ХАБАРИ ДОҒ

Пули Айнӣ сари киро мехӯрад?

  • Панҷшанбе, Дек 15 2016

Салом, СССР! Дар деҳаи Рарзи н.Айнӣ купрӯки валангореро дида дилатон ба ларза меояд. Аз болои пули ларзон ҳар раҳгузар «Худо» гуфта мегузарад. Аз болои он мошинҳои майдаю калон, аз ҷумла, Камазҳо бо вазни 20-30 тонна бор мегузаранд ва маҳз онҳо пулро ба ин ҳолат расонидаанд. Аз моҳи июл, яъне тобистон то ҳол-фасли зимистон ягон кас ба аҳволи купрӯк аҳамият намедиҳад. Ё ин ки байни деҳаи Фатмев ва Гузари Боди н.Айнӣ чандин сол боз роҳ хароб асту оби дарёи Зарафшон роҳро шуста валангор карда истодааст. Роҳсозҳои ноҳия ба сатҳу сифати роҳ ягон зарра таваҷҷӯҳ надоранд. Ман намедонам, ки раиси ноҳияи Айнӣ ва ҳам Вазорати нақлиёт ба ин мушкил чӣ мегуфта бошанд? Ба пиндорам, аз ин пули ларзон то ягон касе афтида намурад, касе ободаш нахоҳад кард! Зеро табиати мо чунин аст!

Мирзо Ҳасанзода,

деҳаи Даҳманора, н.Қӯҳистони Мастчоҳ, тел: 92 940 76 76

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter