ХАБАРИ ДОҒ

Ризвон: Геббелси Оппозитсияи исломӣ

  • Панҷшанбе, Дек 15 2016

Номи Сайдамир Зуҳуров-вазири амнияти Тоҷикистон дар таърих ҳамчун ягона вазир-генерале, ки барои раҳоии гаравгонҳо ҷони худро ба гарав гузоштааст, абадан сабт гардид...

Боевики Ризвон силоҳро барои чӣ нигоҳ медошт?

 Ҳафтаи гузащта, Суди ноҳияи Нуробод Саидҷон Мирзоеви 56-сола, сокини деҳаи Тегирмии ҳамин ноҳияро бар асоси моддаи 195, қисми 2 (“нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ”)-и  Кодекси ҷиноятии ҶТ барои пинҳон кардани силоҳҳои Ризвон Содиров 5,5 сол ҳабс кард. Ризвон, яке аз қумондонҳои ИНОТ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки зидди нерӯҳои ҳукуматӣ дар шарқи Тоҷикистон меҷангид. Тибқи сарчашмаҳо, Саидҷон аз соли 1993 дар шифти болохонаи манзилаш 1 адад автомати навъи “Калашников”, 3 норинҷак, 8 тирдон ва қариб 300 дона тирро нигаҳ медоштааст. Тобистони соли равон дар пайи 1 ҷустуҷӯ ин силоҳҳо аз манзили ӯ кашфу мусодира шуд. Ба нақли тафтишот, «бастаи силоҳҳо дар ҷои бенам нигаҳдорӣ шуда, ҳанӯз қобилияти истифодабарии худро гум накарда буданд. Автомат соли 1961 истеҳсол шудааст. Ҳарчанд гунаҳкор гуфт, ин силоҳҳоро намехост бо мақсади бад истифода кунад, аммо пинҳон доштани он ва ба мақомот насупориданаш шубҳаовар буд. Ин ҳодиса моро маҷбуран ба варақгардонии делои хунхортарин қумандони оппозитсияи исломӣ, ки дар ситам аз Геббелси Гитлер монданӣ надошт, таҳрик дод...

Ризвон-муҷоҳиди №3

Ризвон Мардонович Содиров 8.04.1964 дар деҳаи Тезгари поёни н.Рӯдакӣ (Ленин) таваллуд шудааст. Фориғуттаҳсили мактаби №48 ҳамин ноҳия аст. Баъди хатми мактаб, 1 сол дар Омӯзишгоҳи баҳрии Шарқи Дур таҳсил мекунад. То аввали солҳои 1990 бо тиҷорат машғул буд. Тибқи нақли 1 нафар мусоҳиби мо, ки ихтисоси бухгалтерӣ дораду сокини ноҳияи Рӯдакист, «Ризвон ҳанӯз дар замони Шӯравӣ бо бизнеси сару либос-формаи ягонаи мактабӣ дар ярмаркаҳои мактабӣ, дар шаҳри Душанбе машғул буд. Мо, ки донишҷӯи бахши молия будем, ба мо роҳи пулкоркуниро меомӯхт. Ва дар вақти берун аз дарс ба тиҷорати Ризвон кӯмак мекардем. То он замон намедонистем, ки бизнес чист ва бизнесмен кист. Дар бораи савдои озод аслан иттилоъ надоштем…». Ризвон дар воқеаҳои февралии соли 90 ширкат надошт ва дар ресторани худаш кор мекард. Ӯ сехи дузанбагӣ ва заправкаи шахсӣ дошт. Баъдтар, дар роҳи ислом рафт. Ризвон мегуфт: «Ҳар инсон дар зиндагӣ мақсаде дорад. Вале мақсади ман дар ҳаёт сохтани давлати исломист». Ба шаҳодати Фаҳмиддин-бародари аслии Ризвон, ки ҳоло дар яке аз зиндонҳои Душанбе адои ҷазо мекунад, Ризвон гӯиё худро ба роҳи Ислом бахшида будааст… Аммо дар асл, ӯ 1 хунхоре беш набуд.

Ризвон ба пайраҳаи ҷанг мебарояд!

Дар соли 1992 Ризвон 1 гурӯҳи 10-15 нафараро дар атрофаш муттаҳид карда, дар водии Рашт (Қаротегин) камин гирифт ва «дружинаи халқӣ»-ро созмон дод. Дар таърихи ҷанги гражданӣ аз ӯ ҳамчун қумондони сарсахту хунхор ёд мекунанд. Дар замони муҳоҷират дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо лақаби Аъло Ҳазрат маъруф шуд. Тибқи баъзе сарчашмаҳо, баъди бозгашт аз ҶИА бо кӯмаки Ғаффор Мирзоев (Седой) бо Ҳукумати конститутсионӣ алоқа барқарор кард. Вале чун Ҳукумат аз тору пуди аслиаш бохабар гардида, бар ӯ пушт гардонид, ҷангро бо нерӯҳои ҳукуматӣ оғоз намуд. 

Қатли Карин Манн

Яке аз гаравгонгирии пуровозаи Ризвон Карин Манн-зани аврупоӣ ва намояндаи ташкилоти байналхалқӣ бо чанд нафар ҳамкоронаш буд, ки дар таърихи 29.11.1997 сурат гирифт. Ризвон, ки аз ақл бегона ҳам шудаву хун чашмонашро пӯшида буд, ин зани хориҷиро ба таври бераҳмона ба қатл расонид. Ҳоло бо номи ин зани бечора дар Душанбе кӯчае номгузор шудааст. Зимнан нерӯҳои ҳарбии Ҳукумат Ризвонро ликвидатсия карданд. Воқеан ҳам бо қатли Ризвон ҳар 2 ҷониби даргир, ҳам исломистон ва ҳам ҳукуматиҳо нафаси озод кашиданд. Зеро ҳама аз Ризвон қимобӣ буд! Дар ликвидатсияи Ризвон, Ҳукумати қонунӣ аз нерӯҳои Мирзо Ҷага (Зиёев) ва Ғаффор Седой истифода бурд. Хело муваффақ…

Зуҳуров дар «меҳмони»-и Баҳром

Генерал Сайдамир Зуҳуров, собиқ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, шахсан дар яке аз амалиётҳо бар зидди дастаи мусаллаҳи Ризвон ширкат кардааст. Аз ҷумла, дар раҳо кардани гаравгонгирифтагон аз ҷониби Баҳром Садиров-бародари Ризвон. Дар ин вақт сарфармондеҳи собиқи нерӯҳои низомии Иттиҳоди мухолифин-Ризвон аз вазифа озод шудаву дигар танҳо амал мекард ва бо ҳар 2 ҷониб душманӣ ва нияти террори роҳбарони мухолифинро дошт. Ҷониби ҳукумат барои ҷалби ӯ кӯшиш мекард ва масъалаи бозгардонии Ризвон аз Афғонистон ба зиммаи Ғаффор Мирзоев буд. Ғаффор Седой зиёд мекӯшид, ки Ризвонро баргардонад ва дар Горди президентӣ ба кор қабул кунад. Нерӯҳои исломӣ зидди марзро убур кадани Ризвон буданд. Зеро то ин дам, Ризвон чанд намояндаи ин қудратро бо шумули Нафасбеки Раҳмонӣ-журналисти бадахшӣ ваҳшиёна қатл карда буд!

Баҳром аввал 20.12.1996 чанд нафар нозирони низомии намояндагии СММ дар Тоҷикистон ва аъзои Комиссияи назорат бар Созишномаи оташбасро ба гарав гирифт ва талаб кард, ки бародараш аз Афғонистон баргардонида шавад. Аммо пас аз гуфтушунид бе иҷрои шарт, ҳукумат тавонист гаравгонҳоро озод кунад. 4.02.1997 Баҳром аввал 4 тан нозирони низомии Намояндагии СММ дар Тоҷикистонро бо ҳамроҳии тарҷумонҳояшон дар наздикиҳои шаҳраки Оби Гарм ба гарав гирифт. Баъдан худи ҳамон рӯз боз 2 корманди Кумитаи байналмилалии Салиби Сурхро низ ба гарав бурд. Ҳамчунин хабарнигорони русро ҳам дастгир кард, ки дар байни онҳо занҳо ҳам буданд. Баҳром ин навбат бо қатъият талаб намуд, ки Ризвонро аз Афғонистон оварда, ба назди ӯ баранд. Вазъият хеле мураккаб буд. Аз 1 ҷиҳат роҳбарони ҳар 2 ҷониб кӯшиш мекарданд, ки ба ҷанг хотима диҳанд, аз сӯи дигар 17 тан намояндагони созмонҳову ВАО-и хориҷӣ дар гарав буданд. Дар чунин вазъияти ҳассос Сайдамир Зуҳуров ба майдон баромад. Ӯ аввал бо худи Баҳром телефонӣ сӯҳбат намуд. Баҳром мегӯяд, ки бо ӯ сӯҳбат кардан мехоҳад ва агар ӯву Ғаффор Мирзоев ба наздаш оянд, гаравгонҳоро озод мекунад. Ғаффор аз рафтан ба назди бародари Ризвон саркашӣ менамояд ва Зуҳуров маҷбур мешавад, ки танҳо равад. Пас аз ба Оби Гарм рафтан, Баҳром ӯро низ ба асорат мегирад ва тамоми қавли худро фаромӯш мекунад. Зуҳуров чанд рӯз дар асорати Баҳром истод ва ҳамакнун вазъият боз мушкил гардид.

Зуҳуров худро қурбон мекунад

Ҳукумат розӣ шуд, ки талаби Баҳромро иҷро намуда, Ризвон ва ҷанговарони ӯро аз Афғонистон баргардонад ва бо асирафтодагон иваз намояд. Дар чунин ҳолат генерал Зуҳуров қатъан талаб кард, ки Баҳром сароғоз ҳамаи гаравгонҳои хориҷиро озод мекунад ва танҳо дар ин сурат, дар охир ӯро бо худи Ризвон иваз намоянд ва чунин ҳам шуд. Баъдтар ҳамаи гаравгонгирифтагон озод карда шуданд. Номи Сайдамир Зуҳуров-вазири амнияти Тоҷикистон дар таърих ҳамчун ягона вазир-генерале, ки барои раҳоии гаравгонҳо ҷони худро ба гарав гузоштааст, абадан сабт гардид!

Амалиёти таъқиби Ризвон 

Аз ин воқеа муддати зиёд нагузашта, амалиёти дигаре оғоз ёфт. Агар чанд моҳ муқаддам генерал Зуҳуров дар асорати Ризвон ва бародари ӯ буданд, ҳамакнун ӯ Ризвонро таъқиб мекард. Пас аз воқеаи гаравгонгирӣ, Ризвон 1 муддат аз назарҳо ғоиб шуд. Аммо ҳамеша овозаи ғоратгариву кушторҳои ӯ паҳн мешуданд. Аз ин сабаб барои дастгир кардани ӯ амалиёти махсус гузаронида шуд. Дар рафти ин амалиёт маълумот мерасад, ки Ризвон дар дар яке аз хонаҳои маҳаллаи Южний, кӯчаи Титови шаҳри Душанбе паноҳ бурдааст. Ба хотири безарар гардондани Ризвон ва гурӯҳаш ба аъзои гурӯҳи "Алфа" фармон дода мешавад, ки омода шаванд ва соати 2-и субҳи 2 декабр амалиётро шурӯъ мекунанд. Ин амалиётро Зуҳуров роҳбарӣ мекард. Онҳо биноро иҳота мекунанд ва аз дохили бино духтараки 16-17 солае берун омада таъкид мекунад, ки зани Ризвон аст, вале худи ӯ ҳоло дар хона нест. Аммо Зуҳурови "чекист" хуб дарк мекард, ки Ризвон дар хона аст ва ин духтар дурӯғ мегӯяд. Генерал Зуҳуров барои зинда дастгир кардани Ризвон фармон дод. Ҳарчанд кӯшиши зиёд карданд, ки Ризвонро сиҳат дастгир кунанд, лек муяссар нашуд. Ба ин худи Ризвон ҳам сабабгор буд, зеро ӯ аз таҳхонаи бино намебаромад ва аъзои дастаи "Алфа" маҷбур шуданд, норинҷак партоянд. Баъд ҷасади ӯро аз хона бароварданд ва бо ҳамин яке аз чеҳраҳои хунбортарини ҷанги шаҳрвандӣ аз байн бардошта шуд. Бо ин метавон гуфт, ки қадами нахустин дар роҳи суботи миллӣ гузошта гардид. Зеро то Ризвон мебуд, қатлу куштор хатм намеёфт. Зеро ӯ фарзанди хун буд ва аз хуни худ сер кардаву мурда рафт, ки даҳон намегардад, ҳатто пас аз маргаш дуои хайраш кунӣ…

Қатли Раҳмонӣ аз тири Ризвон

Санаи 21.12.2013 дар бинои маркази савдои "Пойтахт" маҳфили навбатии фонди ҷамъиятии "Гуфтугӯи тамаддунҳо" бо иштироки намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва 1 қатор коршиносону сиёсатшиносон баргузор шуд. Дар нишаст Маҳмадалӣ Ҳайит-муовини раиси собиқ ҲНИТ иштирок дошт, ки изҳороти ӯ аслан сари мавзӯи "мулоҳизаҳо перомуни созишномаи Хусдеҳ" сурат гирифт. Аммо қисмати дигари сӯҳбати М.Ҳайит оид ба шахсияти Ризвон буд, ки ҳозирин ба ин нуқта таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карданд. Ӯ вобаста ба ин мавзӯъ гуфтааст, ки аслан овардани Ризвон ба хоки Тоҷикистон иштибоҳ буд. Ба саволи роҳбари ин маҳфил профессор Иброҳим Усмонов, ки Ризвон чӣ гуна шахсият буд ва чаро ҳама аз ӯ истифода бурдан мехостанд, ӯ чунин посух додааст: "Ризвон аслан маккор, қотил, ғоратгар ва тарсу буд. Масалан, замоне ки дар хоки Афғонистон қарор дошт, дар дохили хонааш боз хона (бункер) дошт, ки ин далели тарсу будани ӯст. Ӯ шахсони аз худ оқилтарро дидан намехост. Боз 1 мисоли дигар. Замоне, ки Нафасбеки Раҳмонӣ аз Эрон бо 1 халта китобаш баргашт, Ризвон дар сари дастурхон тариқи туфанг ӯро парронд ва сонӣ гуфтааст, ки ман академики низомиёнро куштам".

Пас аз қатли бераҳмонаи Нафасбек оппозитсияи исломӣ низ аз ӯ рӯ тофт!

Ш.Амин

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter