ХАБАРИ ДОҒ

Мессӣ ахир Муртазои 6-соларо дид

  • Чоршанбе, Дек 14 2016

Кумитаи ташкилии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022, ки дар Қатар мегузарад, 13 декабр дар саҳифаи интернетии Твиттер 1 видеоролики кӯтоҳеро гузошт, ки дар он лаҳзаи ба дидори ҳам расидани Муртазо Аҳмадӣ, кӯдаки 6-солаи афғон ва ситораи тими миллии футболи Аргентина ва клуби "Барселона” Лионел Мессӣ ба назар мерасад. Ин Кумита дар зери ролик таъкид карда навиштааст: "Кӯдаки шашсолае, ки орзуи дидани қаҳрамонаш Мессиро дошт, ахир ба орзуяш расид ва инро тамоми ҷаҳон бояд бубинад.” 

 

Дидори навраси 6-солаи афғон дар Доха-пойтахти Қатар барпо шудааст, ки ФК "Барселона” ин шабу рӯз он ҷо қарор дорад. Кумита гуфтааст, ба дидори Муртазо бо Месси ЮНИСЕФ-Фонди кӯдаки ООН мусоидат кардааст.

Хотиррасон мекунем, ки номи Муртазо аз деҳае дар ноҳияи Ҷоғурии вилояти Ғазнии Афғонистон январи соли 2016 баъди нашри аксе, ки ӯ дар он футболкаи селофании монанд ба футболкаҳои тими миллии Аргентина бо №10 ва исми Месси бозӣ мекард, ба ӯ шӯҳрати ҷаҳонӣ овард. Ӯ аз нодорӣ то ҳол шароит надошт, ки футболкаи Мессии миллионерро аз дӯконе харида ба пӯшад ва ночор аз селофан барои худ футболкаи монанд ба либоси Лионелро сохта буд. Бояд гуфт, ки даромади Лионел танҳо дар соли 2014 ба 65 миллион доллар баробар буда, аз гаронбаҳотарин футболбози ҷаҳон аст.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter