ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Пахтаобод рав!

  • Душанбе, Дек 12 2016

1 моҳ қабл бо супориши редаксия тавассути қатораи хатсайри Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб сафар намуда дар бораи хизматрасонӣ дар вокзали ш. Душанбе, ҳолати вагонҳо ва набуди роҳу нақлиёт дар истгоҳи Сарбанд навишта будам. Он замон таъкид ҳам кардам, ки дар ояндаи наздик аз хатсайрҳои дигари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» истифода бурда, бо фаъолияти рӯзмарраи онҳо шинос хоҳам шуд. Инак, бо супориши редаксия рӯзи 3.12.2016 мусофири қатораи Душанбе-Пахтаобод гашта, аз истгоҳи Душанбе то истгоҳи Пахтаобод рафтам.

 

 Соат хобу хазинадор ҳам

3.12.2016. Соат бо вақти Душанбе 16:30 дақиқа. Ба вокзали ш.Душанбе даромада рост ба сӯи хазина роҳ пеш мегирам. Хазинадор ҳамон зане буд, ки 1 моҳ пеш ҳини сафар ба Қӯрғонтеппа 20 дақиқа пеш аз ҳаракати поезд омада ба қавле ба чапу рост чипта навишта буд. Имрӯз низ хазинадор азми бастани кассаро дошту ба суоли ман, ки мехоҳам барои сафар дар қатораи Душанбе-Пахтаобод чипта гирам, ҷавоб дод, ки метавонам бе чипта ҳам баҳузур ба қатора нишинам: «Роҳбаладон худашон чипта доранду мефурӯшанд». Аз ин ҷавоб хайрон мондам, ки чӣ гуна бе чипта метавонам ба қатора ворид шавам? Бо 1001 фикру хаёл дар интизори омадани қатора нишастам. То соати ҳаракати поезд-17.20 вақт ҳаст. Соати вокзали ш.Душанбе, ки дар болои шӯъбаи маълумотдиҳӣ насб шуда буд, кор намекард, хазинадор низ соати 16:35 хазинаро баста баромада рафт. Маротибаи 2-юм аст, ки дер омадану барвақт рафтани хазинадорро мебинам, аз ин бархӯрди ӯ маълум мешавад, ки дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» соати муқаррарии кориро касе на иҷро мекунаду на назорат!

 Вокзале, ки деворҳояш меафтанд…

Бинои вокзали Душанберо чанде пеш таъмир кардаанд. Таъмир пеш аз ба истифода додани хатсайри нахустини Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, ки бо ширкати президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда шуд, анҷом дода шудааст. Он замон биноро ба таври оҷилӣ лой рехтаву ранг карда буданд. Бо гузашти на кам аз 3 моҳ ҳоло ҳамон лою ҳамон рангҳои молида порча-порча рехта истодаанду намуди зоҳирии бинои вокзалро мекоҳонанд!

1 сомонӣ-истифодаи ҳоҷатхона!

Ба хотири он ки шабона аз Пахтаобод танҳо барнагардам, писарчаам Роминро низ бо худ гирифтаам. Зимнан пеш аз сафар ӯро ба ҳоҷатхонаи вокзал даровардам. Ҳоҷатхонаи вокзал дар таҳхонаи бино ҷойгир буда, қисмати 2-юми зинаҳои ба сӯи таҳхона мерафта бо дари оҳанин пӯшида шудаанд. Дарро тела дода поёнтар фаромадем, аввал утоқи намозхонӣ ва баъдан ҳоҷатхона воқеъ буд. Маълум аст, ки ин қисматро ба наздикӣ таъмир кардаанд. Зеро солҳои гузашта он ҳолати хеле риққатовар дошт. Зане, ки аз сарулибосаш маълум буд фарроши ин макон аст, барои даромадан аз мо 1 сомонӣ талаб кард. Дар оғоз қаҳр карда ба ӯ дод гуфтам, ки дар тамоми дунё дар вокзалу фурудгоҳхо ҳоҷатхона ройгон аст, вале боз дилам ба меҳнати вай сӯхту фикри маоши камашро карда, ба ҷои 1 сомонӣ 2 сомонӣ дода худам ҳам даромада дастонамро шуста баромадам…

Қатораи пур аз «зайчик»

Расо соати 17:00 қатора ба хати 1-уми истгоҳ омада истод. Он аз 6 вагон иборат буд, аммо дар ягон вагон рақам нанавишта лавҳаи масири ҳаракат низ насб нашудааст. Қатораи беному нишон, лек серодам! Чун шоми шанбе буд, тамоми тоҷиру савдогар ва коргару донишҷӯёне, ки дар шаҳр кору зиндагӣ ва таҳсил менамоянд, бо нияти хабаргирии хона, ба истгоҳ баромада буданд. Бо во шудани дари вагони 4, аз рӯи ҳисоби писарам, мо ба он даромадем ва дар байн ҷо гирифтем. Тамоми вагонҳои қатора платскарт буданд ва мусофирон 3-нафарӣ рӯи ҳар 1 рахт ҷо гирифтанд. Пас аз 3 маротиба овози ҳушдор додан, соати 17:24 қатора аз истгоҳи вокзали ш.Душанбе ба роҳ баромад. Бояд гуфт, ки ин хатсайр ҳар бегоҳ дар ҳамин вақт ба самти Пахтаобод ҳаракат карда, соати 5-и субҳи рӯзи дигар бармегардад. Барои роҳбаладони ин қатора рӯзҳои ҷумъа ва шанбе рӯзҳои беҳтаринанд: мусофир зиёд мешавад!

«Зайчик»-ҳои қонунӣ!

Соат бо вақти Душанбе 18:00 дақиқа. Акаи Сафар-роҳбалади вагон, ки марди хушчақчақ буду пайваста латифа гуфта мусофиронро механдонд, ба пулҷамъкунӣ даромад. Ӯ на либоси махсуси корӣ дошту на китобчае, ки лоақал мусофирони вагонро номнавис кунад, аз ҳар мусофир аз истгоҳи Душанбе то истгоҳи Турсунзода 3 сомонӣ мегирифт, аз мо 2 нафар, ки то истгоҳи охир-Пахтаобод мерафтем, 5 сомонӣ гирифт. Пул гирифту ба ивазаш на чипта дод, на квитансия. Дар вагони мо қариб 60 нафар мусофир буд, агар 3 сомонӣ ҳам ҳисоб кунем 180 сомонӣ мешуд, вале буданд нафароне, ки мисли мо то Пахтаобод 5 сомонӣ додаанд. Вақте чиптаву квитансия дода намешавад, пас чӣ гуна роҳбаладони ин қатора нақша месупоранду теъдоди мусофиронашонро муайян мекунанд? Аз ҳама муҳим чаро касе ин ҳолатро назорат намекунад? Магар ин ҷинояти маҳзи коррупсионӣ нест? Ё шояд чопи чипта барои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз пули роҳкиро ҳам гаронтар афтад? Ман, ки бори нахуст бе чипта сафар доштам, бо шарм худро мисли ҳамон «зайчик»-ҳо дар метрову троллейбус тасаввур менамудам. Он нафаронеро, ки бе чипта дар метрову поезд сафар мекунанду бо фиребу дурӯғ аз роҳбалад мегурезанд, «зайчик» мегӯянд. Вале дар ин қатораи Тоҷик на танҳо ману писарам, балки тамоми мусофирони он «зайчик» буданд: «Зайчик»-ҳои қонунӣ!

 Вагонҳои кӯҳна

3.12.2016. Соат бо вақти Ҳисор 18:30 дақиқа. Ба тамошои вагонамон аз ҷо хестам. Тамоми вагонҳои ин қатора кӯҳна буданд. Устоҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ин қатораҳоро азнавсозӣ карда, ошёнаи 2-юми платскартро пурра гирифта, рахтҳои яклухтро ба ҷои курсиву мизи паҳлӯии вагон насб кардаанд. Ҳар касе дар қатора нишаста сафар карда бошад, ин гуфтаҳоро мефаҳмад. Вагонҳои ин қатора назар ба қатораи Душанбе-Қӯрғонтеппа тозатар менамуданд, ба ҳар ҳол чангу хокаш камтар буд ва ёвари роҳбалад пас аз истгоҳи Турсунзода ба рӯфтану ҷамъ кардани партовҳои мусофирон шурӯъ кард. Вагон гарм набуд, лек бо сабаби назар ба рӯзҳои ҳафтаи гузашта гармтар шудани хаво, мо дар вагон сардиро эҳсос намекардем. Шояд боиси кам будани чангу хок худи мусофиронанд, ки рӯзе 2 маротиба ба ин қатора нишаста курсиву рахтҳоро бо сару либоси хеш тоза карда мегиранд!

Истгоҳҳои торики Пахтаободи бе мошин

03.12.2016. Соат бо вақти Пахтаобод 19:59 дақиқа. Қатора аз Душанбе то ба Пахтаобод 2 соату 50 дақиқа ҳаракат намуда, соати 20:00 ба истгоҳи охирин расид. Умуман, ҳаракати он дар масир хуб буд, дар истгоҳҳо танҳо 2-3 дақиқа ист намуда бе ягон ҳолати фавқуллода, ки дар ин хатсайр зиёд аст, мо ба мақсад расидем. Танҳо ҳангоми убур кардани роҳ тавассути деҳаи Турдибобои н.Ҳисор чанд наврасе ба сӯи қатора санг заданд, хушбахтона на ба тиреза осеб расид, на ба мусофире. Истгоҳи Пахтаобод торик буд, мисли дигар истгоҳҳои роҳ, танҳо 1 мошин хурди «Тико» дар интизори мизоҷ. Ронанда аз дубора баргаштани мо ба маркази Турсунзода ва баъдан ба Душанбе тааҷҷуб кард. Аммо ба хотири он, ки дар ин вақти шаб дар кӯча танҳо намонем, розӣ шуд, ки моро то маркази шаҳр, ки 7-8 км роҳ аст, худаш бубарад. Мо 15 сомонӣ ба ӯ дода то маркази Турсунзода омадем. Пас аз интизории тӯлонӣ ва баҳси зиёд ба 1 мошини дигар нишаста, бо 50 сомонӣ соати 22:00 ба Душанбе баргаштем. Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter