ХАБАРИ ДОҒ

Хонанда, дӯст ва мухлиси доимии газетаи мардумии СССР, Ғозибеки Авазиён аз Кӯҳистони Масчоҳ ба СССР телефонӣ тамос гирифт ва гуфт, ки аз мақомоти ноҳия маро мегӯянд ки дигар ба ягон газетаҳои шахсӣ шикоят накун. Шахсан худи раиси ноҳия-Муҳаммадҷобир Раҷабзода ба воситаи миёнаравҳояш ба ман таҳдид дорад, ки «Агар 1 бори дигар ба СССР ва ё дигар нашрияҳо лаб ба шикоят мекушоӣ, лахт-лахтат мекунем!!!» Ҳатто таъкид кардаанд, ки аз ин таҳдиди онҳо низ ба СССР шикоят накунам! Мақомоти ноҳия чунин мепиндоранд, ки газетаи СССР нашрияи оппозитсионӣ аст. Акнун ман чӣ кор кунам? Ба ман роҳ нишон диҳед. Бовар кунед, баъди нашри чанд матолиби танқидии ману чанд бародари дигар аз Кӯҳистони Мастчоҳ теъдоди хонандагони СССР ба даҳҳо нафар расида, азбаски почтаи давлатӣ кор намекунад, мардум бо фармоиш СССРро дастрас карда мехонанд. Масчоҳи Кӯҳӣ пур аз проблема асту намояндаи президент бо муовину дигару дигар кормандонаш намехоҳанд, ки дар «боло» аз камбудиҳои ноҳия огаҳӣ ёбанд…

Аз СССР: Воқеан ҳам шикваи мардум аз ин кӯҳманзар зиёд шудааст. Ин ҷо чӣ сиррест накшода? Агар 1 тан шикоят мекард, коре ба хайр мебуд, одамон фавҷ-фавҷ шиква доранд. Мо мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter