ХАБАРИ ДОҒ

Чиптаҳои гарони ҳавопаймои Тоҷик

  • Душанбе, Дек 19 2016

Тоҷикистон аз лиҳози гаронии нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар ҷаҳон мақоми 3-юмро ишғол мекунад. 40% нархи билет арзиши керосин аст...

Дар яке аз шумораҳои гузашта, мо дар бораи гаронии нархи чиптаи ҳавопаймо ба самтҳои Маскаву Санкт-Петербург, Екатеринбургу Қазон, Новосибирску Дубай ва Хуҷанду Хоруғ матлабе нашр карда будем. Пас аз матлаби СССР ва эроду шикоятҳои мусофирон, вазорати нақлиёти кишвар тасмим гирифт 1 комиссияи вежае таъсис дода, сабаби гаронии нархи чиптаҳои ҳавопайморо омӯзад. То он замоне, ки комиссияи мазкур кори хешро идома дод, мо азм намудем дар ин самт тадқиқоти худро анҷом бидиҳем. Чаро нархи чиптаҳои ҳавопаймо, хоса, ҳавопаймоҳои Тоҷик гарон аст? Сирри ин қиматӣ дар чӣ, ё кист? Кӣ намехоҳад, ки нархи чиптаҳо арзон бошад ва ин бозорро монополия карда гирифтааст?

 

 То 40% нархи чипта керосин аст!

Тоҷикистон аз лиҳози гаронии нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар ҷаҳон мақоми 3-юмро ишғол мекунад. Тавре коршиносон мегӯянд, сабаби асосии гаронии нархи чипта ин гаронии нархи сӯзишворӣ-керосин аст, ки 40% нархи чиптаро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, тарифҳои хизматрасонии рӯизаминии фурудгоҳҳо-истгоҳи ҳавопаймо, бақайдгирии мусофиру бағоч, равшаннамоӣ, таъминоти нақлиёт, нигоҳдории ҳолати техники ҳавопаймо, суғуртаи ҳавопаймову мусофирон, амортизатсия он, хизматҳои аэронавигатсионӣ ва аэродромӣ низ ба нархи чипта ворид карда мешаванд. Инчунин, роҳнамоии ҳавопаймо дар ҳаво, хоса, ҳангоми гузаштани марзҳои ҳавоӣ низ тарифҳои худро дошта, нархи чопи чипта ва хӯрок дар ҳавопаймо ҳам ба нархи чипта шомил мешавад. Пас аз он ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо назардошти тамоми хизматрасониҳо нархи худро ба мувофиқа бо сохторҳои лозима муайян ва тасдиқ менамоянд, агентҳои фурӯш ва ширкатҳои сайёҳӣ ба болои он фоизҳои хешро илова карда, ба нархи ширкат боз 5-10 доллари дигар ҳаққи худро зам намуда, ба мизоҷ мефурӯшанд.

Имрӯз барои парвози 1 ҳавопаймои тамғаи Боинг аз рӯи хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе 23 тонна керосин лозим аст. Аз Душанбе то Маскав ҳавопаймо 11500 тонна керосин масраф мекунад, аммо ширкат барои ҳолатҳои фавқулодда  ва бо назардошти парвоз то фурудгоҳи наздиктарин боз 3,5 тонна керосинро барои 1 самт захира менамояд. Дар парвози баргашт низ ҳавопаймо бояд барои парвози 1-соатаи иловагӣ сӯзишворӣ дошта бошад. 

23х1120=25.760 доллари ИМА! Ин ҳам танҳо 1 парвоз! Ин нарх барои 2 ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» дар чунин шароити бӯҳрони молиявӣ хеле гарон аст. Алалхусус, вақте ин ширкатҳо аз имтиёзҳо кам бархӯрдоранд. Танҳо ҶСК «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» барои ин 2 ширкати ватанӣ барои пардохти хизматҳои рӯизаминӣ 40% имтиёз додаасту халос.

«Тоҷик Эйр»: танҳо ҳукумат дастгирӣ мекунад!

Ширкати ягонаи миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон-«Тоҷик Эйр» низ дар баробари даҳҳо ширкатҳои ҳавопаймоии дигар новобаста аз мушкилот боз ҳам фаъолият дораду пеш меравад ва парвозҳо анҷом медиҳад. Чуноне ки ба мухбири мо Азиз Хайруллоев-котиби матбуотии ҶСК «Тоҷик Эйр» гуфт, ба ҷуз ҳукумати кишвар дигар касе имрӯз дар фикри кӯмак кардан ба ин ширкати миллии Тоҷикӣ нест. «Тоҷик Эйр» умед дорад, дар ояндаи наздик КВД «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» бо назардошти бӯҳрони молиявӣ ба ин ширкат имтиёзе, ки ҳоло нест, билохира ҷудо хоҳад кард.

-Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мо-ширкатҳои ҳавопаймоӣ иҷозат додааст, ки худ маводи сӯзишворӣ биёрем, аммо мушкил дар омода намудани шароити нигоҳдошти он аст, ки феълан надорем. Овардани маводи сӯзишворӣ логистикаи махсусро талаб мекунад ва барои ин бошад маблағ, вақт, системаи ягонаи корӣ лозим аст. Аз ин рӯ, дар шароити феълӣ назар ба овардан, харидани он беҳтар аст. Ширкатҳое, ки бо импорти маводи сӯзишворӣ сарукор доранд, бозорро аллакай аз худ карда таҷрибаву собиқаи хубро ҳам ёфтаанд. Онҳо шароити нигоҳ доштани маводи сӯзишвориро аз рӯи талабот фароҳам оварда, масъулияти моливу транзитии онро низ бар дӯш гирифтаанд, ки ин хеле хуб аст. Гоҳе ҳавопаймоҳои мо дар фурӯдгоҳҳои давлатҳои дигар маводи сӯхтро пур ва захира мекунанд, ки нархаш арзонтар аст, лек ин амал боиси нороҳатии мусофирони мо мешавад-таъкид медорад А.Хайруллоев.

Бино ба иттилои ӯ, нархи сӯзишворӣ дар нархи чипта нақши калидиро мебозад. Агар хатсайри ҳавоии Душанбе-Санкт-Петербург-Душанберо бигирем, нархи сӯзишворӣ 33% пули чиптаро ташкил медиҳаду дар самти Душанбе-Маскав-Душанбе бошад 38%-ро. Нархи чипта бо мавсими парвозҳо ва самти парвоз хеле сахт алоқаманд аст. Имрӯз нархи чиптаи ин ширкат аз рӯи хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе 1162 сомониро ташкил дода, чиптаи самти Душанбе-Санкт-Петербург-Душанбе 1245 сомонист. 33% ва 38%-и ин пул, ки ба коми керосин меравад, онро худ ҳисоб кунед!

1 тонна керосин $1120...

КВД «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ», ки имрӯз ягона ширкати таъминоти маводи сӯхт барои ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон аст, дар навбати худ иброз медорад, дар гаронии нархи чипта нархи сӯзишвориро айбдор кардан на чандон дуруст аст.

-Мо дар 2-3 соли охир нархи сӯзишвориро якчанд маротиба поин фаровардем, то ин ки барои ширкатҳои ҳавопаймоии миллии мо он дастрас бошад. Агар дар оғози соли 2015 нархи 1 тонна сӯзишворӣ 1690 доллари ИМА буд, ҳоло аллакай 1120 доллар барои 1 тонна шудааст. Магар ин арзон нест, магар ин сабукӣ нест!? Мо маҳсулотро аз Федератсияи Русия меорем ва ҳангоми воридот аз марзи чанд давлат мегузарем. Дар навбати худ дар вақти убури сарҳадот барасмиятдарорӣ ва боҷҳои гумрукӣ ҳаст, ки хеле гаронанд, лек онро бояд пардохт кард ва ин маблағ рӯи нархи сӯзишворӣ зам мешавад, ба ҷуз ин пардохти андозҳо ҳаст, ки он ҳам муҳим,- қайд намуданд ба мо дар корхонаи мазкур.

Дуруст, вале масъулин ин нуктаро фаромӯш кардаанд, ки фарзи мисол, дар Қирғизистони ҳамсоя низ керосин истеҳсол намекунанду онро аз дигар кишварҳо меоранду боҷ ҳам месупоранд, вале нархи сӯзишвории стротегӣ-керосин дар фурӯдгоҳҳои ин давлат ба карат арзон аст!

 Илҳомҷон Соҳибов! Ба шумо суол дорем!

Мо Илҳомҷон Соҳибов-директори генералии КВД «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ»-ро тайи 1 ҳафтаи ҷустуҷӯ ва зангҳои пайдарпайи телефонӣ натавонистем пайдо кунем. Чун чанд суоле дорем, ки барои ҷавобаш танҳо ва танҳо эшон муваззафанд, на дигар касе аз кормандони ин ширкат, он суолотро ба нашр расонида, умедворем, пас аз чопи матлаб Соҳибов, дар асоси Фармони Президенти ҶТ таҳти №622 ба онҳо посух хоҳад гуфт:

- Чаро КВД «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» ба ширкатҳои миллии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон эйр» ҳангоми харидани сӯзишворӣ имтиёз намедиҳад?

-Чаро КВД «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» барои сабукӣ бахшидан ҳангоми воридоти сӯзишворӣ бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ даст ба гиребон намешавад? Аз рӯи меъёрҳои байналхалқӣ ба он ҳаққ ва ҳуқуқ дорад!

-КВД «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» имрӯз чӣ мушкил дорад ва чаро нархи керосин дар он баландтарин дар кишварҳои СНГ аст?

-Чаро дар Тоҷикистон 1 корхона таъмини сӯзишвории керосинро монополия кардааст?

Мо посухи суолотро агар нагирем, пас пажӯҳиши ин мавзӯро идома хоҳем дод. Мо метавонем!

М. Аминзода, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter