҷавонро шикаста, ӯро танҳо барои ҳисобот Артиш мекашем. Пас ӯ қаҳрамонӣ хоҳад кард? Хестед, ки хобед!!!

О, армия ва ҳифзи ватан ҷамъовари асалу ширу кирми пилла нест, ки аз иҷрои нақша-план ҳисобот диҳем. 

Имрӯз, бешармиву бешарафие, ки мақомотро пеши ҷамъият сархам кардааст, маҳз олбаваи нобуда аст. Облава ҳаст, буд ва мемонад! Аммо мо 25 сол ба мардум дурӯғ мегӯем, ки ҷавонон бо ихтиёри худ Армия мераванд. 

Муҳимтар аз ин дар 25 сол 1 фарзанди бойу курсидор, ақаллан раиси маҳалла, чӣ расад ба ноҳияву шаҳр, Армия нарафтааст. Рафтааст? Пас мисол биоред, то мо Қаҳрамони давронро шиносем...

Аз шӯравӣ ва идеологияи пирӯзи он мисол меорам. Вақте мо ба Университет дохил шудем, фармон баромад, ки бояд ҳар донишҷӯ аз курси 1 рафта хизмат кунад. Университету институтҳои Шӯравӣ, сар аз Тоҷикистон то Маскав, ҳама хизмат мекард, мо низ рафтем, гаштем омадем ва боз хондем. Донишҷӯёнро вақте ба Армия даъват мекунад, дигар ҳич кас ба зӯрӣ хизмат намеравад. 

Асир ва солдат

1 масали бисёр ҳам сангин ҳам ҳаст, ки «сагро бо зӯрӣ ба шикор бурда намешавад». Ҳамин ихтиёрини облаваҳо буданд, ки ҳар боре ба асорати ин ё он гурӯҳи ҷангӣ ё қочоқчӣ меафтанд. Зеро онҳо аллакай таслимшудаанд!

Сарбозе, ки асир меафтад, боз ҳам дар даврони шӯравӣ, ё ҳабс мешуд, ё парронида! Ман намегӯям, ки ҳама асируфтодагонро бояд ҳабс кард, ё ҷазо дод. Аммо ҷазо наёфтани инҳо ба дигарон дарси ибрат мешавад, ки «душманро дидӣ, автоматро партову дастонатро бардор. Як рӯз не, як рӯз боз Ҳукуматат туро оварда, ба очаҷонат месупорад». 

Сарбозӣ қаҳрамонӣ не, ифои қарз аст!

Имрӯз садҳо нафар ба редаксияи мо муроҷиат мекунанд, ки фарзанди маро ба Армия бурданду ба ман...замин, ҳавлӣ, хона намедиҳанд. Уййй буродаро! Фарзанди шумо ба ҷанги Гирмон не, ба ҳифзи Модар-ватан рафтааст охир.

«Бачаи ман дар Армия хизмат мекунад, баччаи маро задаанд». Дар Армия, ба гуфти русҳо, «просто так, не бьют!». Вақте ки ту аз канори модар бармехезӣ, «баччаҷон, Каримҷон, Раҳимҷон… хез» гуфта, модар туро қариб ним соат бедор мекунаду мегӯяд: Тухму шират хунук шуд… магар ин зиндагонист? Ту кӯдакӣ, мард нашудаӣ. 

Дар Армия ту бояд МАРД шавӣ. Албатта туро бо зарби мӯзаи солдатӣ аз хоб мехезонанд. Вале 2 ҳафта баъд вақте «подъём» садо медиҳад, дар 45 сония солдат аллакай тамоми либосҳояшро пӯшида, силоҳашро гирифта, дар плац қатор меистад.  Ин сухан сари насли мост: Мо ҳамонҳое будем, ки ним соат модарамон бедор мекард, вале дар 30 рӯзи «курс молодго бойца» дигар мешудем.  Дарк мекунӣ, дигар ту солдатӣ, ту мардӣ, ту бояд обутоб ёбӣ, ту бояд тир парронида тавонӣ, 18-20 кг бор дар пуштат, 18-20 км «марш-бросок» давида тавонӣ, дар сардиҳо тобовар бошӣ!!! Дар хунукиҳо хунук нахӯрӣ, дар гармиҳо гарм нашавӣ. Зеро Модар, Падар, Хоҳар, Бародар ва Маъшуқаат дар ҳифзу амонати хидмати туст. Мо ифтихор мекардем, ки Ватанро ҳифз мекунем!

Армия-хонаи очаат нест!

Аз ҳамон таҷрибаи худ мегӯям. Рӯзҳои аввал мо медавидем, касе дер мемонд, «дедҳо» аз пас тела-тела дода, кӯмак мекарданд. Бори мо, тиру туфанги моро бар пушт мегирифтанд.  Инҳо ҳамонҳое буданд, ки қаблан бо мо ситам мекарданд. Мо фикр мекардем, ки инҳо чӣ хел одам ҳастанд, ки ҳич монда намешаванд? Вале вақте мо худамон ҳам қариб 2 сол хизмат кардем, дилхоҳ солдатбаччаро, ки меафтод, ҳатман боло мекардем, 20 кг бори ӯро мебардоштем, боз аз таги кашаш гирифта медавидем, чунки обрӯи «взвод» обрӯи мо буд,  то маневрҳои ҳарбиву ҷангӣ тағйир нахӯранд. Айнан коре, ки дигарон дар ҳаққи ман мекарданд, ман низ дар ҳаққи наваскарон мекардам! Ин аст шаттаи солдатӣ. 

Мебахшед, дар Армия бо «шумо, шумо» гуфтан намешавад! Бо иззату ҳурмату 2 даст пеши бар «Ако хезед, дер шуд:  не Шумо отжимание карда наметавонед, кӯшиш кунед, акоҷонакам», ин хел намешавад. 

Ҳодисае дар Армия

3 сол пеш дар бораи 1 ҳодиса навиштам. Солдатеро, ки салафӣ буд, Армия меоранду ӯ ришашро наметарошад. 3-4 моҳ аз ӯ хоҳиш мекунанд, илтимос ришатро гир, не мегӯяд. Аз сардори қисм, ки дар собиқ ҷангии Фронти халқии н. Ҳисор будааст, пурсидам, ин чӣ моҷарост, талх хандиду гуфт, инро агар ман силлие занам пагоҳ дело мекушоянд. Чун дар ин бора навиштам, бе овардани ному насабу қисмати ҳарбӣ, ҳамон сарҳангро ёфтаву қариб аз кор пеш мекардаанд. Сирри ҳарбӣ? Неъ! Сирри тамаъкорӣ... 

Вале муовини вазири мудофиа зидди Давлат кӯшиши табуддулот мекунаду 1 нафар «выговор» намегирад. Сирри ҳарбӣ?... 

АС воқеан боиси омӯзиш аст

Ман вақте Армияи Советӣ (АС) рафтам, 14 бор худамро дар турник мекашидам ва чемпиони ротаи наваскарон шудам. Барои 14 бор! Вақте ки ман дембел шудам,100 бор худамро дар турник мекашидам, вале чемпион набудам, чунки дигарон 120-150 маротиба мекашиданд. Ин ҳама заҳматӣ сарбозӣ ва обутобёбӣ буд. Ҳозир ҳам ба армияи мо кӯдакон мераванду МАРД меоянд. Одамоне, ки хизмат кардаанд, аз он ҷавонони меҳрбамодар хело фарқ доранд. 

Вале то фарзандони вазирону давлатмардон ба Армия намераванд, ин Армия миёни авом обрӯ намегирад ва облава абазинда боқӣ мемонад; облаваи набуда, вале обрӯрези ҳамаи мо...

 

М. Мубориз

Махсус барои СССР

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter